logo

фарҳанг

СУННАТИ МОНДАГОРУ ВАҲДАТГАРО

Наврӯз ҳамоҳангиҳои табиие дар миёни мардум ба вуҷуд оварда, ки  аз оғози пайдоиш то имрӯз одамон моҳияти онро дарк кардаанд  ва суннатҳои некашро пайравӣ намудаанд, ки  якеи он ваҳдати иқдом, амал ва андеша будааст.

Шояд муосирони мо бо ин ҳама созмонҳову дастгоҳҳое, ки дар сатҳи милливу ҷаҳонӣ барои наздиктар кардани дилҳо ва андешаҳои ақвому милал бо якдигар чораандешӣ доранд, беҳтар аз ҳар вақти дигаре зарурати  ҳифзи  ин расми куҳан  ва ҷаҳонӣ шудани онро эҳсос карда бошанд ва худро масъул  бубинанд, ки суннатҳои хуби наврӯзиро азиз шуморанд ва аз баракоти якрангиҳову созандагиҳои он фоида гиранд.
Воқеан ҳам, Наврӯз ҷашне табиист, ки  ҳеҷ гуна назари хосеро ба гурӯҳе ё миллату ҷомеае бор намекунад ва ҳеҷ ҳадафи мазҳабӣ, сиёсӣ ё иқтисодиву низомиеро дунбол намекунад. На кайфияте барои табақаи хос меофаринад ва на ба нажодеву расмеву ойине таҳдид меоварад. Барои Наврӯз сарватманду дорову нодор яке, пеш аз ҳама Инсон ҳастанд. Рӯҳи табақотӣ ва  тамоюли тафриқаангезӣ надорад. Ба ҷойгоҳи иҷтимоӣ, ҷоҳу ҷалол ва рангу пӯсти инсонҳо коре надорад. Ҳамаро як хел пазироӣ мекунад  ва башоратҳояш низ ҳақиқиву воқеӣ буда, мутааллиқ ба ҳамаи ақвому миллатҳост. Навидаш ҳамагонӣ ва ҳамасоз аст. Аз имрӯзу фардо сухан мегӯяд ва дар ҳамин равиш гузаштаҳоро ба ояндаҳо пайванд месозад. Ҳамчунон ки башарият асилтарин тасвири худро дар ойинҳои он бубинад ва бо расму ҳувияти ягонаи инсонӣ  ошно шавад.
Санадҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар асрҳои  пеш аз таърих низ ин ҷашн ҷойгоҳи баланде дошта ва дар байни қавмҳои  ориёӣ ва ғайри  ориёӣ мавқеияти рафеъ ва ягона доштааст. Ин амр  дар таъкид ва таъйиди  эътибори  ҷаҳонии  Наврӯз аст, ки бо саъю талоши  Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон   мартабаи ҷаҳонӣ гирифт.
Далели аслии умри тӯлонӣ ва мондагории Наврӯз, пеш аз ҳама, табиӣ будани он аст. Табиӣ будан омили аслии гароиши инсонҳо, сарфи назар аз мақому манзалати иҷтимоӣ, сиёсӣ ва табақотиашон, ба ин ҷашни дерсолу ҳамешаҷавон аст. Маҳз ҳамин далели табиӣ будан боис шуда, ки ҳеҷ гурӯҳи муайяне натавонистааст худро созанда ва пардозандаи Наврӯз эълом дорад. Ба ҳамин далел аст, ки дар дарозои таърих қавму миллатҳои зиёде ба он гароида, чун мероси фарҳангии худ азизаш доштаанд. Таваҷҷуҳи амиқи мардумони нимкураи шимолии замин, аз Чину Ҷопон сар карда, то баъзе кишварҳои Ғарб ба Наврӯз низ дар табиӣ будан ва тамоюли хоси милливу мазҳабӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ надоштани он аст. Аз ин ҷиҳат, Наврӯз намудори як фарҳанги олии созанда ва мусоидатгар ба ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати инсонҳост, новобаста  аз  қавму миллат аз мазҳабу тамоюлҳои иҷтимоиву сиёсиашон.
Солҳое, ки Наврӯзро манъ карданд, мардуми мо натавонистанд, балки далерӣ карданду нахостанд суннатҳои дигари наврӯзӣ - пок кардани муҳит, хонаву дар, пӯшидани рахти нав, рӯйи хон гузоштани гулу шириниву шарбат ва ғайраро фаромӯш кунанд. Ин русум, ки мероси рӯзгорони қадим аст, низ паём ва ормони пайвандгариву созандагӣ дорад ва инсонро ба доду диҳиш, сулҳу сафо, хушиву тандурустӣ, бахшояндагиву некухисолӣ  фаро мехонад.
Метавон хулоса кард, ки он чи ки суфраи ҳафтсину ҳафтшинро  фаро мегирад, рамзи расидан ба зиндагии шоиста, фаровон, бедарду ранҷ ва осудагиву бе нигаронӣ аст, ки ормони ҳамешагии инсонҳо аст.
Аз қаъри асрҳо то ба имрӯз зинда доштани расму оини созандаи Наврӯз  ва бо вуҷуди монеаҳои иҷборӣ  ҳифзи он барои имрӯзиёну фардоиён, гувоҳи талошу кӯшиши миллати мо дар ҳифзи  бунмояҳои фарҳанг асил аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.04.216    №: 63    Мутолиа карданд: 514

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед