logo

иқтисод

ЧАРО ДАР ДЕҲОТ БИНОҲОИ БАЛАНДОШЁНА НАСОЗЕМ?

Ҳар сол бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси кишвар ҳазорҳо гектар замин барои манзили истиқоматӣ ҷудо мегардад. Албатта, дар сурати  афзоиш ёфтани аҳолӣ, ин амал зарурист ва иқдоми Ҳукумати кишвар ва ғамхории беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшиш дар ҳалли проблемаи манзил ва дастгирии аҳолӣ мебошад. Ҳарчанд ҷудо намудани  қитъаҳо барои манзили истиқоматӣ аз заминҳои обӣ манъ аст, аммо дар баъзе шаҳру ноҳияҳо бо баҳонаҳои асосноку беасос қитъаҳои ҳосилдеҳро ба эҳтиёҷмандон тақсим  мекунанд. Агар вазъи имрӯзаро бо даҳсолаҳои оянда муқоиса намоем, боз ҳам мураккаб гардидани масъалаи тақсими замин барои манзил равшантар мегардад.
Хуб аст, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ, Ваҳдату  Турсунзода Ҳисор ва ноҳияи Данғара шумори биноҳои баландошёна меафзояд. Бахусус,  дар Данғара 10 бинои 9-ошёна бунёд ёфта истодааст, ки баъди ба истифода супурдан дар онҳо 360 оила маскун мегардад. Ин иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия на танҳо қобили қабул, балки дастгириву пайравӣ низ ҳаст.
Аз ин рӯ, суоле пеш меояд, ки чаро дар ҳама ҷо биноҳои баландошёна намесозем? Ба ин чӣ халал мерасонад? Дар ҷумҳурӣ деҳаҳои аҳолиаш 8 - 15 ҳазорнафара зиёданд. Ба ҷойи соле ба 50 - 60 оила қитъаи наздиҳавлигӣ додан, магар як-ду бинои  5 - 6 - ошёна сохтан ба мақсад мувофиқу роҳи ҳалли масъала нест?
Фикри хешро бо он тақвият бахшиданием, ки алҳол на ҳамаи мавзеъҳои барои ҷойи хона ҷудошуда барои аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданию корезӣ ва барқ таъминанд, аз  муассисаҳои таълимию тандурустӣ, фарҳангию варзишӣ ва маишӣ бархӯрдоранд. Ҳатто барои аҳолии маҳаллаҳои навбунёд роҳ сохта нашуда, чорво чарогоҳ надорад. 
Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ба Саидзода Нуралӣ Ғиёс, муовини аввали раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, муроҷиат намудем.
- Алҳол ҷиҳати дар деҳот бунёд намудани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ аз лиҳози иқтисодӣ имкониятҳо чандон мувофиқ нестанд, - мегӯяд Саидзода Нуралӣ Ғиёс. - Зеро барои бунёди як ё ду иншоот маблағи зиёд сарф мешавад. Аммо ман сад дар сад ҷонибдори масъалагузории рӯзнома мебошам. Бояд деҳоти мо ҳам мисли шаҳракҳои кишварҳои пешрафта бо тамоми шароити маишию фарҳангӣ таъмин бошанд. Замин ба аҳолӣ танҳо барои зироаткорӣ дода шавад. Агар имкон даст диҳаду мо гирду атрофи шаҳрҳои калон ва маҳалҳои аҳолинишинро навсозӣ намоем, дар ҳар деҳа ва атрофи шаҳрҳо даҳҳо гектар замини пурсахо холӣ мешавад, ки дар онҳо боғу гулгаштҳо, варзишгоҳҳо, муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангию маишӣ бунёд кардан мумкин аст.
Алҳол дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати кишвар оид ба ин масъала тадбирҳо андешида, нақшаҳои ҷолиб тарҳрезӣ карданианд. Бояд зикр кард, ки тақозои замон масъулони бахши меъморӣ ва сохтмони шаҳру ноҳияҳоро муваззаф месозад, ки онҳо низ оид ба ин проблема чораҷӯйи намоянд, зеро бунёди биноҳои баландошёна дар шаҳраку деҳот як намуди кушоиши кор ва ҳалли масъала мебошад, - гуфт дар хотимаи суҳбат Саидзода Нуралӣ Ғиёс.
Аз идора.  Проблемаи манзил  дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои доғ аст. Аз ин рӯ, мебояд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳангоми тақсими замини наздиҳавлигӣ, сари ин масъала низ андеша намоянд.  
Мирзои ФИРӮЗ,
 “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.04.216    №: 63    Мутолиа карданд: 477

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед