logo

сиёсат

ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ОЛМОН

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов бо Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Франк Валтер Штайнмайер, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, дидору гуфтугӯ кард.
Вазири корҳои хориҷии кишвар зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт ва он ҷиҳати муайян намудани самтҳои асосии ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Олмон дар ояндаи наздик ва дурнамо имконияти хеле мусоид фароҳам овард. Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами дуҷониба ва бисёрҷонибаи миёни Тоҷикистон ва Олмонро дар самтҳои иқтисодию тиҷоратӣ, обу энергетика, илму фарҳанг, робитаҳои байнипорлумонӣ ва тавсеаи ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ  мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба гуфтаи Сироҷиддин Аслов,  масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва тундгароӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Аврупо, инчунин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ  дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.   Зикр гардид, ки гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ аз вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ, мо пешниҳод кардем, ки баррасии ин мушкилот дар доираи рӯзномаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, бахусус ба мақсади такмили фаъолияти ҳамоҳанги САҲА бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, назири Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ, Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай идома ёбад.
- Мо ба ин боварем, ки таҷриба ва касбияти ҳамкорони олмонии мо, эътиқод ба САҲА ва ояндаи он, ҳамчунин садоқат ба усулҳои муколама барои амалӣ намудани талошҳои мо  ва дастёбӣ ба натиҷаҳои мусбати созгор ба манфиати тамоми кишварҳои аъзо мусоидат хоҳад кард, - иброз дошт Сироҷиддин Аслов.

Додоҷон  РӮЗИЕВ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.04.2016    №: 65    Мутолиа карданд: 416

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед