logo

сиёсат

ҚАДАМЕ ДИГАР БА СӮИ ДЕМОКРАТИСОЗИИ ҶОМЕА

Раҷаббой АҲМАДЗОДА,
раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли равон мардуми шарифи Тоҷикистон 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро таҷлил мекунанд. Дар ин муддат миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик, бо вуҷуди пеш омадани як қатор мушкилот, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳо ба пешравиҳо ноил гашта,  ба сӯи фардои рӯшани зиндагӣ бо нақшаву маромҳои созанда роҳ мепаймояд.

Албатта, ҷиҳати расидан  ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, амалисозии ормонҳои миллӣ нақши Конститутсия муассир аст. Тоҷикистон дар  байни дигар кишварҳои ҷаҳон ба ҳайси давлати мустақил, ташаббускор, бо арзишҳои умумибашарӣ, мақсадҳои наҷиби демократӣ ва мусаллаҳ бо диди дунявӣ  дар баррасӣ ва ҳалли масоили глобалӣ нақши бориз дорад. Табиист, ки баробари ширкати фаъолона дар ҳаллу фасли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, зарурат пеш омадааст то санадҳои меъёрии ҳуқуқии мо низ ба меъёрҳои ҷомеаи мутамаддин ҷавобгӯ бошанд.
 Тавре маълум аст ба моддаи шасту панҷум низ ду тағйирот пешниҳод гардидааст.  Мувофиқи талаботи қисми дуюми моддаи мазкур акнун шахсе, ки ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ мешавад, бояд синнаш аз 30 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад. Ин талабот аз муҳим будани мансаби Президент барои ҷомеа ва миллат, инчунин барои амнияти давлат вобаста аст. Ба ҳамин модда қисми панҷум илова шудааст, ки тибқи он маҳдудияти дар қисми чорум пешбинигардида, яъне меъёре, ки мувофиқи он як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад, нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат татбиқ намегардад.
 Бояд зикр кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллатро муқаррар карда, ӯро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоламон, хотимабахши ҷанги шаҳрвандӣ, эҳёгари таъриху фарҳанги бою ғании миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик, кафили пойдориву бардавомии давлати мустақили Тоҷикистон эътироф кардааст. Чунин эътирофу эҳтиром ва қадрдонӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат маънои онро дорад, ки ӯ шахсияти умумиэътирофшудаи таърихии миллат, ифодагари орзуву ормонҳои насли гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик буда, барои Ватан ва Миллат хизматҳои беназир ва таърихӣ кардааст. Бинобар ин, шахсияти таърихӣ бояд имконияти идомаи корҳои оғознамудаи тақдирсози худро  дар оянда низ дошта бошад ва миллату Ватанро ба қуллаҳои мурод расонад.
Конститутсия ба инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ, фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ имконияти васеъ муҳайё карда, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҷиҳати иштирок дар ҳаёти ин ниҳодҳои демократӣ таъмин менамояд. Вале, ҳизби сиёсӣ, дигар созмон, фарди алоҳида набояд ба эътиқоди динии шахс дахолат кунад ё аз он суистифода намояд. Таъсис додани ҳизби сиёсии хусусияти динидошта боиси истифода аз дин ва эътиқоди динии шахс, ба сиёсат омехта кардани дин мегардад. Тибқи пешниҳод дар кишвар таъсиси ҳизбҳои сиёсии характери динидошта низ манъ карда шудааст.
Бо дарназардошти меъёри конститутсионии асоси ҷамъият эътироф шудани оила, тағйиру иловаҳои ба қисми дуюми моддаи сиву чоруми Конститутсия пешниҳодшуда, масъулияти падару модарро барои таълиму тарбияи фарзанд ва масъулияти фарзандони болиғу қобили меҳнатро барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар баланд бардошта, мақсад аз онҳо фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодона ба ҳар як инсон мебошад.
Бо назардошти ин метавон гуфт, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон зарурати рӯз ва боз як қадаме ба сӯи демократисозии ҷомеа мебошад. Тағйиру иловаҳои пешбинишуда имкон медиҳанд, ки меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ якҷоя ва дар ҳамбастагӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ва рушд ёбанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.04.2016    №: 64    Мутолиа карданд: 537

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед