logo

иҷтимоиёт

ЛАХШ. ТАБИБОН НАМЕРАСАНД

Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми имсола  ба Маҷлиси Олӣ бо нигаронӣ аз нокифоя будани сатҳи хизматрасонии тиббӣ зикр намуданд:
«Солҳои охир дар муассисаҳои тиббӣ таҷҳизоти замонавӣ васеъ ворид гардида, ба ин восита сатҳи ташхису табобати беморон беҳтар шуда истодааст. Аммо ихтисосмандоне, ки таҷҳизоту технологияҳои муосири тиббиро пурраву самаранок истифода бурда тавонанд, дар кишварамон ҳанӯз хеле каманд».
 
Ҳолати мазкур дар ноҳияи Лахш, хусусан дар Ҷамоати деҳоти «Лахш» боиси нигаронии сокинон гаштааст. Ҳарчанд биноҳои нави дорои  бахшҳои гуногун бунёд шудаанд,  набудани таҷҳизоти муосири тиббӣ ва пизишкони ихтисосманд беморонро дучори мушкилоти зиёд намудааст.  Аксаран барои як ташхиси одӣ, муоинаи фаросавтӣ (УЗИ) ва  давои касалиҳои начандон вазнин роҳ сӯйи шаҳри Душанбе мегиранд. Ба замми маризӣ мушкилоти надоштани ҷойи зист дар шаҳр, дарёфти беморхонаи муносиб  ва ғайра онҳоро пеш меоянд. Ба ҳамин минвол, набудани таҷҳизоти нави табобат ва кормандони тахассусӣ дар шифохонаи  ҷамоати мазкур беморонро саргардон намудааст.
Мария Илёсова, сокини ноҳия, гуфт: «Ду сол пеш барои табобати пой ба беморхонаи маҳаллӣ муроҷиат кардам. Азбаски он ҷо ташхисгоҳи хуб нест, сабаби бемориамро духтурон дақиқ муайян карда натавонистанд. Ҳарчанд  доруи зиёд истеъмол кардам, шифо наёфтам.  Бо сабаби набудани мутахассисони баландихтисос ва технологияи нави соҳа дар беморхонаҳои маҳаллӣ тайи чанд сол мешавад,  ки  ташвишҳоям хотима намеёбанд. Баҳри  муолиҷаи пой дар шифохонаҳои  пойтахт саргардонам».
Ба гуфтаи Эмом Ғафуров, муовини якуми сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Лахш, сабаби мушкилии мазкур аз як ҷиҳат норасоии таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз тарафи дигар  нарасидани табибони ихтисосманд мебошад. Бо вуҷуди шароити хуби кор бархе аз марказҳои хизматрасонии тиббии ноҳия  имрӯзҳо ба табибони баландихтисоси чашму гӯш, шикастабандӣ, узвҳои дарунӣ, асаб, дилу рагҳои хунгард,  бемориҳои занона, кӯдакон ва момодояҳо эҳтиёҷманданд. Аз сабаби набудани чунин табибон бемор сари вақт ва дуруст ташхис нашуда, мубталои касалии вазнинтар мегардад. Дар ин самт мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри роҳандозии технологияи навин ва такмили ихтисоси кормандони соҳа чораҳои зарурӣ андешидааст. Дар асоси ин тадбирҳо рӯзҳои наздик таҷҳизоти ташхискунанда ва муоинаи фаросавтӣ дар беморхонаҳои деҳоти дурдаст фароҳам ва мушкилии маризон  бартараф хоҳад шуд. Агар беморӣ  ҳангоми бори аввал муроҷиат кардани мариз ба табобатгоҳ дуруст, дақиқ ва бо истифодаи технологияю усулҳои муосир муолиҷа шавад, боиси саргардонии бемор нахоҳад гашт. Яке аз омилҳои дигари  камбуди мутахассисон истифодаи ноодилонаи  Квотаи президентӣ дар  соҳаи таҳсилоти  тиббӣ маҳсуб меёбад. Аксаран онҳое, ки ба тариқи Квотаи президентӣ муассисаҳои олии тиббиро хатм мекунанд, баъди таҳсил ба зодгоҳи худ барнамегарданд. Ин ҳолат боиси норасоии духтурони тахассусӣ ва донандагони таҷҳизоти нави тиббӣ дар ноҳия гардидааст.
Воқеан, солҳои охир шифохонаҳои шаҳру навоҳӣ аз ҷиҳати таъминоти моддию техникӣ, ҳуҷраҳои хоби беморону дигар бахшҳои табобатӣ хеле беҳбудӣ ёфтаанд. Бунёди  биноҳои нави марказҳои хизматрасонии тиббӣ бо ташаббуси  Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз таваҷҷуҳи зиёди роҳбарияти олии мамлакат ба соҳаи ҳаётан муҳим дарак медиҳад. Аз ҷумла, соли гузашта бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳия  дар шафати беморхонаи Ҷамоати деҳоти Лахш бинои нави бахши ҷарроҳӣ қомат афрохтааст. Аммо набудани кормандони тахассусӣ ва таҷҳизоти зарурии табобат муҷиби саргардонӣ ва мушкилоти зиёди беморон гардидаанд. Бинобар ин, масъулон бояд дар андеша бошанд, ки шифохонаҳои маҳаллӣ ба ҳадди зарурӣ бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва табибони тахассусӣ таъмин карда шаванд, зеро корафтодагон дучори мушкилот ва харҷи барзиёд нахоҳанд шуд.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.04.2016    №: 65    Мутолиа карданд: 458

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед