logo

фарҳанг

ХАТЛОН – МАКОНИ ФАРҲАНГУ ҲУНАР ВА САЁҲАТ

Бардошт аз сафари даҳрӯза

Хатлонзамин бо ёдгориҳои бостонӣ, ки таърихи куҳану асрори ниёконро дар худ нуҳуфтааст, табиати зебову афсункору водиҳои паҳновар, гиёҳҳои шифобахшу чашмасорони мусаффо, меваҳои шаҳдбор ва  ҳавои форамаш дили сайёҳонро тасхир намудааст.

Тӯли даҳ рӯз дар доираи Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015 – 2017 рӯзноманигорон имконият пайдо карданд, ки аз ин минтақаи кишвари азизамон – Тоҷикистон дидан намоянд. Тибқи нақша - чорабинии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи баргузории Иди наврӯз корвони рӯзноманигорон ба мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Муъминобод, Ховалинг, Восеъ, Кӯлоб, Носири Хусрав, Шамсиддин Шоҳин, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритуз  сафар намуд.
Яке аз мавзеъҳои машҳури таърихӣ, ки рӯзноманигорон онро тамошо карданд, Ҳулбук – қасри шоҳони Хатлон буд. Абдулло Хоҷаев, директори Муассисаи давлатии  мамнуъгоҳи таърихӣ – фарҳангии «Ҳулбук» - и ноҳияи Восеъ иброз дошт, ки  дар замонҳои қадим Ҳулбук маркази Осиёи Марказӣ буд. Ин ҷо бо роҳҳои тиҷоратӣ аз Чину Ҳинд, Русияву  Осиё, Мисру Рум мардум ба ҳам меомаданд. Ҳулбук макони ҳунармандони варзида ба шумор мерафт. Бозёфтҳои нодири шишагӣ, хусусан шишаи ҳамвор, шоҳиди бевоситаи санъати ҳунармандони хатлонӣ маҳсуб меёбад. Рӯзноманигорон, ҳамчунин, аз  калонтарин кони намаки дунё  - Хоҷамуъмин аз наздик шинос шуданд. Тибқи иттилои Абдулло Хоҷаев, кони намаки Хоҷамуъмин аз 163 чашма иборат буда, 23 - тои он доимӣ ва боқимонда мавсимианд. Танҳо сатҳи болоии кӯҳ аз 31 то 41 миллиард тонна намак иборат аст. Кон ҳамчунин ҷанбаи таърихӣ дорад. Сарлашкари араб Асад ибни Абдуллоро ду маротиба дар болои ҳамин кӯҳ шикаст додаанд.
Ховалинг, дар таҳҷойи шаҳри қадимаи Мунк доман паҳн намудааст. Забоншиносон вожаи «мунк» - ро мулки офтобӣ, яъне хушманзар, дорои чашмасорони мусаффо ва макони  гулу гиёҳҳои шифобахш маънидод кардаанд. Мавзеи Чилчанор, ҳамчун оромгоҳҳои шахсиятҳои маъруф ва муқаддасоти зиёд боиси рӯй овардани зоирини зиёд ба ин макон гаштааст. Оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ, яке аз ҳамзамонони содиқ ва дӯсти ғоиби Муҳаммад (с), симои бузурги олами Ислом, 18 км дур аз маркази ноҳияи Ховалинг воқеъ гардидааст. Дар назди он чашмаҳои «Мағфират», «Ҳикмат», «Раҳмат», «Шифо», «Мурод» ҷойгиранд. Соли 2004 ҳафриётҳои бостоншиносии Академияи илмҳои кишвар муайян намудааст, ки ҳанӯз дар асрҳои қадим (VII-IX)  мазор бо девори гилин иҳота гардида, дар гирду атрофи он биноҳои истиқоматӣ ва хоҷагидорӣ ҷойгир будаанд. Боиси қайд аст, ки оромгоҳ шаш маротиба таъмир ва барқарор шудааст. Бори охир тармиму таҷдиди он соли 2006 тибқи дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  сурат гирифт. Барои зиёрати ин оромгоҳ ҳамасола аз минтақаҳои гуногуни кишвар ва мамолики хориҷ сайёҳони зиёд меоянд.
Ёдгории Тахти Сангин дар қисмати ҷанубии ноҳияи Қубодиён дар соҳили рости  дарёи Ому, дар ҷое, ки дарёҳои Вахшу Панҷ ба ҳам  омезиш меёбанд, ҷойгир аст. Он беҳтарин ёдгории гузаштагонамон ба ҳисоб меравад, ки бояд омӯхта ва ҳифз шавад. Боқимондаҳои деворҳои Тахти Сангин, ки аз тахтасангҳои бузург ва пойдевораҳо иборатанд, гувоҳи авҷи тараққӣ ва фарҳангу ҳунари тоисломии мардуми форснажод мебошад. Ба гуфтаи Қувват Додов, собиқадори соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ, сокини ноҳияи Қубодиён,  қаср бо сангҳои кӯҳҳои гирду атрофи он сохта шудааст. Макони ҷойгиршавии он низ тасодуфӣ нест, зеро дар замонҳои қадим аз дарёи Ому киштиҳои тоҷирон мегузаштаанд.  Таърихшиносон бар он назаранд, ки дар Тахти Сангин зуд - зуд ҷангҳои харобиовар сар мезаданд, зеро ин мавзеъ аз роҳҳои  муҳими  обӣ ва хушкигарди  шоҳроҳи Абрешим  ба шумор мерафт. 
Ба ҳамин минвол тайи ин сафар рӯзноманигорон аз Неругоҳи барқи обии «Норак», ёдгории табиии Чилчанор, мақбараи Мир Сайид Алии  Ҳамадонӣ, осорхонаҳои таърихиву кишваршиносӣ,  «Бешаи Палангон»,  «Чилдухтарон», «Чилучорчашма» ва дигар мавзеъҳо боздид ба амал оварданд. Тавре ки мушоҳида кардем, Хатлон макони фарҳангу ҳунар аст. Миёни мардуми Данғара, Балҷувон ва Кӯлоб ҳунарҳои миллии чакандӯзӣ, кашидадӯзӣ, чӯбтарошиву заргарӣ ва ғайра рӯ ба инкишоф аст, ки ин метавонад диққати сайёҳони зиёдро ба худ ҷалб созад.
Иқдоми мазкур, яъне ташкили корвони рӯзноманигорони ҷумҳурӣ ба вилояти Хатлон, барои рушди соҳаи сайёҳии вилоят мусоидат намуда, дар муаррифӣ намудани имконоту иқтидори воқеии ин сарзамини куҳанбунёд, ки фарҳанги волову таърихи қадимаро дорост, нақши бориз хоҳад гузошт.
Ш. ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.04.216    №: 63    Мутолиа карданд: 583

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед