logo

иқтисод

БОҒДОРӢ ДАР КӮЛОБ. КАМБУДИҲО ҲАНӮЗ ЗИЁДАНД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  17 феврал  дар атрофи Қасри миллат бо дасти худ чанд бех ниҳол шинонд ва расонаҳо инро оғози маъракаи ниҳолшинонӣ  арзёбӣ карданд.
Бунёди боғ, ниҳолшинонӣ, парвариши зироат, хулоса кишоварзӣ ва кори деҳқонӣ, ки на танҳо манфиат,  балки подоши  бузург ҳам дорад. Аз ҳосили дасти деҳқон на танҳо одамон, балки парандагону ҳайвонот ҳам манфиат мебаранд.

Имрӯз қадру қимати замин ва кишоварз бамаротиб боло рафтааст. Ин пеш аз ҳама бозгӯи  сиёсати дурусти аграрӣ, таваҷҷуҳи беандоза ва таъкидҳои ҳаррӯзаи Сарвари давлат ва  Ҳукумати кишвар  оид ба  беҳтар кардани соҳа ва пуштибонии ӯ аз марди деҳқон аст. Хусусан солҳои охир соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ авҷи тоза пайдо кард.
Дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ин самт корҳои зиёде идома дошта бошад ҳам, лекин он ҳанӯз нокифоя мебошад. Аз беназоратии мақомоти дахлдор  ҳанӯз ҳам маҳсулоти пастсифати   хӯрока аз хориҷи кишвар, ба мисли давлатҳои Чину Эрон ва Покистон ворид шуда истодаанд, махсусан, маҳсулоти воридотии кишоварзӣ, аз қабили картошка ва меваҳои гуногун. Онҳо пастсифату дурага ва маводи химиявии таркибашон зиёд буда,  ба саломатии шаҳрвандон зараровар мебошанд. Бино ба гуфтаи мутахассисону олимони соҳаи тибби кишвар, омилҳои зикршуда боиси хуруҷи бемориҳои  фарбеҳшавӣ, фишорбаландӣ, дил, қанд, сироятӣ ва ғайра мегарданд.
Агар мо имрӯз ба қадри он ғамхорию дилсӯзие, ки  Президенти ҷумҳурӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кишоварзон дорад, нарасем ва  дар пайи бартараф кардани камбудиву норасоиҳои соҳаи кишоварзӣ набошем, фардо дер хоҳад шуд.
Ҳоло дар боғи ботаникии шаҳри бостонии Кӯлоб  зиёда аз ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонда шуда, бунёди боғи интенсивӣ оғоз ёфтааст. Мутаассифона, рушди соҳаи кишоварзӣ,  бахусус боғдорӣ дар минтақаи Кӯлоб нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ суст аст. Бо худтаърифкуниҳои зиёд, бо ҳисобот  ва  нишондиҳандаҳои  болои  коғаз  Ватан обод нахоҳад гашт. Деҳқон бояд дарк созад, ки замин дар дасти худи мост, ончи кишт мекунем, азони мост ва ҳосили онро касе аз мо нахоҳад ситонд. Деҳқон бояд роҳҳои пурсамар истифода бурдани замин ва рӯёндани ҳосили хубро ҷустуҷӯ намуда, дар фикри ободии бештари оила ва диёри худ бошад. Зироатеро парвариш кунад, ки нафъи бештар медиҳад. 
Ҳамчун мутахассис,  корманди таҷрибадори  соҳаи агросаноатӣ боғдориро дар минтақаи Кӯлоб  бахши сердаромад медонам. Таҷриба нишон дод, ки боғҳои бунёдкардаи  деҳқонон дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбат ба заминҳое, ки ба парвариши зироат машғуланд, даҳҳо маротиба фоидаи зиёдтар меорад.
Хоҷагиҳои деҳқонии минтақаи Кӯлоб  имрӯз дар боғҳое, ки бунёд кардаанд, аз се ҷиҳат фоидаи соф ба даст меоранд. Аввал, ҳосил аз дарахтони мевадиҳанда, дувум ҳосил аз кишти картошка ва дигар зироатҳо, ки дар байни қатори дарахтон кошта мешавад ва сеюм дарахтони бесамар (ар – ар, сафедор ва бед), ки дар атрофи замин парвариш ёфта, ҳамчун маводи сохтмон ва захираи ҳезум дар фасли сармо ба кор меоянд. Аз ин рӯ, ин, деҳқони асил бояд таҷрибаю малакаи худро ба дигарон омӯзонда, барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ саҳми худро гузорад.
Албатта, дар ин самт монеа ва мушкилот кам нест. Масалан, дар бархе аз ҷамоатҳои деҳот боғдорӣ фаъол набуда, мушкилӣ аз тарафи баъзе раисони хоҷагиҳои  коллективии ноҳияҳо, ки худро ҳокими мутлақи замин медонанд, эҷод  мешавад. На ҳама соҳибони замини  хоҷагиҳои инфиродӣ деҳқони асиланд. Онҳо ба даромади бештар аз замин эҳтиёҷ надоранд. Инчунин дар ягон ноҳия муассисаи муҷаҳҳазе, ки ба боғдорон дар вақти мубориза бо ҳашарот ва касалиҳо кумак расонад, вуҷуд надорад. Деҳқон ҳангоми ҷамъоварӣ ҳосили зиёди меваро бо сабаби вуҷуд надоштани корхонаи коркарди мева аз даст медиҳад.
 Хулоса, камбудию норасоӣ ва монеаю мушкилиҳо дар кори кишоварзони минтақа, хусусан дар самти боғдорӣ, хеле зиёданд. Деҳқонони асил умед бар он мебанданд, ки  Барномаи  рушди боғутокпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба тасвиб расидааст, барои  бунёди боғу токзори нав дар заминҳои обӣ ва талу теппаҳои ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.04.2016    №: 64    Мутолиа карданд: 488

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед