logo

иқтисод

«БА ҶОИ ЗЕБОӢ ЗИЁН»

Мақолаи рӯзноманигор Оҳистамоҳ Гулбердиева, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» № 7, 12 январи соли 2016 таҳти унвони «Ба ҷои зебоӣ зиён» ба табъ расидааст, дар Хадамоти гумрук мавриди баррасӣ қарор ёфт.

Мутобиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти гумрук мамнуияту маҳдудиятҳоеро, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба моли аз сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда муайян гардиданд, таъмин менамояд.
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарории гумрукии воридоти молу воситаҳои нақлиётро баъди анҷом додани назорати давлатии санитарию карантинӣ, карантинию фитосанитарӣ, байторӣ ва пешниҳоди сертификати мутобиқати мақомоти давлатии ваколатдори сертификатсионӣ ба амал мебарорад, дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ баҳри иҷрои вазифаи асосии худ, яъне таъмини амнияти миллӣ, ҳаёт ва саломатии инсон дар доираи салоҳияти хеш чораҳои дахлдор меандешад.
Қатъи назар аз корҳои анҷомдодашуда, ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани фаъолият дар самти мазкур дар оянда низ мақомоти гумрук дар доираи салоҳияти худ  тамоми саъю кӯшиши худро баҳри пешгирии воридоти молҳои пастсифат равона месозад.
Дар ин самт оид ба пешгирии қонуншиканиҳои гумрукӣ дар соли 2015 ва 2 моҳи соли 2016 аз ҷониби сохторҳои мақомоти гумрук ҳамагӣ 10 ҳолати воридоти ғайриқонунии атриёт ва дар 4 ҳолат маводи парфумерӣ (пастсифат ва бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мол) ба миқдори умумии 22441 дона ва 1421 кг ба қайд  гирифта шудааст. Дар робита ба ин ҳолатҳо аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои барррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол шуданд. Аз рӯи баррасии онҳо ба маблағи умумии 23349 сомонӣ ҷарима, ба маблағи 27771 сомонӣ пардохти гумрукӣ рӯёнда, ба маблағи 3052 сомонӣ мол мусодира гардидааст. Молҳои пастсифат тибқи хулосаи коршиносон нобуд карда шудаанд.

Ҷ. МИРБОЗХОНОВА,
сардори шуъбаи иттилооти Хадамоти гумрук


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.04.2016    №: 65    Мутолиа карданд: 438

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед