logo

сиёсат

ХОНАИ ҲАР ТОҶИКИСТОНӢ МУҲАББАТГОҲИ ӮСТ

Нигоҳе ба таҷрибаи давлатсозӣ ва фарҳангсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Кароматулло ОЛИМОВ,
академик

Дар илми сиёсатшиносӣ ақидае ҳаст, ки  мувофиқи он сиёсатмадорон ҳамеша дар маркази се  қувва қарор доранд: аз як тараф проблемаҳои рӯз ва зарурати ҳалли онҳо, аз тарафи дигар расму анъанаҳои дар ҷомеа роиҷбуда, ки дар назар гирифтани онҳо зарур аст ва аз ҷониби сеюм, бо нигоҳи дурбинона ва хирадмандона давлатро ба оянда,  ба сӯи оромию саодатмандӣ бурдан аст.

Ҳегел гуфтааст: «Инсони бузург шахси боэътимоди рӯҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки он чи зарур ва саривақтӣ аст, онро амалӣ месозад». Ҳарчанд ин ақидаи Ҳегел идеалистӣ аст, вале хислати роҳбару сарвари бузургро аз нигоҳи фалсафӣ шарҳ дода, хислати муҳими ӯро муайян намудааст.  Ва ин хислати  муҳим муайян карда тавонистани вазифаи зарурӣ ва иҷрои  саривақтии он  мебошад, ки файласуфи бузурги олмонӣ онро «рӯҳи эҷодкор» номидааст.
Баъзе муҳаққиқон бар ин назар ҳастанд, ки шахсиятҳои таърихӣ дорои се хусусияти бориз ҳастанд: неруи тафаккури ҳадсӣ (интуитивӣ), қобилияти ба вуҷуд овардани раванди сохторофаринӣ ва омода будан барои фидокорӣ. Зиндагию фаъолияти шахсиятҳои бузург тавъам ва дар пайванди ҳам мебошанд. Онҳо қобилияти бузурги ба воситаи гурӯҳҳои муайян, аз ҷумлаи зиёиён, шогирдон, пайравон сафарбар кардани оммаро доранд.
Дар давраҳои ниҳоят тақдирсози таърихи халқамон шахсиятҳое ба майдони сиёсат, илм ва адаб омадаанд, ки ба туфайли истеъдоди фавқулода ва зиракию ояндабинӣ, дарки дурусти  набзи замон ва талаботи  ҷомеа давлату ҷомеаи худро пеш бурдаанд ва  аз фалокатҳо эмин нигоҳ доштаанд. Мисоли хеле равшани чунин шахсият асосгузори империяи тоҷикон Исмоили Сомонӣ мебошад, ки соли 2017 аз вафоти ӯ 1100 сол мегузарад. Ӯ барои  вусъати қаламрави давлати худ ва ҳифзи он ҳамеша мубориза мебурд, шахси қавиирода, ватанпараст, мубориз, ҷасур ва сиёсатмадори бузург буд.  Ва маҳз ҷасорату боварии ӯ ба неруи худ будааст, ки халқро аз харҷҳои  зиёди деворсозии Бухоро озод намуда, «То зиндаам бораи (девори) Бухоро ман бошам», - гуфта, ҳимояти шаҳрро аз тороҷи бодиянишинон таъмин намуд.
Дар давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1999-ум  1100 - солагии Давлати Сомониён ба таври хеле васеъ таҷлил гардид ва дар майдони марказии шаҳри Душанбе маҷмааи бузург эъмор гардид ва муҷассамаи зебои Исмоили Сомонӣ  гузошта шуд. Ин иқдом рамзи эҳёи давлатдории тоҷикон ва таърихи куҳани миллат буд. Бинобар ин, барқарор  кардани робитаи имрӯз ва гузашта барои муайян кардани роҳи оянда дар умури  давлатдорӣ муҳим аст. Бесабаб нест, ки яке аз муҳаққиқони фалсафаи таърих, олими австрягӣ Отто Шпанн навиштааст:  «Фаҳмидани моҳияти эҷоди ҳақиқӣ комил нахоҳад буд, агар мо  рамзи … дини бостонии гузаштагони худро, ки  бо дини зардуштиён ва ҳиндуён алоқаманд месозад, рӯ наоварем… Аз рӯҳи бузурги халлоқона тамоми нури таърих падид меояд. Маҳз ба туфайли он зиндагии одамони дигар воқеӣ мегардад, аз хоб ба зиндагӣ бедор мешаванд, аз зулмот ва фақр ба фаровонию  нур боло мераванд». 
Ҳамин масъала, ки рукни муҳими худшиносии таърихӣ аст, барои  боло бурдани сатҳи худогоҳии миллӣ зарур буд ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заковат  ва хирадмандӣ мавзӯи ифтихори миллиро барои сарҷамъии миллат ва ваҳдати он ҳамчун василаи муҳим пештар ва беҳтар аз ҳама дарк намуд.  Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон рӯзи интихоб шуданаш ба мақоми олии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  истеъдоди фитрии сарварӣ ва сазовор буданро барои иҷрои вазифаҳои бузурги таърихи навин ҷасурона нишон дод. Аз ҳамон рӯзе, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бӯса карда, ҳамчун рамзи соҳибистиқлолии давлатӣ ба чашм молид, масъулияти бузургро дар назди халқу Ватан бо ифодаи суханони басо сода, вале ваъдаи наҷотдиҳандаи миллат аз дами тӯпу теғ - «Ман ба Шумо сулҳ меорам!», ба дӯш гирифт.
Ин кори одии ба як мақоми олӣ интихоб шудан набуд. Ин вазифае буд, ки ба саволи будан ё набудани миллат ва давлат ҷавоб медод. Ин ваъда оғози исботи ваҳдати сухану амал ва маҳаки имтиҳони ҷавонмардӣ буд, чунонки Низомӣ гуфтааст:
Сояи хуршедсаворон талаб,
Ранҷи  худу роҳати ёрон талаб.
Гарм шав аз меҳру зи кин сард бош,
Чун маҳу хуршед ҷавонмард бош.
Дар ҳамон рӯзҳои мушкил, ки даҳҳо ҳазор гуреза аз макону маҳал ва Ватани азиз дар хориҷ аз он дар ҳолати ноумедию хорӣ умр ба сар мебурданд ва мардуми дар кишвар буда низ дар орзуи шабу рӯзи орому пораи нони беташвишу беғам буданд, ваъдаи сулҳ ва ба Ватан баргардондани муҳоҷирон ҳамчун нӯшдоруе дар дами марг ё мӯмиёӣ дар пайкари шикастаи миллат ҳисоб меёфт. Ана, дар ҳамин вазъияти ниҳоят душвор ва хатарнок Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва ҷасурона, мардона, ҷоннисорона масъулияти бузурги сарнавишти халқи Тоҷикистон ва давлати тозаистиқлоли тоҷикро ба дӯш гирифт ва эълон кард, ки барои иҷрои ҳадафҳои олии миллӣ ҷони худро дареғ нахоҳад дошт. Ин зуҳури аввалин падидае  буд, ки Тоҷикистон сарвари навини худро пайдо намуд ва шуълаи умед дар дили мардуми сарсону ҳаросони тоҷик равшан гашт, ки киштии орзуи амнияту осудагиаш ба соҳили мурод хоҳад расид.
Дар пеш имтиҳонҳои ҷиддӣ буданд. Пеш аз ҳама Ҳукумати нав бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон бояд ба пойтахт - шаҳри Душанбе  меомад. Дар он вақт бисёр силоҳдороне дар Душанбе буданд, ки мехостанд монеи омадан ва фаъолияти Ҳукумати қонунӣ шаванд. Вале неруҳои ҳукуматӣ  бо ҷонибдории аксарияти кулли мардуми кишвар ин нақшаро шикастанд ва дар пойтахт фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун роҳбари қонунӣ ва маънавии миллат оғоз ёфт.
Бояд таззакур дод, ки фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон на танҳо душвор аз он буд, ки иттиҳоди мусаллаҳи мухолифин дар хориҷ ва дохили кишвар амал мекард ва воқеан неруи барои давлат хатарнок маҳсуб мешуд, балки дар дохили Қувваҳои Мусаллаҳи давлатӣ низ гурӯҳҳои бебандубор ва душворидорашаванда амал  мекарданд.  Гурӯҳҳои номаълуми силоҳбадасти  ғоратгару авбош низ бо суистифода аз вазъият амалҳои харобкориро  анҷом медоданд ва  онҳоро бесилоҳу безарар гардондан дар он шароит кори осон набуд. Ҳама рӯз ба ҷони Сарвари давлат ва ҳамсафони ӯ хатар таҳдид мекард.
Иқтисоди кишвар комилан ба варшикас-тагӣ рӯ ба рӯ шуда буд. Аз як тараф корхонаҳои бузург ба сабаби пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва қатъи робитаҳои иқтисодию техникӣ аз кор монданд. Аз ҷониби дигар, бинобар вазъи  ноором ва беназоратӣ моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба тороҷ мерафт. Таъмини аҳолӣ  бо маводи ғизоӣ ва ниёзи аввалия ниҳоят душвор гардида буд.  Халқ дар он шароит танҳо ду орзу дошт: яке амнияти хонаву дар, дувум пайдо кардани нони бемалол.  Имрӯз бисёре аз ҷавонони мо  аз ин орзуи падарону модарон  бехабар ҳастанд ва онро тасаввур ҳам карда наметавонанд. Вале онҳо бояд аз он азобу машаққатҳои волидонашон, ки аз сар гузаронда буданд, огоҳ ва аз оромию амнияти кишвар шукргузор бошанд. Бузургии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин шароит дар ҳалли ин ду масъалаи ҳаётан муҳим баралоина намоён гардид. Ба мардум додани 75 ҳазор гектар қитъаи замин барои аз гуруснагӣ наҷот додани мардум ва бо ғалла таъмин намудан кори хеле оқилона буд ва натиҷаи дилхоҳ дод.
Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон тавонист диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама созмонҳои бонуфузи байналмилалиро, ба ҳодисаҳои Тоҷикистон ҷалб намояд ва асли воқеаҳои рухдодаро фаҳмонад. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, бахусус Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро, ба он ҷалб намуд, ки ин хатар на танҳо ба Тоҷикистон таҳдид мекунад, балки дар сурати аҳамият надодан ба пешгирии он, метавонад дар он кишварҳо низ алангааш бархезад. Мантиқи қавӣ ва суханрониҳои  боварибахши  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҳлили вазъияти Тоҷикистон ва бо воқеаҳои Афғонистон низ алоқаманд будани ҳодисаҳои кишвари мо давлатҳои зинафъро водор сохт, ки ба воқеаҳо баҳои дуруст дода, барои таъмини субот ёрӣ расонанд.
Дурандешӣ ва тафаккури стратегии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои воқеии миллат дар он зуҳур ёфт, ки ӯ бо дарки нангу номус барои ба Ватан баргардондани  гурезагон, махсусан аз Афғонистон, ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ дод. Дар айни замон ба музокирот  бо роҳбарони Иттиҳоди мухолифин оғоз кард ва кӯшиш намуд ба онҳо фаҳмонад, ки бо забони силоҳ гуфтугӯ кардан ба ғайр аз бадбахтию парокандагӣ чизи дигаре ба бор нахоҳад овард. Қатъи назар аз хатарҳое, ки шахсан ба ӯ таҳдид мекарданд, бо сарсупурдагӣ барои иҷрои вазифаи умумимиллӣ ва таърихии худ ба Бадахшон, Хусдеҳи Афғонистон ва минтақаҳои дигар сафарҳо ва мулоқотҳо анҷом дод. Натиҷаи ҳамин ҷонбозиҳо буд, ки Созишномаи  умумии  истиқрори  сулҳ ва ризоияти миллӣ  27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид. Ва аз ҳамон рӯз, ки башорати сулҳ ва ваҳдати тоҷикон баъд аз муқовиматҳои чандинсола ба мардуми кишвар расид, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат амалан эътироф гардид. Боварии мардум ва меҳру муҳаббаташ ба ӯ беандоза зиёд гашт.
Масъалаи дигаре, ки ҳамзамон бо ҳалли проблемаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, бахусус дар радифи се ҳадафи стратегӣ мебоист мавриди назар  қарор бигирад, таҳлили вазъи фарҳанг ва тафаккури  миллӣ буд. Сатҳи худшиносии миллӣ дар давраи шӯравӣ то андозае ташаккул ёфта бошад ҳам, вале он ноқис буда, анъанаву суннатҳои  миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва ғайра аз сатҳи давлатӣ дур шуда буданд. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Пешвои миллат ба эҳёи фарҳанги миллӣ ва гиромидошти таърихи халқамон ҳамчун ҷузъи муҳими маҷмӯи унсурҳои ташаккулдиҳандаи миллат руҷӯъ намуд. Ба ғайр аз ҷашни 1100 - солагии Давлати Сомониён, чорабиниҳои умумимиллии фарҳангӣ, аз қабили 2500 - солагии Истаравшан, 2700 - солагии Кӯлоб, 3000 - солагии Ҳисор, ҷашнҳои  бузургдошти Рӯдакӣ, Ибни Сино, Мир  Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, 1310 - солагии Имоми Аъзам, эълони Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Шашмақом, таваҷҷуҳи махсус ба забони давлатӣ, нашри осори таърихию адабӣ, силсилаи 50 - ҷилдаи «Ахтарони адаб» ва ғайра барои боло рафтани ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат намуданд.
Яке аз корҳои муҳим ва ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса ва ғамхорӣ ба илм аст. Маҳз ба шарофати пуштибонии ӯ дар ҷумҳуриамон  Академияи илмҳо на танҳо боқӣ монд, балки ба пешрафтҳо ноил гардид. Ин иқдомҳои фарҳангӣ ва илмии Президент Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи корҳои бунёдии ӯ дар фаъолияти сохтмони давлати навини миллӣ мебошад, ки асоси маънавиёти ҷомеаро ташкил медиҳад. Асарҳои илмии ӯ, аз қабили «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва фарҳанги ориёӣ»   ва ғайра барои вусъати таҳқиқоти илмӣ низ такони ҷиддӣ бахшиданд.
Масъалаи ташаккули шуури таърихӣ ва худшиносии миллӣ ҷиҳати боло бурдани масъулияти шаҳрвандон барои таҳкими давлати миллӣ ва ғуруру ифтихор аз соҳибистиқлолии давлатӣ кори мавсимӣ намебошад. Ташаккули шуури солими муқаррарӣ ба омилҳои зиёд вобаста аст ва он давраи нисбатан тӯлониро дарбар мегирад. С. Ятимов комилан дуруст зикр намудааст, ки: «Донистани паҳлуҳои структураи шуури муқаррарӣ, мундариҷа, рушд ва оқибатҳои он барои шахс, ҷомеа ва давлат, системаи давлатдорӣ ҳаётан муҳим мебошад». («Ҷумҳурият», 7 декабри соли 2015). Ин масъала рушди донишу маърифатро тақозо менамояд ва махсусан ҷавонону наврасон, ки ояндаи давлату кишвар ба онҳо тааллуқ дорад, ба таълиму тарбияи солим  ва фарогирии тамоми ҷомеа ниёз доранд. Бо назардошти ин мушкил Президенти кишвар барои таҳкими асосҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ аҳамияти махсус дод.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сиёсати дохилии фарҳангӣ таблиғи ин сиёсатро дар арсаи байналмилалӣ низ вусъат бахшид.  Баргузории Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ва ҳамоишҳои дигари байналмилалии фарҳангӣ, намоиши дастовардҳои  фарҳанги халқи тоҷик, суханронии Президенти Тоҷикистон дар чорабиниҳои  фарҳангии ЮНЕСКО  саҳифаи тозае дар муаррифии фарҳанги тоҷик гувоҳи равшани саҳми Сарвари давлат дар гуфтугӯи тамаддунҳо буд.  Таъкиди муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бар ин нукта, ки ислом ва терроризмро набояд айният дод, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле бамаврид буд.
Таъсиси Консерваторияи миллӣ, эҳёи балети тоҷик, ба феҳрастҳои ҷаҳонӣ ворид шудани шоҳкории мусиқии халқи тоҷик  «Шашмақом», ёдгории таърихии Саразм, Боғи миллии Тоҷикистон ва ғайра аз эътирофоти созмонҳои байналмилалӣ дар даврони Истиқлолият ва ифтихори баланди миллии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари фарҳангпарвар шаҳодат медиҳанд. Метавон гуфт, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  бо Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон як ҷо пеш рафт, барои таҳкими пояҳои он хастагинопазирона мубориза мебарад, ҷиҳати вусъати  ҳамкориҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо тоҷикони бурунмарзӣ тадбирҳо меандешад, бори бузурги амонати таъриху давлатро мекашад, то ки халқи соҳибдавлати тоҷик хушбахту сарбаланд бошад. Ба ҳама маълум аст, ки дар вазъияти ҷаҳонишавии муосир мушкилиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон зиёданд. Вале дар чунин вазъият  таъмини зиндагии оромона ва осударо дар кишвари мо  бояд қадр кард ва барои ҳифзи он  ҳама ҳаммарому ҳамфикр бошанд.
Ин хислатҳои нек ва  фазилатҳои бузургворонааш ӯро барҳақ ба Пешвои умумимиллии тоҷикон табдил додаанд. Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамин унвони ифтихорӣ, ки миллати тоҷик ба ӯ додааст, дар таърихи давлати соҳибистиқлоламон ҷовидона хоҳад монд.
Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз  ҳам  дорои неруи қавии давлатсозӣ мебошад, нақшаҳои  зиёде барои ҳалли муаммоҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дорад, барои беҳбуди зиндагии мардум ва ободию шукуфоии Ватани азизамон ва оромию сулҳи ҷаҳонӣ заҳмат мекашад, кадрҳои ҷавону умедбахшро ба вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ ҷалб карда, тарбият менамояд, бо муҳаббат барои пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавии тамоми минтақаҳои кишвар раҳнамоӣ мекунад. Пешвои миллат беҳтарин муаррифгари давлат ва миллат дар арсаи байналмилалист ва манфиатҳои миллиро  воқеъбинона ва ҷасурона ҳимоят менамояд.
Халқи тоҷик дар давраи мураккаб ва мушкили ҷаҳонишавии муосир ба  Пешвои миллат дилпурона бовар дорад ва   ӯ чун фарзанди асилу дилсӯзи миллат рисолати бузурги таърихии хешро ҳамеша сарбаландона ва садоқатмандона иҷро хоҳад кард. Бинобар ин,  хонаи ҳар тоҷикистонӣ муҳаббатгоҳи ӯ гардидааст. Чунон ки устод Мирзо Турсунзода гуфтааст:
Касе к - ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.    


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.04.2016, 5-6.04.2016    №: 64, 65, 66    Мутолиа карданд: 812

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед