logo

ҳуқуқ

ҶАЗО БАРОИ ПОРА ВА ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКӢ

Мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе баҳри таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, ва дар маҷмӯъ мубориза бо ҷинояткорӣ фаъолияти доимӣ мебарад.

Дар соли сипаришуда ва семоҳаи аввали соли равон кормандони ин ниҳод риояи қонунгузории замин ва самаранок истифода бурдани онро зери назорати қатъӣ гирифта, дар самти худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин аз ҷониби шаҳрвандон ва дигар шахсони мансабдор қонуншиканиҳои зиёдеро ошкор намуданд. Дар ин давра 187 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба 146 нафар, барои худсарона ишғол намудани қитъаи замин, сохтмони худсарона ва ғайриқонунӣ додани замин (аз ин шаш ададаш ба ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодӣ-коррупсионӣ тааллуқ дорад) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардиданд. 10,94 гектар қитъаи замини худсарона ишғолгардида ба ҳолати аввала баргардонда шуд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои эътиноии прокурорӣ 822 22 078 сомонӣ ба манфиати давлат ва корхонаю муассисаҳо барқарор гашт.
Мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» якҷо бо шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии ноҳияҳои шаҳр ва намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар бозорҳои пойтахт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ вохӯрию санҷишҳои муштарак гузаронд.
Санҷишҳои прокурорӣ оид ба риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории ҷорӣ вобаста ба танзими асъор ва назорати асъор дар шаҳри Душанбе нишон дод, ки масъулони баъзе нуқтаҳои мубодилаи асъор ва шаҳрвандони алоҳида аз чаҳорчӯби қонун берун баромада, даст ба ҷиноят задаанд. Онҳо, ҳатто, талаботи дастурамали Бонки миллии Тоҷикистонро ба инобат нагирифта, барои ба таври сунъӣ паст шудани қурби асъори миллӣ шароит фароҳам овардаанд. Дар рафти санҷишҳо дигар ҳолатҳое низ ошкор шуданд, ки баъзе шаҳрвандон ба фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ ва амалиёт бо асъори хориҷӣ бе гирифтани иҷозатномаи махсус машғул мешаванд. Кормандони прокуратура ҳолатҳои дар бозору марказҳои савдо бо асъори хориҷӣ хариду фурӯш намудани молу маҳсулотро низ ошкор намуданд. Дар ин давра нисбат ба 28 нафар барои риоя накардани талаботи моддаҳои 264, 281 ва 286 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардиданд. Тибқи талаботи моддаҳои 510, 535 ва 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 156 шаҳрванд парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва гунаҳкорон ҷазои сазовор гирифтанд.
Солҳои охир аз ҷониби шахсони мансабдор содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта зиёд шудааст. Мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе бо назардошти ин ҳолатҳо соли гузашта дар самти пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта муваффақ гардиданд. Дар ин давра 77 ҷиноят ошкор ва ба қайд гирифта шуд, ки аз ин 16 ададаш ҷинояти коррупсионӣ ва боқимонда ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта мебошанд.
Санҷишҳои прокурорӣ дар Раёсати истифодабарии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Фирдавсӣ, КВД «Обу корези Душанбе», Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе нишон доданд, ки кормандони ин идораю ташкилот дар давоми солҳои 2015 - 2016, бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, 620 000 сомониро азхуд намудаанд. Нисбат ба шахсони гунаҳкор бо моддаҳои 245 қисми 2, 3, 4; 323, 320 қисми 1, 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуданд.
Таҳлил ва нишондиҳандаҳои оморӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки маҳз дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани ташкили кор, андешидани тадбирҳои судманд ба самаранокии санҷишҳои прокурорӣ, ошкор ва бартараф кардани қонуншиканиҳо мусоидат намудааст. Такя ба қонунгузории ҷорӣ ва таҷрибаву малакаи кормандони прокуратураи шаҳр гуфта метавонем, ки ягон қонуншикан бе ҷазо намемонад.
Маҳмадсафо ГАДОЗОДА,
ёрдамчии калони прокурори шаҳри Душанбе, мушовири
адлияи дараҷаи 2


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.04.2016    №: 65    Мутолиа карданд: 511

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед