logo

фарҳанг

МАЪВОИ ГАНҶ

Чанде пеш китоби Шариф Комилзода бо унвони «Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ» (2016, 224 с.) интишор гардид. Дар ин китобнома номгӯйи  осори адабии қаламкашони тоҷик дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирдоварӣ шудааст.

Китобнома аз се қисм: «Назм», «Наср» ва «Инъикоси осори Эмомалӣ Раҳмон ва адабиёт доир ба ӯ дар китобномаҳо» ва шаш рукни таркибӣ иборат аст. Ҳамзамон, китобнома бо дастгоҳи илмии ёрирасон, ки дорои «Пешгуфтор», мақолаи муқаддимавии академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Абдуҷаббор Раҳмонзода «Бозтоби симои Пешвои миллат дар адабиёти тоҷик», кумакфеҳристҳои «Алифбоӣ» ва «Ашхос» мебошад, муҷаҳҳаз гардонда шудааст ва ҳар кадом моҳияти илмиву пажӯҳишӣ доранд.
Дар пешгуфтор мураттиб оид ба ҳадафу вазифаҳои китобнома, сохтори он, вижагиҳои гурӯҳбандии мавод дар феҳрист ва сарчашмаҳои истифодашудаи нашрияҳои библиографӣ мушаххасан маълумот додааст.  
Дар мақолаи муқаддимавӣ академик Абдуҷаббор Раҳмонзода симои Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллатро дар ваҳдатофариву сулҳу суботи кишвар ва гулгулшукуфии он тасвир намуда, саҳми ӯро дар ободу зебо гардондани кишвари соҳибистиқлоламон нишон додааст. Пешвои миллат бо ҷоннисориҳои хеш тавонист маҳбуби дилу дидаи миллати хеш гардад ва аз ҷониби халқ унвони ифтихории Президенти мардумиро касб намояд. Ҳамзамон ӯ бо сиёсати хирадмандонаи худ дар сатҳи байналмилалӣ соҳибэҳтиром шуд ва дар қатори дигар сиёсатмадорони ҷаҳон сазовори унвони «Пешвои асри XXI» гардид. Муаллифи мақолаи муқаддимавӣ осори адибони тоҷикро дар ситоиши Президенти кишвар таҳлил намуда, онро нишони арҷгузориву эҳтироми халқ нисбат ба Пешвои миллат медонад, ки барҳақ дуруст аст.
А. Раҳмонзода дар муқаддимаи мазкур доираи бузурги эҷодиёти меҳрофарини адибони тоҷикро таҳлил ва муҳтавои фишурдаи онро ба хонандаи хушзавқ манзур мегардонад.
Китобномаи мазкур аз нигоҳи банду баст, фарогирии мавод аввалин феҳристест доир ба инъикоси симои Пешвои миллат дар адабиёти бадеӣ, ки то ба имрӯз назири худро дар библиографияи тоҷик надорад. Он ҳамчун манбаи мукаммали библиографӣ ба олимону муҳаққиқон, омӯзгорону унвонҷӯён ва толибилмони макотиби миёнаву олӣ ҳамчун дастур ва раҳнамои илмӣ ҷиҳати шиносоӣ ба корномаҳои Пешвои миллат хидмат хоҳад намуд.

Қ. БӮРИЕВ,
М. МУРОДӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.04.216    №: 63    Мутолиа карданд: 674

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед