logo

иҷтимоиёт

ПУЛИ МИЛЛӢ. ЭҲТИРОМИ ОН ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ!

Эҳтиром гузоштан ба пули миллӣ ва муносибати ғамхорона ба он вазифаи ифтихории шаҳрвандист. Пул дар пешбурди рӯзгор, беҳрӯзии оила ва буҷети давлат нақши муҳим дорад.
Мутаассифона, баъзеҳо дидаю дониста ба рӯи пулҳои коғазӣ хату акс кашида, ибораҳои қабеҳ менависанд. Мушкили дигари  боиси нигаронӣ афзун шудани пулҳои фарсуда аст. Зеро аксар вақт мардум пулро бетартибона ба ҷайб андохта, ғиҷим мекунанд.
Коршиносон яке аз омилҳои зуд куҳна ва корношоям гардидани пулҳои коғазиро надоштани ҳамён унвон мекунанд, зеро дар ҷайб гузоштани пул зимни ҳаракат, нишасту хез ва чанд бор ба ҷайб бурдани даст онро ба ҳоли куҳнашавӣ мерасонад.
Мувофиқи қоида, муассисаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ уҳдадоранд, ки сифати муносиби пулҳои коғазӣ ва тангаҳои дар муомилотбударо таъмин намоянд. Пулҳои коғазӣ ва тангаҳои осебдорро аз муомилот хориҷ созанд.
Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии ҷумҳурӣ, ҷиҳати фарсудашавии пули миллӣ гуфт: «Мардум пулҳои худро бештар дар хона, нигоҳ медоранд, ки ин гуна муносибат оқибат пулро ба ҳоли фарсудашавӣ меорад».
Ба андешаи ӯ, мардум бояд дар бонкҳо суратҳисоб кушода, пулҳои худро дар ҷойи бехатар нигоҳ доранд. Ва ин метавонад як омили пешгирии фарсудашавии пули миллӣ гардад.
Дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҷанҷолҳои мусофирон бо пулчинҳо зиёд ба мушоҳида мерасад. Баъзе мусофирон чунон пулҳои фарсудаву ба қавле скочпечро пешниҳод мекунанд, ки дар бисёр ҳолат муноқишаи тарафайнро ба вуҷуд меорад.
Бояд зикр кард, ки иваз намудани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсудашуда тибқи қоидаҳои тартиби муайян намудани коршоямии пулҳои коғазӣ ва тангаҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси муроҷиати шифоҳии шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ бе маҳдудият ва ройгон анҷом дода мешавад. Вале то ҳол мушоҳида нашудааст, ки мардум барои ин кор ба бонк муроҷиат карда бошанд.
Сафарбек Азизов, мутахассиси соҳаи бонкдорӣ, доир ба ин мавзӯъ аз ҷумла чунин гуфт: «Мувофиқи қонунгузорӣ пулҳои фарсудаи аз яксомонигӣ боло, ки 55 дарсадаш мавҷуд аст ва қасдан бурида ё скочпеч нашудааст, ройгон иваз карда мешаванд».
Ба қавли мавсуф, давоми чанд соли кориаш то ҳол касе барои ивазкунии пулҳои фарсуда ба бонки онҳо муроҷиат накардааст.
Шумори пулҳои фарсуда чанд соли охир чунон зиёд ба назар мерасад, ки аз бозорҳо сар карда то баъзе идораву ташкилотҳои бонуфуз ва қисме аз бонкҳои хурдро фаро гирифтааст. Баъзан пулҳои коғазие ба даст мерасанд, ки аз сахт қапиданаш меҳаросӣ, зеро зуд пора мешаванд.
Ш. Раҷабов, сокини пойтахт, ҷиҳати нигоҳдорӣ ва муносибати ғамхорона ба пули миллӣ чунин ибрози андеша кард: «Бо пешрафти замони муосир бояд бештари аҳолӣ суратҳисоб ва корти бонкӣ дошта бошанд. Зеро вақте дар даст корти бонкӣ бошад, бо худ гирифтани маблағи зиёд лозим намешавад. Масъулини тарабхонаву беморхона, бозору мағоза ва марказҳои тиҷоратӣ бояд дастгоҳҳои хурди ҳақситонӣ аз корти бонкиро муҳайё карда, тариқи он гардиши пул ва тиҷорати худро ба роҳ монанд».
Барои пешгирии фарсудашавии пули коғазии сомонӣ аз имрӯз тадбирҳо бояд андешид. Ҳамчунин, фарҳанги муносибат бо пулро дар байни аҳолӣ тарғиб кардан амри зарурист. Мардум бояд донанд, ки пул як рамзи давлатдорӣ буда, эҳтироми он эҳтироми давлат, фарҳанг ва арзишҳои миллист.

Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.04.2016    №: 65    Мутолиа карданд: 435

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед