logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Айналишо Айналишоев - муовини  сардори  Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ва Фарҳод ТОИРОВ, роҳбари бахши муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассосиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238-54-16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Шартномаи ҳадя чист ва он дар кадом шакл баста мешавад?
 В.  Қаландарбеков, 
сокини ноҳияи Шуғнон

- Шартномаи  ҳадя санадест, ки як тараф (ҳадякунанда) ба тарафи дигар (ҳадягиранда) ашёро ба моликият ё ҳуқуқи молу мулк ройгон медиҳад ё онро аз уҳдадории молу мулкӣ нисбат ба худ озод менамояд. Шартномаи ҳадя дар шакли хаттӣ баста мешавад ва барои амволи манқул дар шакли одии хаттӣ  ва барои  амволи ғайриманқул бояд ба таври нотариалӣ тасдиқ ва ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
Барои ҳадяи амволи манқул шакли хаттӣ дар ҳолатҳои зайл баста мешавад: агар ҳадякунанда шахси ҳуқуқӣ буда, арзиши ашёи дар шартнома зикршуда аз андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад; агар ҳадякунанда шахси воқеӣ буда, арзиши ашё аз андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад. Предмети шартномаи ҳадя молу мулке, ки гардиши онҳо аз тарафи қонунгузор манъ нашудааст, инчунин пул,  коғазҳои қиматбаҳо низ шуда метавонад. Ҳадя намудани амволе, ки таҳти моликияти муштараки умумӣ  қарор дорад, танҳо бо розигии ҳамаи иштирокчиёни моликияти муштарак иҷозат дода мешавад.


- Ман маъюби гурӯҳи дуюм ҳастам. Шаш фарзанд ва ҳамсарам вафот карданд. Ҳоло ҳамроҳи духтари хурдиам, ки ӯ низ маъюб аст, зиндагӣ дорам. Рӯзгори душвору пурмашаққат ба сар мебарем. Оё дар чунин ҳолат давлат барои мо ягон имтиёз муқаррар кардааст?
Тошмурод Бобоев,
сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳини
- Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият менамояд. Яке аз вазифаҳои ин бахш баҳисобгирии оилаҳои камбизоат ва ташкили дастгирии иҷтимоии онҳо мебошад. Инчунин, расондани кумакҳои хайриявию иҷтимоиро ба шаҳрвандони ниёзманд ташкил намуда, оид ба беҳтар намудани шароити манзилию маишӣ ва ҳифзи саломатии маъюбон чораҳои зарурӣ андешида, имтиёзҳо ва кафолатҳои давлатии иҷтимоии маъюбон, кӯдакони ятим, оилаҳои бесаробонмонда, камбизоат ва дигар табақаҳои осебпазири аҳолии эҳтиёҷмандро татбиқ менамояд. Аз ин рӯ, шумо метавонед барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат намоед.

 Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.04.216    №: 63    Мутолиа карданд: 469

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед