logo

номаҳо

БАҲСҲО КАЙ АНҶОМ МЕГИРАНД? БОЗ ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИИ НАҚЛИЁТӢ

Субҳи ҷумъаи 11 марти соли 2016, яъне ҳангоми ба кор рафтанам, ба нақлиёте, ки навиштаи «ЦУМ – Қараболо» - ро дошт, нишастам. Дар он 4 нафари дигар низ буд. Ман 3 сомонӣ додаму «то Сирк», гуфтам. Ронанда як сомонӣ бақия дод. Аз ӯ пурсидам, ки чаро ду сомонӣ гирифтӣ, охир то ними роҳ 80 дирам аст-ку? Дағалона ҷавоб дод: «Соли 2013 роҳкиро  1 сомонию 60 дирам буду гузашт, шумо аз ҳама қафо мондаед… Ба наздикӣ боз қиматтар мешавад, баъд чӣ кор мекунед?... Ин кори мо аст. Ман аз шумо пули таъмиру «запчаст» (қисмҳои эҳтиётӣ) талаб накардаам - ку ….». Ва боз чандин суханони таҳқиромез гуфт. Пас аз он 40 дирам бақия дод. Он маршруткаи рақами 12 ба Турсунов М. К. тааллуқ дорад. Навишта шуда буд, ки рақамҳои телефонаш 918 - 80 - 33 - 03 мебошад. Ҳамон лаҳза барои санҷиш ба рақамаш занг задам, ки худаш бардошт. Рақами давлатии нақлиёт 1981ТТ 05 буд. Хатсайраш агарчӣ рақами дувоздаҳро нишон медод, лекин аз сӯи бозори «Корвон» ба тарафи Беморхонаи Қарияи боло ва Фурӯшгоҳи марказӣ («ЦУМ») ҳаракат мекард. Чунин мисолҳоро, мутаассифона, зиёд овардан мумкин аст. Баҳсу ҷанҷол дар ин гуна мавридҳо на ба нафъи мусофирон мебошаду на ронандагон. Балки он ба тандурустӣ ва ҳолати равонии ду ҷониб таъсири  манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки масъулон дар рафъи камбудиҳои ҷойдошта бояд сари вақт ва бо эҳсоси  масъулият  саҳм бигиранд.
С. АЛИМОВА,
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.04.2016    №: 66    Мутолиа карданд: 6537

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед