logo

иқтисод

ҲАМОИШИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКУ ҲИНДУ

Дар ҳамоиши соҳибкорони тоҷику ҳинду, ки бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати кишвар ва Конфедератсияи саноати Ҷумҳурии Ҳиндустон, дар меҳмонхонаи «Шератон» - и пойтахт доир гашт, дар баробари тасвиби созишномаҳои  ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ масъалаи омодасозии кадрҳои соҳа низ баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо зикр намуданд, ки наздики бист сол боз  ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии  ду кишвари ба ҳам дӯст  рушд меёбанд ва дар ин замина барномаҳои зиёд дар бахшҳои гуногун амалӣ шудаанд. Имрӯзҳо  зарурати тайёр намудани мутахассисони баландихтисосе, ки бахшҳои барои ду кишвар афзалиятнокро дар сатҳи олӣ донанд, ба миён омадааст. Агар  мутахассисони баландихтисос барои  ба роҳ мондани фаъолияти муштарак дар  самтҳои дорусозӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, гидроэнергетика, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, саноати сабук ва ғайра ҷалб шаванд, равобити иқтисодии ду мамлакат боз ҳам густариш хоҳад ёфт.
Ба гуфтаи Матхун Рагхвата, иҷрокунандаи вазифаи сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, ҳарчанд муносибатҳои иқтисодӣ рӯ ба пешравианд, лек бархе соҳибкорон доир ба  имконоти якдигар маълумоти кофӣ надоранд. Ҳоло роҳбарияти кишварҳо барои ташкили идораи махсуси танзим ва ҷалби шарикони ҳамкор кӯшиш доранд.  Набудани роҳи нақлиёт байни ду кишвар низ дар ин самт  садди пешравиҳо гардидааст. Бо афзудани шумораи  ширкатҳои муштараки истеҳсолӣ ва савдо байни ду давлат ин камбудӣ аз байн хоҳад рафт. 
Зикр гашт, ки заминаи ҳамкории соҳибкорони  Ҳиндустон бо ҳамтоёни тоҷикашон,  хусусан дар самтҳои тиҷорат ва илмӣ - техникӣ солҳои охир хеле мустаҳкам гардидааст.  Ширкатҳои  истеҳсолии мамлакати номбурда омодаанд дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияташонро ба роҳ монанд. Дар вохӯрии соҳибкорон  масъалаи кори муштараки онҳо  дар минтақаҳои мазкур баррасӣ шуд. Вале барои беҳтар роҳандозӣ намудани фаъолияти ширкатҳо ва доираи тоҷирон ҷалби мутахассисони соҳа нақши муҳим мебозад.
Саидраҳмон Назризода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, гуфт, ки то  ҳол миёни Тоҷикистону Ҳиндустон 36 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, дар мамлакат 21 корхонаи муштарак фаъолият дорад. Аммо ҳаҷми гардиши мол байни ду мамлакат соли гузашта  20 дарсад коҳиш ёфтааст. Барои роҳандозии беҳтари додугирифти тиҷоратӣ  ва ташкили корхонаҳои муштарак вохӯриҳои судманди соҳибкорон нақши калидӣ дошта метавонад. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.04.2016    №: 65    Мутолиа карданд: 487

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед