logo

иқтисод

ПАРВАРИШИ НИҲОЛ ЧАРО АЗ УСУЛИ НАВ КОР НАГИРЕМ?

Ҳар сол дар ҷумҳурӣ 10 – 12 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд мешавад, ки бо усулҳои гуногун шинонда ва парвариш меёбанд. Барномаи рушди соҳаи боғу- токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020 олимону мутахассисон ва хоҷагидоронро водор намудааст, ки барои боз ҳам сарсабз намудани кишвар, афзудани ҳаҷми истеҳсоли мева ва таъмини амнияти озуқавории кишвар аз тамоми роҳу усул ва воситаҳои судбахшро истифода баранд. Яке аз роҳҳои муфид ва зудрасандаи ташкили боғҳо ин парвариши ниҳолҳо дар тубак мебошад. Олимони Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Ҳикматулло Назиров, доктори илмҳои кишоварзӣ ва Нурмаҳмад Камолов, номзади илмҳои кишоварзӣ андешаҳояшонро оид ба бартариҳои ин усул чунин иброз намуданд.

- Рушди соҳаи боғутокпарвариро бе парвариши ниҳол тасаввур кардан номумкин аст, чунки солимии боғ, дарозумрии дарахтон ва самаранокии онҳо аз интихоби ниҳол вобастагии зич дорад.
Ниҳолҳоро бо усулҳои гуногун парвариш мекунанд ва барои рушди соҳа роҳҳои гуногуни он ҷуста мешавад. Яке аз усулҳои пешқадам парвариши ниҳол бо системаи решаи пӯшида мебошад. Ба ин мақсад, маводи гуногун ба монанди халтаҳои гуногунҳаҷми полиэтиленӣ, канабӣ, қуттиҳои чӯбӣ, зарфҳои пластмассӣ, сафолӣ, тунукагӣ ва ғайра истифода мешавад.
Бояд зикр намуд, ки ин тарзи парвариш барои дарахтони мевадиҳанда паҳлуҳои манфию мусбат дорад. Лекин афзалияти тарафи мусбат зиёд аст. Ин усул вақт, меҳнати зиёд, маводи иловагиро талаб намуда, боиси баланд шудани арзиши аслии ниҳол гардад ҳам, ба зудӣ харҷашро мепӯшонад.
Бо даст задан ба усули парвариши ниҳол дар тубак кишоварзон имкон пайдо мекунанд, ки аз чунин ниҳолҳо дар тамоми фаслҳои сол боғ бунёд намоянд. Таҷрибаҳои бо чормағз гузаронда дар солҳои 80 - 90 - уми қарни сипаришуда аз тарафи олимони стансияи таҷрибавии боғдории дар Файзободбудаи Институти боғпарварию сабзавоткории АИКТ ин амалро тасдиқ карданд.
Имрӯз талабот ба ин технологияи парвариши ниҳол дар кишварҳои тараққикарда хеле афзудааст. Хушбахтона, он дар ҷумҳурии мо ҳам ниёз пайдо карда истодааст.
Технологияи он барои дарахтони мевадиҳанда чунин аст: аввал дар замини кушод ниҳолҳои хасакро аз тухмӣ ё қаламча парвариш карда, баъд дар онҳо (тагпайвандҳо) навъҳои дилхоҳро пайванд мегузаронанд.
Пас аз як ё дусола шудани ниҳолҳо, онҳоро дар тирамоҳ ё аввали баҳор дар маводи истифодашавандаи (халтаҳо, қуттиҳо, тубакҳо), ки дар зерашон ду - се сурох дошта бошад, мешинонанд. Дарахтони аз як ҷой ба ҷойи дигар нагузаронанда (писта ва пекан) - ро якбора тухмиашонро дар маводи зикршуда шинондан лозим аст.
Пеш аз шинондан омехтаи хок, поруи пӯсида ва реги майдаи дарё (3:1:1) - ро дар тубакҳо барои ба бехи ниҳолҳо рехтан омода намудан зарур мебошад. Пас аз шинондан ба бехи ниҳолҳо об рехта, онҳоро дар тубакҳо на кам ду сол нигоҳ дошта лозим, то ки решаҳо афзоиш ёфта, дар ҳаҷми дохилии тубак паҳн шавад ва хок ба онҳо зич часпад.
Агар дар хок решаҳо паҳн нашуда бошанд, ҳангоми аз тубак гирифтани ниҳол барои дар замин шинондан хок аз реша ҷудо мешавад, ки ин боиси паст гардидани сабзиши ниҳолҳо дар замин мегардад. Дар вақти аз тубак ба замин шинондани ниҳолҳо бояд аз решаҳо хок кафида ҷудо нагардад.
Дар давраи дар тубакҳо нигоҳдории ниҳолҳо намнокии хок аз 15 дарсад кам набошад. Дар давраи нашъунумуи дарахтон ба онҳо додани ғизои иловагӣ аз фоида холӣ нест. Вобаста ба андозаи ниҳол ва ҳаҷми тубак ба ҳар ниҳол додани 50 - 150 грамм фосфор, 30 - 70 грамм калий ва ду маротиба (аввали баҳор ва аввали моҳи июл) бо миқдори 15 - 30 грамм нитроген андохтан тавсия мешавад.
Бо кадом муҳлат дар тубак парвариш кардани ниҳол вобаста аз ҷинси дарахтон ва мақсади истифодабарии он мебошад. Тубакҳои ниҳолшинондаро метавон дар ҳавои кушод дар рӯйи замин нигоҳ дошт. Барои дар гармии тобистон тубакҳо натафсанд метавон хандак кофта, онҳоро ҷойгир намуда, холигии байнро хокпур кард. Дар чунин маврид зарур аст, ки пеш аз гузоштани тубакҳо дар таги хандак ба ғафси 10 сантиметр шағал рехта, обпарто созем. То ки дар вақти обдиҳӣ намии такшиншудаи тубакҳо ҷамъ шуда, заҳ накашад. Агар об ҷамъ шаваду заҳ боло хезад, боиси хушкшавии дарахтон мегардад.

АЗ ИДОРА.
Соли ҷорӣ бо ибтикори Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳои Кӯлобу Ҳисор, ноҳияи Хуросон ва дигар минтақаҳо дар даҳҳо гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда шуд, ки дар соли аввал гул кардаанд. Агар усули дар тубакҳо парвариш кардани ниҳолҳо ва кӯчати онҳо ба таври васеъ ба роҳ мондан шавад, имкони бунёди боғҳои муосирро даҳчанд афзудан мумкин аст, ки сад дар сади онҳо сабз гашта, ба ҳосил медароянд.

Гирдоваранда Мирзои ФИРӮЗ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.04.2016    №: 65    Мутолиа карданд: 924

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед