logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ЧӢ ТАВР РӮЗИ ХАНДА ПАЙДО ШУД?
Рӯзи ханда яке аз ҷашнҳои ба расмият нашинохтае мебошад, ки дар тамоми дунё то ҳол ба таври муваффақ таҷлил мегардад. Дар тӯли мавҷудияти Рӯзи ханда дар кишварҳои гуногун анъана ва шӯхиҳои ҷолибу ҷаззобе ба миён омадаанд.
Дар бораи чӣ гуна пайдо шудани ин ҷашн то ҳанӯз баҳсу мунозираҳои зиёд мавҷуд аст. Яке аз фарзияҳо ба он далолат мекунад, ки ин ҷашн дар Рими қадим ба вуҷуд омадааст ва дар нимаи дуюми моҳи феврал мардум рӯзи Аҳмақонро таҷлил менамудаанд. Апулей чунин меҳисобад, ки дар Рими қадим фиреби нахустапрелӣ марбут ба ҷашни бахшида ба Худои хандаҳо буд. Дигарон таъйид мекунанд, ки он дар Ҳиндустони қадим пайдо шудааст ва 31 март чун рӯзи шӯхӣ дар ин мамлакат таҷлил мешуд. Ҳамчунин назаре ҳаст, ки ирландиҳо дар замони қадим рӯзи 1 апрел ба муносибати Соли нав ҳазлу шӯхӣ мекардаанд.
Боз фарзияе мавҷуд аст, ки нахуст 1 апрел дар Ҳиндустон ва Рими қадим чун рӯзи баробаршавии баҳор ҷашн гирифта мешуд. Ба муносибати Соли нави баҳорӣ маҳфил, базму гаштугузорҳои шӯхиомезро баргузор менамуданд. Ҳамин тавр, одамон дар муқобили номусоидии ҳавои баҳорӣ бо ҳазлу шӯхӣ ва ханда худро шод мекарданд.
Тибқи як фарзияи дигар Рӯзи ханда ба рӯзи гузариш ба тақвими Григорионӣ рост меояд, ки аз тарафи поп Григорий 13 дар соли 1582 роҳандозӣ шудааст. Дар асрҳои миёна Соли нав дар охирҳои моҳи март таҷлил мегардид. Ҳафтаи солинавӣ 25 март шурӯъ шуда, рӯзи 1 апрел тамом мешуд. Дар миёнаи асри XVI шоҳ Карл 9 дар Фаронса тақвимро тағйир дод ва Соли навро ба таърихи 1 январ гузаронд, вале бо вуҷуди ин аксар мардум ҷашн гирифтани 1 апрелро идома медоданд. Дар ин рӯз одамон ба ҳамдигар туҳфаҳо тақдим менамуданд, ҳазлу шӯхӣ мекарданд. Инчунин, фиреб додани якдигар ва аксар анъана шуда буд. Аз ҳамон дам Рӯзи ханда пайдо шуд.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият» 

 

АМОНУЛЛО ҚОДИРОВ: «БАРОМАДИ БЕДАРОМАДРО ЧӢ КУНАМ?»
Мардумро самимона хандондану ба воситаи ҳаҷв тарбия намудан, аз корҳои мушкилтарини санъат аст. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Амонулло Қодиров низ аз он ҳунармандони соҳибдилест, ки зиндагиро ҳамеша ба ҳаҷву ханда мекашад ва намегузорад шебу фарози рӯзгор дасту дилашро хаста намояд. Ӯро мову шумо бо нақшҳои хотирмонаш дар силсилабарномаҳои «Шодӣ ва Ҳодӣ» хуб мешиносем ва то имрӯз чун Ҳодӣ мешиносемаш.
Амонулло Қодиров бо вуҷуди ҳафтодсола буданаш ҳам, имрӯз дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов кору фаъолият дорад. Дар суҳбате, ки бо ӯ доштем, сухан аз ҳаҷву мутоиба ва ҳодисаҳои шавқангези рӯзгори худи ӯ буд.
Амонуллоро вақте ҳамсараш шиква мекунад, ки «дар рӯзгор ину он нест, шумо бо актёрӣ саргарму ҳамаи бори зиндагӣ дар сари ман аст», ҳамоно ҷавоб медиҳад: «Бори зиндагиро ба сарат набардор, ба дастат гирӣ ҳам мешавад».
Ва ё мухлисонаш дар кӯчаву хиёбони шаҳр дида гӯянд, ки вақтҳои охир кам баромад мекунед, дар ин ҳолат низ ҷавоби ӯ тайёр аст: «Баромади бедаромадро чӣ кор куна-а-ам?».
Чашми ин пирамарди ҳунарманд аз нуру зиё пур шуда, воқеаҳои дигарро нақл мекунад: «Дар як намоиши театрӣ, ки дар ноҳияи Қумсангир доштем, марди зарофатҷӯе, аз мухлисони ашадии мо, зиёфати дабдабаноке ташкил кард. Шоми ҳамон рӯз мо бояд «Айбнома»-и Н. Думбадзеро намоиш медодем ва шаб боз ба хонаи ӯ баргашта, меҳмон мешудем. Марди дасткушоду санъатдӯстро ба намоиш даъват кардем, вале огоҳ набудем, ки ӯ дар маркази деҳа оби ҷав  (пиво) мефурӯхтааст. Дар саҳна нақши Шошеро, ки дар маҳбас аст, бозӣ мекардам. Пивофурӯши қумсангирӣ ҳам байни тамошобинон менишаст.
Шоше аз равзанаи хурди зиндон ба кӯча нигоҳ мекунад. Дар як тарафи кӯча пивофурӯше бо масти гузарое моҷаро дорад. Маст зораву таваллои раҳмангез мекунад, ки як ҷом пиво диҳад, пулашро пагоҳ мегирад. Пивофурӯш розӣ намешавад. Шоше аз равзани зиндон истода хитоб мекунад: «Пивофурӯши хасис, пиворо рез, аз маҳбас бароям, пулатро ду баробар карда медиҳам. Рез, мумсик!».
Хандаи мухлисон саҳнаро метарконад, ҳама ба марди обиҷавфурӯш ишора мекунанду механданд. Соҳибхонаи мо аз шарм сурху гулобӣ шуда, баромада меравад. Мераваду мо ҳам аз зиёфати шом умедамонро меканем.
Амонулло Қодиров бисёр мехоҳад барномаҳои телевизионии «Чойхонаи дилкушо», «Мушфиқӣ», «Гӯем, нагӯем?», «Як пиёла чой» аз нав ба намоиш бароянд, ҳаҷвнависони тоҷик фаъолтар шаванд ва ҳаҷви нуктарасу мардумӣ ҷойгоҳи худро ёбад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»

 

 

ЭҲ, УБАЙДУЛЛО
Албатта, ҳамаи мо медонем, ки Убайдулло Раҷабов  дар ҷодаи мазҳака муваффақтарин ҳунарманд аст. Убайдуллоро на танҳо тамошобинон, балки мо – ҳунарпешаҳо дӯст медорему ба  истеъдоди фитрияш қоилем. Ӯ бо суханаш, ҳунараш ҳамаи моро на танҳо мафтун, балки бовар кунонда метавонад. Як ҳодиса ҳеҷ аз хотирам намеравад. Он бори дигар собит сохт, ки ӯ аз тасаввуру пиндори мо ҳам дар мақоми баландтар аст. Тавре зикр кардам, ӯро аз замони донишҷӯӣ мешиносам. Дар театр ҳангоми фаъолият бошад, ҳар рӯз медидамаш, бо ӯ суҳбату гуфтугӯ мекардем. Аммо… 
Ин як рӯзи соли 1982 рух дод. Маро котиби ташкилоти ҳизби коммунисти театр интихоб карданд. Як саҳар дар хона наҳорӣ тайёр мекардам. «Блинчик» мепухтам. Ҳамин вақт телефон занг зад. Омадаму гӯширо бардоштам. Аз он ҷониб садо омад: «Шумо Гуландом Сафаралиева ҳастед?!» Чун посух додаму тасдиқ кардам, ба суханаш идома дод: «Ман аз Кумитаи марказии партияи коммунистии Тоҷикистон. Як дафтар, як қалам гиред!»
Чун ин амрро аз намояндаи Кумитаи марказӣ шунидам, зуд даступохӯрда шудам, чӣ кор карданамро надонистам. Худ дар ҷустуҷӯи қаламу дафтар, боз аз шавҳараму кӯдаконам хоҳиш кардам, ки бароям ҳарчи зудтар қаламу дафтар биёранд. Дигар  аз ҷиддияти амр ошхонаву равғани рӯи оташу блинчикҳоро фаромӯш кардам. Он вақт ин ҳизби ягона мақому мартаба ва мавқеи баланду ҷиддиро дошт ва хоса иҷрои амри мақоми болоӣ бисёр муҳим арзёбӣ мешуд. Масъулияти зиёд эҳсос мекардем ва ҳам метарсидем. Дафтару қалам гирифтам ва гуфтам, ки ба навистан омодаам. Аз он ҷониб амр кард: «Нависед! Ҳамин рӯз, соати 7 дар Телевизиони марказӣ баромаду ҳунарнамоии Убайдулло Раҷабов мешавад!».
Дар ин вақт блинчикҳо сӯхтанд, равған дар гирифт. Акнун ҳоли маро тасаввур бикунед. «Ай Худо нагирадат, Убайдулло! Ту чӣ кор кардӣ? Хонаам қариб буд, ки дар мегирифт, оташ мегирифт»,- гуфтам.
Барои ман Убайдулло ҳамеша ҳамчун шарикдарс, устоди барҷастаи ҳунар, дӯсти бисёр азиз аст. Аз дастовардҳои ӯ доимо ифтихор мекардему мекунем.
Муваффақиятҳои ин ҳунарпешаи асил, муваффақиятҳои мо - дӯстонаш ва театру ҳунари миллӣ маҳсуб меёбад.
Мо аз Убайдулло ҳамеша меомӯхтем ва меомӯзем. Худо ба бахти мо ва ин миллат ӯро нигоҳ бидорад!

Гуландом САФАРАЛИЕВА,
актрисаи Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

 


- Охирон бор мепурсам, ту кай қарзи маро медиҳӣ?
- Э, хайрият, ман дигар ин саволи аҳмақонаро намешунавам.

 


АЛОВУДДИН ВА НАЙРАНГҲОИ ФРАНСУЗӢ
Ӯ аз найрангҳо бештар шуҳрат ёфт, аммо на аз найрангҳои худ ва на найрангҳои драмматургони кишварамон. Найрангҳо «Найрангҳои Скапен» - и Ж. Молер, драмматурги франсуз, буданд. Худро он лаҳзаҳо дигар кард ва Скапени ҳақиқӣ, Скапени франсуз шуд.
Найрангҳои Скапен ҷолибу бар зарари касе нестанд. Баръакс, уқдаҳоро мекушоянд ва дар рӯзгори одамон, хоса қаҳрамони намоиш таъсири нек мегузоранд. Ҳамзамон онҳо барои ҳалли дигар мушкилоти мавҷуда барои  андешидан равона мегарданд.
Аловуддин Абдуллоев баъдҳо андешид, ки барои чӣ аз найрангҳои миллӣ истифода накунад. Не, ҳатман аз онҳо ба кор мебарад, аммо нахуст бояд Ж.Молери тоҷикро биёбад.
«Табиби зӯракӣ» - и ин драмматургро рӯи саҳна овард. Гуфт, ки мо ҳам чунин табибонро  дорем, бояд бо таълифи намоишнома онҳоро ошкор бикунем. Ва ба ин васила, проблемаҳоро ҳал намоем. На ихтиёрӣ ва на ба осонию зӯракӣ монанди ин намоишнома таълиф нагардид.
Бо «Бойи золим ва кали зирак» (нақши Бобоҷон), «Шаби гирифтани моҳ» (нақши Содақул), «Як танга тилло» (нақши Хоҷа Насриддин), «Шикаст» (нақши Маддоҳ) боз изҳори матлаб намуд. Не, муваффақ нашуд. Баъд гуфт: «Садқаи санъат шавед» (дар ин намоиш нақши Ҳақдодовро офарид). Чӣ кунад, ба ҳақ нарасид ва ҳақро ҳам ки хост, надодандаш.
Маҷбур шуд, ки худ ҳам Молери тоҷик шаваду ҳам Скапени миллат. Бо ҳунари худододӣ табдил ба шахсиятҳои гуногун дасташ дод. Ҳам табиб шуд, табиби зӯракӣ ва ҳам бемор гардид, бемори пулакӣ. Барои 10 сомонӣ тасмаи ронандагиро чунон сахт баст, ки агар корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ ба мададаш намерасид…
Барои нафаре дар шахси мулло хостгорӣ рафт, аммо ба зӯр арӯсшавандаро барои худ розӣ кард.
Барои файласуф ва мардум дар шахси даҳмардаи саллабарсар фаҳмонд, ки «медонум чӣ асту намедонум чӣ». Гуфт: «Медонум, ки мемирум, аммо намедонум, ки кай мемирум». Ва инро фалсафаи ҳаёт хонд.
Филиали бонкеро ҳам ғорат кард. Ба чанд нафақагире, ки ба пайвандонаш монанд буд, дар ин ҳол дасти ёрӣ дароз намуд. Яъне ба онҳо пул дод. Бо ин роҳ дузд дуо гирифт.
Фарзандаш аз ҳамаи фанҳо, ба ҷуз фанни суруд баҳои «ду» гирифт. Тааҷҷуб кард, ки дар ин ҳол боз суруд мехонад ва пурсид, ӯ ба кӣ рафтааст. Агарчи посухро нахосту нагуфт, аммо тамошобинон дарёфтанд, ки писар ба ӯ, ба падар рафтааст.
Найрангҳои техникаи муосирро ёфту истифода кард. Дар як намоиши хурд як худаш чандин нақшҳоро офарид. Ҳанӯз ҳам тамошобин ба ин асрори найрангҳо роҳ набурдааст.
Ӯ аз маҳбубтарин ҳунарпешаи кишвар аст. Мепурсанд, ки зодаи куҷост. Аз намоишҳо ин ҳақиқатро наёфтанд. Гоҳҳо бадахшонӣ, гоҳҳо хатлонӣ, гоҳҳо зарафшонӣ, гоҳҳо раштонӣ ва гоҳҳо ӯзбеку рус низ мешавад. Аммо ин муҳим нест. Намедонем, ҷои таассуф аст ва ё хушҳолӣ, ки ӯро ба Фаронса мебаранд. Шаш моҳ забони франсузиро омӯхт, то Скапену табиби зӯракиро бо забони асл, дар Фаронса намоиш диҳад. Ё ин ҳазли апрелӣ бошад?!

 Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият» 

 

 

МАРАДОНА ДАР ДАСТАИ «СПАРТАК»
Соли 1988 Диего Марадона бо роҳбарияти клуби  «Спартак» –и Маскав ба гуфтушунид пардохт. Русҳо нархи футболбозро 6 миллион доллар муқаррар намудаанд ва эҳтимол меравад, ки Марадона ин пешниҳоди олиҳимматонаро рад карда натавонад, хабар додааст NEWSru – и Исроил ба рӯзномаи «Известия» истинод намуда.

«ҲУШТАКСАБЗӢ»
Дар соли 2002 супермағозаи ширкати Tesco дар рӯзномаи The Sun чунин эълон чоп кард: «Хоҷагии фермерии онҳо сабзие ихтироъ намуд, ки ҳангоми пухтан ҳуштак кашида бонувонро хабардор месозад».

ҚАБРИ СУҚРОТ ЁФТ ШУД
Дар соли 1995 Вазорати фарҳанги Юнон иттилоъ дод, ки ҳангоми корҳои заминкобӣ дар сохтмони метрои шаҳри Афина, дар маҳали Акропол, бостоншиносон қабре ёфтанд, ки ба фикри онҳо ба Суқрот мутааллиқ аст. Аз дахма зарфи заҳрдор ва пораи пӯст, ки ба солҳои 400 ва ё 390 то милод тааллуқ доранд, ба даст омаданд. Таркиби заҳр ба ҳамон заҳре, ки ба файласуф дода буданд, айнан аст. Оҷонсии хабарии «Ажанс Франс Пресс» филфавр оид ба ин воқеаи таърихӣ иттилоъ расонд. Журналистони оҷонсӣ нафаҳмиданд, ки вазорат шӯхӣ кардааст, баъди чанд соат онҳо маҷбур шуданд, ки тасҳеҳ диҳанд.

Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият». 
Тарҷума аз русӣ

 

ГЕЛОТОЛОГИЯ – ИЛМ ДАР БОРАИ ХАНДА
Дар замони мо қариб ҳама кӯшиш доранд, ки худро ҷиддиву масъулиятнок нишон диҳанд. Коргарон ҳам кам табассум мекунанд. Наход надонанд, ки вақти хуш зиндагии моро хуш месозад. Умуман, ханда 7 омили фоиданок дорад: таъсири муфид ба рагҳои хунгард; беҳ гардондани саломатӣ. системаи нафаскашӣ; хуб сохтани муносибатҳои иҷтимоӣ; ҷолибу боназокат гардондани инсон; рафъ кардани афсурдаҳоливу  ташвиш; баланд бардоштани масъунияти бадан.
Бояд гуфт, ки кӯдакон нисбат ба калонсолон бештар механданд, зеро онҳо дили поку беолоиш доранд ва бо ҳар гуна  баҳона аз хандаи хушу гуворо худдорӣ намекунанд. Гуфта мешавад, ки тифли якунимсола, вақте ӯ солиму хуштабъ аст, рӯзе  на кам аз 300 маротиба хандаву табассум мекунад. Вале чанд маротиба калонсолон механданд? Равоншиносон бар он назаранд, ки бовару тасаввуроти нодуруст ба инсон имкони зиндагии озодонаро намедиҳанд. Бинобар ин, ба зиндагӣ мебояд бо диди дигар назар намуд, то дар ҳама ҳолат шоду рӯҳбаланд бимонем.
Агар ба таърих назар афканем, маълум мегардад, ки ба ханда аз замонҳои қадим диққати махсус медоданд. Ҳар гуна иду маросимҳои ширинкорона гузаронда мешуд. Масхарабозон дар дарбори шоҳон нигоҳ дошта мешуданд, ки ин ҳам бесабаб набуд. Вале бо мурури замон он ҳама фаромӯш гашту инсони муосир аз хандаи самимӣ маҳрум монд.
Аз солҳои 70 – уми асри XX омӯзиши ҷиддии ханда ҳамчун манбаи пуриқтидори организм  оғоз ёфт. Айни ҳол дар тамоми ҷаҳон аз ханда ҳамчун воситаи даво истифода мебаранд. Марказҳои ханда амал менамоянд. Ҳатто илми махсуси  гелотология ( аз калимаи юнонии gelos -  ханда гирифта шудааст), ки таъсири хандаро ба саломатӣ ва рӯҳияи инсон меомӯзад, ба миён омад.
Ханда зиндагии инсонро пур аз шодиву нишот мегардонад. Баъди хандаи хушу самимӣ ҷаҳон аҷибу пур аз имконот  менамояд.

Таҳияи Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

 

Соли 1913 дар Амрико волидон ҳуқуқи кӯдакони худро тариқи почта  ба назди хешовандони дур равон карданро доштанд. Почта дар либоси кӯдак ба ивази 53 сент муҳр монда, ба ҷойи лозимӣ мерасонд.

 

БЕМОРИИ «ЗӮРАКӢ»
Дар солҳои «союз» баъзан сардухтурони беморхонаҳои ноҳиявӣ «катҳо холӣ намонад» гуфта, иддае аз маризонро моҳҳо маътал мекарданд. Обчии «пешқадам» Таваралӣ ҳам баъзан  як  палатаи беморхонаро ба муддати мадид «иҷора» гирифта, рӯзҳои ба саҳро набаромадаашро  «отработка» мекард.
Тифоқо пас аз як моҳ ба Таваралӣ аз хонааш хабар доданд, ки писараш касал шудаасту дар беморхонаи қитъавӣ хоб аст. «Зуд ҷилу пӯстакатро ҷамъ карда биё, ки  ду «фронт» - ро якбора таъмин карда наметавонем».
Таваралӣ вазъро ба духтури муолиҷакунанда фаҳмонд. Духтур китф дарҳам кашида, «аз дасти ман чизе намеояд» мегӯяд: «Беҳтараш ба назди сардухтур рав».
Таваралӣ ду рӯз сардухтурро маътал мешаваду дида наметавонад, ки арз намуда, ҷавоб пурсад. Гоҳ сардухтур дар маъракаи алафдаравӣ буду гоҳ дар оҳанпораҷамъкунӣ. Боз дар бунгоҳи хунгирӣ ва комиссариати ҳарбӣ навбатдорӣ мекард.
Муҳосилони хона ба ҷон расонданду Таваралӣ аз ноилоҷӣ боз ба духтури навбатдор рӯ овард:
- Духтурҷон, ду рӯз боз аз хона ба аёдати ман наомада истодаанд. Ба «сухой паёк» зор шудаам. Маро ҷавоб диҳед, духтурҷон!
- Ту гарангӣ? Маро аз кор пеш мекунанд! Ҳатто ба суд мекашанд! - бо воҳима мегӯяд духтур. - Охири моҳ аст, бояд ягон «койка» холӣ намонад. Ҳеҷ имконият нест. Боз як ҳафта сабр кунед!
- Боз як бори дигар  илтимос мекунам, - ба зорӣ медарояд Таваралӣ. Ваъда медиҳам, ки баъди аз касалӣ хестани писарам омада, боз як моҳи дигар «койка»-ро банд мекунам. Ҷон, акаҷон, ҷавоб диҳед!
- Не! Намешавад, гуфтам, намешавад! Гап шунидан намехоҳам. Ба ҷойи ту аз куҷо одам меёбам?
Набошад, Худованд «касалам» - ро диҳад. Духтур дар ноҳия пур! – гуфта Таваралӣ роҳи хонаашро пеш мегирад.

Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият» 

 

ГОҲЕ АЗ АРШ, ГОҲЕ АЗ ФАРШ
Соли 2008 сокини Австралия Ян Ушер, ки то ин вақт фурӯшандаи мағоза буд, дар 44 - солагиаш ҳаёти худро ба ивази 384 ҳазор доллари ИМА дар музояда фурӯхт. Дар он хона, мошин, мототсикл, ҷойи кор ва дӯстону ҳамсояҳо дохил мешуданд. Ян Ушер аз ин амалаш пушаймон нест, фақат гуфт, ки «Ман ба пули зиёдтар умед доштам, лекин кори шудагӣ шуд. Акнун пулу шиносномаамро мегираму ба тамошои ҷаҳон мебароям. Оянда ба чӣ кор машғул шуданамро ҳоло фикр накардаам».  Ян аз оилааш соли 2006 ҷудо шуд, фарзанд надорад.

Таҳияи Ф. АЛИШЕР, «Ҷумҳурият»

 

Шӯхиҳо ва ҳозирҷавобии кӯдакон
ЭРОД БА ПАДАР
 Падар ба писари танбалаш насиҳат карда гуфт:
- Агар ҳар пагоҳӣ сару рӯй, дандон ва баданатро шӯӣ, хеле сабук мешавӣ.
- Дада, охир, дирӯз худатон «одам бояд вазнин бошад» гуфта будед-ку.


БА КӢ БОЯД БОВАР КАРД?
Падар аз писари мактабхонаш пурсид:
- Хайр, муаллимҳоят чӣ хел?
- Ҳар хел, - ҷавоб дод писар.
- Чӣ хел «ҳар хел»? - тааҷҷуб карда пурсид падар.
- Гапҳояшон ҳар хел, - гуфт писар. - Муаллими адабиёт мегӯяд, ки «рӯзе, ки гузаштааст, аз ӯ ёд макун», муаллими таърих бошад, «гузашта гар надонӣ, дар бимонӣ»  мегӯяд. Намедонӣ ба кӣ бовар кунӣ!
 
Фароҳамсоз Ш. ШОКИР, «Ҷумҳурият»

 


ҚОРИИШКАМБА: «БА ЯК ДАҲОН СЕ МАНТУ НАМЕГУНҶАД»
Қориишкамба, ки ба хасисиву мумсикӣ ном бароварда буд, субҳи барвақт ба бӯи кадом як маъракаи «муфт» ба роҳ баромад. Ӯ ҳаргиз ба асп ва ё ароба наменишаст, то дар роҳ «ташвиш»-и зиёдатӣ наоранд.
Қариб даҳ фарсах роҳро паймуда, ногаҳ ба ёдаш расид, ки лампаи керосинии хонаашро хомӯш накардааст. Аз нав ба хона баргашту занашро фарёд кард. Ҳамин, ки шарфаи пойи ҳамсарашро аз наздик шунид,  якбора фиғон баровард:
- Дарро накушо, ошиқмаъшуқи он хӯрда мешавад. Раву ҳамон лампаро хомӯш кун, кифоя.
Дар ҷавоб зани Қориишкамба мегӯяд:
- Аз ин қадар роҳ таги калӯшатонро ба сангу хок задаву фарсуда карда омаданатон зарур набуд. Вақте ки шумо рафтед, ҳамоно лампаро хомӯш карда будам.
Қориишкамба дами осуда кашида мегӯяд:
- Ман ҳам аҳмақ нестам, ҳоло ҳам калӯшҳоям дар дастам, то он ҷойе, ки лампа ба ёдам омад, рафта расам,  боз мепӯшаму роҳро идома медиҳам.
* * *
Қориишкамба ба хонаи ҳамсояаш даромаду айши хонаводаро талх кард. Ҳамсоя манту пухта буду меҳмони нохонда ба назараш бало барин намуд. Барои Қориишкамба, ки даъвату муроот шарт набуд, нишасту ба даҳонаш дутоӣ мантуро андохтан гирифт. Ин ҳамаро мушоҳида карда, ҳамсоя оташин шуд:
- О, шумо чаро якбора дуто мантуро ба даҳон меандозед?
Қориишкамба, бе он ки аз хӯрдан монад, ҷавоб дод:
- Ду даҳон надорам, ки чортоӣ хӯрам. Дар як даҳон бошад, се манту намегунҷад, чӣ кор кунам?!
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»

 

ҲАЗЛҲОИ ЯКУМИАПРЕЛӢ
1 апрел ҳар чизе, ки ба даҳон ояд, бигӯед, ҳатто гапи ростро ҳам, вале касе ба он бовар намекунад.

х х х
Ду шахс дар он дунё бо ҳам рӯ ба рӯ меояд:
 - Ту чӣ хел ба ин ҷо афтодӣ?
 - Аз боми бинои 15-ошёна. Ту чӣ?
 - Аблаҳ, вақте ки меафтодӣ, надидӣ, ки дар поён одам истодааст.

х х х
Содалавҳе аз кинотеатр баромада истода худ ба худ мегӯяд:
 - Ана, тамошобинон мегӯянд, ки филм барои аблаҳон, филм барои аблаҳон, ба ман бошад, писанд омад.

Гирдоваранда Қурбон МАДАЛИЕВ

 

ШӮХИҲО АЗ ДУНЁИ ВАРЗИШ
Ду нафар футболбози пир бо ҳам маслиҳат мекунанд: кадоме пеш бифавтад ба дигаре хабар медиҳад, ки дар он дунё оё футбол ҳаст. Ҳамин тавр яке аз онҳо аз олам дармегузарад ва пас аз се рӯз бо рафиқаш дар иртибот мешавад.
- Дӯсти азиз, ман барои ту ду хабар дорам: яке хуб, дигаре бад.
- Аввал хубашро бигӯ.
- Дар ин ҷо футболбозӣ мекунанд.
- Хуб,  хабари бадаш чист?
- Ҳамин ҷумъа туро дар ҳайати асосии даста ба бозӣ даъват мекунанд.

* * *
Футбол фароғатест, ки ҳама чӣ тавр тӯббозӣ кардани 22 миллионерро тамошо мекунанд.

* * *
Чанд соли охир муштзанҳо Валуев ва Кличко бисёр талош мекарданд то бо ҳам зӯр наозмоянд ва роҳи халосӣ аз ин дидорро меҷустанд. Билохира, толеашон баланди карду депутат шуданд ва масъала ҳалли худро ёфт.

Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият» 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.04.2016    №: 64    Мутолиа карданд: 708

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед