logo

иқтисод

ОВОЗАҲО БЕПОЯАНД

- Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, мутобиқ намудани фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ ва тақвияти сиёсати пулию қарзии ҷумҳурӣ соли гузашта аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар низоми бонкӣ барои дастгирии иқтисодиёти кишвар ва эҷод намудани фазои боварӣ барои аҳолӣ якчанд ислоҳот гузаронда шуд, - гуфт Абдуғаффор Қурбонов, сардори хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ. – Аз ҷумла Бонки миллӣ соли 2015  барои ба тартиб ва танзим даровардани фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд, ташкилотҳои амонатгузории қарзии хурд ва фондҳои қарзии хурд се дастурамалро таҳия намуд, ки мутобиқи онҳо ташкилотҳои қарзӣ дар муҳлати пешбинишуда баҳри таъмин намудани рақобатпазирии ташкилоти худ, бояд сармояи оинномавиашонро то меъёри муайяншуда зиёд мекарданд. Дар ин муддат бархе аз ташкилотҳои қарзӣ сармояи оинномавии худро пурра намуданд ва қисмати дигари онҳо бо роҳи муттаҳидшавӣ сармояи оинномавиро ба маблағи муқарраршуда баробар карда истодаанд. Мутаассифона, ҳолатҳое низ вуҷуд доранд, ки қисмате аз ташкилотҳои қарзӣ бинобар сабаби иҷро карда натавонистани муқаррароти дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, ихтиёран фаъолияти худро қатъ мекунанд.
Боиси зикр аст, ки Бонки миллӣ  бе сабабу далелҳои қотеъ дар бораи қатъ намудани фаъолияти ягон ташкилоти қарзӣ қарор қабул намекунад. Баръакс, вазъи бади молиявӣ ва мутобиқ набудан ба меъёрҳои талаботӣ бархе аз ташкилотҳои қарзиро водор намудааст, ки дар шароити феълӣ фаъолияти худро қатъ намоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон тариқи сомонаи расмии худ ҳамарӯза аз навигариву рӯйдодҳо дар низоми бонкии кишвар хабар медиҳад. Аммо ҳафтаҳои охир ахбори қатъ шудани фаъолияти якчанд ташкилоти қарзӣ дар кишвар дар расонаҳо сару садоҳои гуногунро ба миён овардааст. Дар робита ба ин, иттилоъ медиҳем, ки то имрӯз дар низоми бонкии кишвар ҳамагӣ аз 16 ташкилоти қарзии хурд ва 1 фонди қарзии хурд иҷозатномаҳо ва шаҳодатномаи анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дар асоси аризаи барҳамдиҳии ихтиёрӣ, бозхонд карда шудааст. Дар баробари қатъ гардидани фаъолияти бархе аз ташкилотҳои қарзӣ, ки ба рақобати иқтисоди бозаргонӣ тоб оварда натавонистанд, бо қарори раёсати Бонки миллӣ ба наздикӣ ба ташкилоти амонатии қарзии хурд - “Алиф - Сармоя” ва ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд. Ҳамзамон дар низоми бонкии ҷумҳурӣ боз як бонки нав ба фаъолият шурӯъ намуд.   

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.04.2016    №: 64    Мутолиа карданд: 548

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед