logo

иҷтимоиёт

МОШИН МАНБАИ ИФЛОСӢ?

Олимон ва пажӯҳишгарон дар натиҷаи таҳқиқоти анҷомдода ба хулосае омаданд, ки хориҷшавии газҳо дар шаҳрҳои сернақлиёт хатари ба бемориҳо гирифтор шудани  аҳолиро дучанд мекунад. Аз таъсири газҳо сокинон бештар ба бемориҳои роҳҳои нафас, аз ҷумла диққи нафас, найчаҳои шуш ва аллергия (ҳассосият) гирифтор мешаванд.

- Аз ин хотир, мо бояд ба воситаҳои кам кардани  газҳои хориҷшаванда бештар аҳамият бидиҳем, - мегӯяд Мақсадулло Мардонов, сардори  шуъбаи экспертизаи давлатӣ оид ба маводи партовҳо, нақлиёт ва химияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ. – Ҳангоми сӯхтани бензин қариб 200  моддаи ифлоскунандаи ҳаво ҳосил мешавад.  Газҳои заҳрнок дар байни инҳо оксиди карбон, оксиди азот, карбогидратҳо, бензаперен, алдегидҳо, дуда ва фулузҳои вазнин мебошанд. Ҳангоми санҷиши партови гази ихроҷшавандаи нақлиёт танҳо мавҷудияти гидрокарбонатҳо ва оксидҳои карбон ба назар гирифта мешавад. Аз нақлиёти дизелӣ дуда низ зараровар аст. Бисёре аз моддаҳои зарарнок дар 50 – 150 см аз сатҳи замин ҷойгиранд. Як нафас кашидан кофист, ки онҳо ба ҷисми инсон ворид шаванд.
Гази карбон на ранг дораду на бӯй, барои ҳамин инсон намедонад, ки ин газ дар ҳаво мавҷуд аст ё не. Чархзании сар, ташнагӣ, дилбеҳузурӣ, дарди сар ва фаъолияти  сусти ронандаҳо аломатҳои асосии заҳролудшавӣ аз гази карбон мебошанд. То охир насӯхтани  сӯзишворӣ боиси ҳосилшавии гази карбон мешавад. Ҳатто дар муддати кӯтоҳ ворид шудан ба дохили бино ё нақлиёте, ки консентратсияи баланди гази карбон доранд, хатарнок аст. Консетратсияи  марговари ин модда дар дохили гараж метавонад дар 2 – 3 дақиқа баъди ба кор даровардани муҳаррик ҳосил гардад.
Заррачаҳои фулузҳои вазнини дар таркиби гази ихроҷшаванда мавҷуда  ҳам ба инсон зарар мерасонанд. Ҳангоми истифодаи бензини этилиронидашуда ихроҷи пайвастагии сурб бисёр ҳам заҳрнок мебошад. Расидани ин моддаҳо ба ҷисми инсон метавонад боиси ҷамъшавии ин моддаҳо дар ҷисм ва пайдоиши консентратсияи марговар гардад.
Нақлиёт манбаи ифлоскунандаи ҳаво буда, аз колодкаҳои он якчанд намуди моддаҳои зараровар, аз ҷумла мис, руҳ ва молибден ба ҳавои атмосфера омезиш меёбанд. Колодкаҳои дар конструксия истифодашуда моддаи заҳрноки асбест ҷудо мекунанд, ки боиси пайдоиши  саратон мешавад. Барои пайвастагиҳои  зарарнокро ба даруни нақлиёт роҳ надодан бояд аз полоиш истифода барем.
Бояд зикр намуд, ки дар нақлиёт мавҷуд будани кондитсионер ва ионизатори ҳаво инсонро аз таъсири номатлуб муҳофизат мекунад. Кондитсионер барои салқингардонии нақлиёт хизмат мекунад, истифодаи ионизатор бошад, баръакс метавонад ба саломатии шахс таъсири бад расонад.
Ҳарчанд ин чандон боварнокарданист, аммо манбаи ифлоскунандаи асосии нақлиёт на гази ихроҷшаванда, балки резинаи он мебошад. Дар алоҳидагӣ қисмҳои резинӣ барои муҳити атроф ва ҷисми инсон ягон хатар эҷод  намекунанд, вале резин дар якҷоягӣ бо дигар намуди моддаҳо метавонад пайвастагиҳои хатарнокро  ҳосил кунад. Ин моддаҳо  озодона  ба роҳҳои нафас даромада ангезаи ҳассосиятӣ ба вуҷуд меоранд. Дар вақти тормоздиҳӣ ҳар гуна моддаҳои  заҳрдор ҳосил шуда, саломатии инсонро зери хатар мегузоранд. Дар шаҳрҳои калон партови чанги резин дар як рӯз якчанд тоннаро ташкил медиҳад. Вай дар рӯи роҳҳо такшин мешавад ва дар ҳавои гарми хушк ба боло мебарояд. Ин чанг ба роҳҳои нафаскашӣ даромада, муддати дароз дар ҷисм мемонад. Пешгирии ихроҷ шудани ин моддаҳо аз сифати  резину риояи дурусти истифодаи он,  танзими дурусти қисми ҳаракаткунандаи нақлиёт ва тарзи рондани мошин вобаста аст.
Тандурустии одам ганҷи ноёфт аст. Солиму бардам будан хоҳем, бояд нақлиётро сари вақт аз муоинаю таъмири техникӣ гузаронда, қисмҳои фарсудаашро иваз кунем, то ба атрофиён ва муҳити зист зиён нарасонем.   

У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.04.2016    №: 64    Мутолиа карданд: 509

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед