logo

ҳуқуқ

АГАР ФАРЗАНДРО АЗ ХУРДСОЛӢ ТАРБИЯ НАКУНЕМ…

Моҳи марти соли ҷорӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иловаҳо ворид гардиданд. Мувофиқи он, падару модарон аз операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ маълумотномаи аз тарафи фарзанд истифода шудани хизматрасонии интернетиро ба таври ройгон мегиранд. Инчунин, ба сархати сездаҳуми моддаи 8 уҳдадории дигаре илова шуд, ки минбаъд волидон аз ҷониби фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат менамоянд.

Дар баробари он ки дар таълиму тарбияи насли наврас мактаб ва оила нақши муҳимро мебозанд, ҷомеа ва шабакаҳои интернетиву иттилоотӣ низ дар ин самт бетаъсир нестанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари наврасон ба қобилияту тавоноии худ баҳогузорӣ карда натавониста, ин ё он нафарро идеал интихоб мекунанд ва баъд аз пайравиву тақлид раҳо шуда наметавонанд. Бахусус, дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша маълумоту аксу наворҳои дурӯғин, фаҳш ва ифротӣ давр мезананд. Фавҷи иттилооти бешумор ба рӯҳияи ноболиғон таъсири манфӣ расонда, зери таъсири ғояву идеологияҳои бегона мондани онҳоро осон менамояд.
Бино ба гуфтаи Зебуннисо Холдорбекова, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ иловаҳои ба қонун воридшуда барои вазъи ҳассоси ҷомеаи мо муҳим арзёбӣ мешавад.
- Рушди босуръати технологияи иттилоотӣ, ташаккули ақида, ҷаҳонбинӣ ва меъёри рафтори одамон аз воситаҳои ахбори омма вобастагии зич доранд. Хабару маълумоти матбуот, радио, телевизион, бавижа шабакаҳои интернетӣ метавонанд дар муддати кӯтоҳ ба нуқтаҳои дурдасттарин рафта расанд, ба ҳама гуна муҳити ҷомеа роҳ ёбанд ва чархи тафаккури аҳолиро ба ин ё он самт ҳаракат диҳанд, - изҳор дошт Зебуннисо Холдорбекова.
Соли сипаришуда чандин ҷавонону наврасон ва ҳатто калонсолон маҳз тавассути шабакаҳои интернетӣ ба сафи ҷангиёни «Давлати исломӣ» шомил гардиданд. Аз ҷумла, ҷавонони гумроҳе, ки дар шаҳри Норак ва ноҳияи Шаҳритуз парчами «Давлати исломӣ»-ро барафрохтанд, тавассути телефони мобилӣ ба ин кор ҷалб шуда буданд.
Мувофиқи иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» воридгардида, волидоне, ки аз корҳои ношоиста, машғулияти шабонарӯзӣ дар шабакаҳои интернетӣ, дигаргуншавии рафтору кирдори фарзандашон огоҳӣ меёбанд, ба операторон ва провайдерони хизмати алоқаи мобилӣ муроҷиат намуда, маълумоти заруриро дар бораи фарзандони худ дастрас мекунанд. Масалан, хонандаи мактаб агар берун аз дарс қарор доштаву аз ҳисоби соатҳои дарсӣ бо интернет сарукор гирад, падару модар огоҳ шуда, чораҳои зарурӣ меандешанд.   
Сокини шаҳри Душанбе Манижаи Давлатёр, ки худ омӯзгор аст, дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки имрӯз кӯдаки боғчарав низ дар даст телефони мобилӣ дорад. Волидон аз дӯстдории зиёд ба фарзандашон воситаҳои қиматбаҳои техникӣ мехаранд. Ғофил аз он ки телефону планшетҳо ба рӯҳу равони кӯдак чӣ қадар таъсири манфӣ мерасонанд. Майнаи ӯро аз маълумоти пучу бемаъно пур мекунанд ва шавқи хондану навиштан аз лавҳи хотираш сутурда мешавад.
Равоншинос Ҷонибек Акобирзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тазаккур дод, ки наврасону ҷавонони имрӯза аз ҳар ҷиҳат аз ҷавонону наврасони даврони шӯравӣ фарқ мекунанд. Вобаста ба вазъи ҳассоси ҷаҳон ва ҳаводиси мухталифи иҷтимоиву сиёсӣ, иттилооти бешумор насли ҷавони мо ба машварату маслиҳати психологӣ ниёз дорад. Дарсҳои  равоншиносиро метавон дар давоми соатҳои тарбиявӣ гузаронд. Агар рӯҳияву қобилияти фарзандро дар хурдсолӣ ба самти муайян равона насозем, ба тарбияи этикиву эстетики ӯ накӯшем, баъд дер мешавад. Чизи муҳиме, ки бояд хонандагони мо омӯзанд, худтарбиякунист, яъне аз болои худ кор бурдан, ба хатову дурустии рафтору гуфтору кирдори худ баҳо дода тавонистан аст.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.04.2016    №: 66    Мутолиа карданд: 584

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед