logo

иҷтимоиёт

ПАЁМ ДАР ТИБИ ТОҶИК САҲИФАИ НАВ КУШОД

Сокинони кишвар, аз ҷумла аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб, Паёми имсолаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии кишвар чун солҳои қаблӣ хуш истиқбол гирифтанд.

- Чун дигар шаҳрвандони кишвар кормандони раёсати тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода, онро дар корҳои минбаъда сармашқи кори худ менамоянд. Ба андешаи ман, чун як корманди соҳаи тандурустӣ, Паёми имсола ин Паёми таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро онро Президенти кишвар ба ҳайси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ироа намуд. 
Бояд қайд кард, ки яке аз соҳаҳои  масъул дар кишварамон ин соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, Ҳукумати кишвар ва Президенти мамлакат дар ин самт пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Далели ин гуфтаҳо сол то сол зиёд шудани маблағгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ маҳсуб меёбад. Дар ин хусус Президенти кишвар дар Паём қайд карданд, ки танҳо соли ҷорӣ ба соҳаи тандурустӣ 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, ки ин нисбат ба соли 2005 -ум 14 баробар зиёд мебошад. Президенти кишвар дар Паём дар бораи то ҳанӯз нарасидани мутахассисони соҳаи тиб дар як қатор шаҳру ноҳияҳо, махсусан дар вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ намуда, иброз доштанд, ки  ба 10 ҳазор аҳолӣ 11,3 нафар табиб рост меояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ паст ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки Донишгоҳи тиббӣ дар мамлакат ягона буда, заминаи моддию техникии он имкон намедиҳад, ки қабули донишҷӯёнро зиёд намуда, талаботи кишварро қонеъ гардонад. Бо дарназардошти чунин вазъ ба Ҳукумат, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм аз ҷониби Президенти мамлакат супориш дода шуд, ки барои таъсиси боз як муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ дар вилояти Хатлон чораҷӯӣ намоянд. Дар Паём дар бораи нарасидани қариб 6 000 табиб ва 8100 нафар корманди миёнаи тиббӣ, таҷҳизоту технологияҳои муосири тиббӣ, истифодаи дурусти онҳо, то 20 фоиз зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи тиб, доир ба ҳамгироии масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти солимгардонии маъюбон низ сухан рафт. Таъсис намудани Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон далели воқеии амалӣ гардидани ниятҳои неки Сарвари давлат мебошад.
Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи амал ва раҳнамои ҳар як шаҳрванд буда, мардуми кишварро ба дӯст доштани Ватан, корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли навраси ҳаматарафа ташаккулёфта, омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат далолат ва ҳидоят менамояд.
Мирзоалӣ Раҷабзода,
сардори раёсати тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоби
вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.04.216    №: 63    Мутолиа карданд: 568

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед