logo

иқтисод

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ЧӢ БОЯД КАРД?

Алъон тағйирёбии глобалии гармшавӣ дар сайёра як дараҷаро ташкил медиҳад. Он дар доираи Созишномаи Париж оид ба пешгирии таъсири тағйрёбии иқлим то соли 2030 бояд муътадил нигоҳ дошта шавад. Коршиносон сабаби гармшавиро ба атмосфера зиёд партофт шудани газҳои гулхонавӣ  медонанд.
Кишварҳои тараққикардаи Чин, Амрико ва Аврупо аз ҳама зиёд партофт доранд. Аммо аз ин бештар кишварҳои дигар осеб мебинанд ва ин боиси баҳсу мунозираҳо миёни давлатҳо ҳам шудааст. Баъзе давлатҳои ҷазиравӣ аз сабаби баланд шудани сатҳи уқёнус ва таъсири он даъвои пардохти ҷуброн аз давлатҳои тараққикарда доранд.
Анвар Ҳомидов, коршиноси соҳаи ҳифзи муҳити зист, мегӯяд, ки ҳарчанд ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партофти газҳо дар миқёси ҷаҳон ночиз бошад ҳам, тағйирёбии иқлим таъсири манфии худро гузошта истодааст. Масалан, аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд, наздик ба 1000 пирях ба нобудӣ расидааст. – Аз ин рӯ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар давлатҳои кӯҳсор ҳатто нисбат ба пешгирии партофти газҳо ба атмосфера беҳтарин восита мебошад, - иброз дошт Анвар Ҳомидов. - Ин аст, ки кишвари мо Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлимро эътироф кард, ба он ҳамроҳ шудааст. Ҳар қадаре аз ҷониби кишвар ба табиат кам осеб расад ва он аз  таъсири партофти давлатҳои пешрафта зарар бинад, ҳамон қадар имкони муроҷиат намудан ба Фонди навтаъсиси “Иқлими сабз” ҷиҳати дастрасии маблағ барои коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқашавиро дорад. Механизми татбиқи фонд дар ҳоли коркард қарор дорад. Дар доираи Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим аз ҳисоби сармоягузории давлатҳои тараққикарда то соли 2020 бояд ҳамасола маблағи 100 миллиард доллари ИМА ба фонд ворид гардад.
Феълан дар кишвар «Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим», ки аз ҷониби Фонди сармоягузории иқлим тариқи созмонҳои молиявии байналмилалӣ маблағгузорӣ мешавад, барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим заминаҳои устувор гузошта истодааст. Маблағҳои мазкур асосан ба самти баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, беҳдошти экологии замин, чарогоҳҳо, пешгирии хавфи офатҳои табиӣ, устувории системаи энергетикӣ, баланд бардоштани иқтидори зеҳнӣ бо истифода аз технологияҳои нави кампартофт роҳандозӣ шуда истодаанд. Масалан, дар самти энергетика  беҳтар намудани ҳолати табиӣ ва сатҳи зиндагии мардум бо истифода аз коллекторҳои гармӣ, неруи офтобӣ ва шамол ба коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он мусоидат мекунад. Айни ҳол аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи экологии идоракунии устувори заминҳо ва беҳсозии сатҳи зиндагии мардуми деҳот маблағҳои иловагӣ дар ҳаҷми 2,83 миллион доллари ИМА ҷудо гардид, ки бештар ба омӯзондани деҳқонон бо таҷрибаи устувори идоракунии замин ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дар ин замина коҳиш додани хавфи таъсири тағйирёбии иқлим равона шудааст.
Таҳияи барномаҳои мушаххас дар самти нақлиёт ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани истифодаи сӯзишворӣ ва газ барои ҳаракати нақлиёт тариқи нақбҳои замонавӣ партофтҳои газҳои гулхонавиро камтар мегардонад. Ҳаракати нақлиёти роҳи оҳан тавассути неруи барқ ҳам дар шароити Тоҷикистон бисёр фоидаовар ва камхарҷ  мебошад ва истифодаи самаранокии роҳҳои автомобилиро беҳтар месозад.
Дар хусуси самарнок истифода бурдани захираҳои обӣ қайд кардан зарур аст, ки дарёҳои Тоҷикистон аз кӯҳсор сарчашма мегиранд ва дар фасли баҳору тобистон ҳангоми обхезӣ обовардҳо зиёд мегарданд. Чунин ҳолат боиси мушкилии  бо об таъмин кардани мардум гаштааст. Дар ҳоли мавҷудияти дарёҳои пуртуғён бунёд намудани обанборҳои хурду миёна ва селпартоҳо дар минтақаҳои ба шароити техникӣ мувофиқ ва бехатар имконияти хуби обтаъминкуниро фароҳам меоварад, пешгирии офатҳои табиии марбут ба об ва бехатарии мардумро таъмин менамояд, ки ин ҳам яке аз роҳҳои хуби мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим маҳсуб меёбад.
О. ГУЛБЕРДИЕВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.04.216    №: 63    Мутолиа карданд: 649

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед