logo

ҳуқуқ

«ПАЁМАДИ ЯК ИШТИБОҲ Ё БЕМАСЪУЛИЯТӢ ДАР КУМИТАИ ЗАМИНСОЗИИ НОҲИЯИ ҒОНЧӢ»

Прокуратураи ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) мақолаи «Паёмади як иштибоҳ ё бемасъулиятӣ дар кумитаи заминсозии ноҳияи Ғончӣ» - ро оид ба ҷой доштани қонуншиканиҳо дар фаъолияти Кумитаи идораи замини ноҳия, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (шумораи № 13 аз 20 – уми январи соли 2016) ба табъ расида, аз прокуратураи вилояти Суғд  3 – юми феврали соли 2016 – ум ворид шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Муайян гардид, ки дар асоси аризаи шаҳрванд Раҳматов Азизқул, сокини деҳаи Далёни Болои ноҳия, пешниҳоди Ҷамоати деҳоти Далёни Боло, таҳти № 228 аз 17 – уми ноябри соли 2014 парвандаи заминсозӣ омода карда, 3 - юми декабри соли 2014 барои омода намудани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба кумитаи идораи замини вилояти Суғд ирсол карда шудааст. Ҳангоми тайёр шудани  сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ному насаби Раҳматов Азизқул нодуруст, ҳамчун Азизҷон сабт шудааст. Пас аз ислоҳ намудани камбудии  мазкур аз ҷониби кумитаи идораи замини вилояти Суғд сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба Раҳматов А. дастрас гардидааст.
Бо гирифтани баёноти шахсони масъули соҳа маълум гардид, ки сабаби сари вақт дастрас нагардидани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дар он мебошад, ки ҳуҷҷатҳои лозимаро шаҳрванд Раҳматов А. дар вақти муқарраргардида, бо сабаби дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданаш, пешниҳод накардааст. Инчунин, бо иштибоҳ ба ҷои Азизқул Азизҷон навишта шудани номи ӯ боиси сари вақт дастрас нагардидани  сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба номбурда гардидааст.
Аз натиҷаи санҷиши мазкур баҳри бартараф  намудани қонунвайронкуниву камбудиҳо ва сабабу шароитҳои  ба онҳо мусоидаткунанда дар фаъолияти кумитаи идораи замин ба унвони раиси Деваштич пешниҳод ирсол карда шуд.

Д. С. ТАЛБАКЗОДА,
прокурори ноҳияи Деваштич,мушовири
адлияи дараҷаи 1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.04.2016    №: 65    Мутолиа карданд: 520

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед