logo

ҳуқуқ

ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ бори дигар таъкид карданд, ки муҳайё намудани шароити ҳар чи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда, ки зарурати рӯз ҳастанд,  ҷиҳати амалӣ намудани ин мақсади олии Сарвари муаззами кишвар мусоидат мекунанд.

Кормандони прокуратураи шаҳри Гулистон якҷо бо ниҳодҳои дахлдори шаҳр дар корхонаву муассиса, идораву ташкилот, муассисаҳои таълимӣ, ҷамоатҳои шаҳраки Зарнисор, Адрасмон, Консой, Сирдарё, Навгарзан ва Чоруқдарон вохӯриву мулоқоти судманд доир намуда, зарурати ба Конститутсия ворид намудани тағйиру иловаҳоро шарҳ дода  истодаанд.  Аз суҳбат бо мардум фаҳмида мешавад, ки онҳо аҳамият ва зарурати ин тағйиру иловаҳоро хуб дарк мекунанд. Мефаҳманд, ки бо ворид шудани тағйиру иловаҳо ҷомеа ва давлати Тоҷикистон боз ҳам таҳкиму такмил меёбанд, пеш мераванд ва сокинони мамлакат ба мақсадҳои олии худ ноил мегарданд.
Аз ном ва матни Конститутсия  хориҷ кардани калимаи “Сарқонун” ба мақсад мувофиқ аст. Зеро вожаи “Конститутсия” калимаи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ  буда, муайян кардан, муқаррар намудани асосҳои низоми сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа, принсипҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти онро ифода менамояд. Калимаи “Сарқонун” бошад, сохта аст ва тамоми паҳлуҳои вожаи “Конститутсия”-ро дар бар гирифта наметавонад. “Сарқонун” танҳо боло, баланд ва қувваи олӣ доштани онро ифода мекунад. Ва он дигар паҳлуҳои “Конститутсия, аз ҷумла “асос”, “муайянкунанда” ва “муқарраркунанда” буданашро фаро намегирад.
Иддае  мехоҳанд оид ба  манъи таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти динидошта маълумоти бештар дошта бошанд. Тавзеҳ медиҳем, ки дар иртибот ба ин масъала, моддаи ҳаштум қисми шашум дар таҳрири нав пешниҳод шудааст. Мувофиқи лоиҳа аз матни пештараи модда калимаҳои “аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистидошта” хориҷ мегарданд, зеро ин меъёр хусусияти конститутсионӣ надошта, дар ин ҷо зарурат ба таъкиди хусусияти ҳизб мавҷуд нест.
Ба моддаи шасту панҷум қисми панҷум илова гардидааст, ки тибқи он маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида, яъне  меъёре, ки мувофиқи он як шахс ба вазифаи президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад, нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат татбиқ намегардад. Ба моддаи ҳафтоду якум қисми нави панҷум илова мешавад, ки мувофиқи он таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.
Мақсади асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста ва инкишофи озодона ба ҳар як инсон арзёбӣ шуда, баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидааст. Дар тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда тамоми  меъёрҳои зиндагии ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд  ва  дунявӣ таҷассум ёфтаанд, ки ҷавобгӯи талаботи замон мебошанд.

Абдулло АБДУЛЛОЗОДА,
прокурори шаҳри Гулистон,
мушовири адлияи дараҷаи якум


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.04.216    №: 63    Мутолиа карданд: 590

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед