logo

иҷтимоиёт

ҶАСОРАТИ ЖУРНАЛИСТӢ БИДУНИ САВОД ВА ИСТЕЪДОД ИМКОННОПАЗИР АСТ

Матбуот дар ҳама давру замон аз худ нақши мондагор боқӣ мондааст. Аммо нақши ҳар як журналист дар ин фазо мухталиф аст. Яке бо талошҳои хастанопазир ва нашри маводи таҳрикдиҳанда  пазируфтаву ошно ва дигаре мусофири ин роҳ аст. Бо Ҳуриннисо Ализода, журналисти шинохтаи кишвар, ки ин пайроҳаро бо шебу фарозҳояш сарбаландона пушти сар мекунад,  хабарнигори рӯзнома дар ин бора мусоҳибае анҷом дод.

- Шумо ҳам дар матбуоти замони шӯравӣ ва имрӯз фаъолият кардаед, фарқи байни ин дуро дар чӣ мебинед?
- Матбуоти имрӯз бо замони шӯравӣ умумиятҳо ва айни замон фарқи калон низ дорад. Нисбат ба он замон имрӯз матбуот озодии бештарро соҳиб аст. Ҳузури матбуот ва дигар  расонаҳои мустақил, ки дар замони шӯравӣ, ҳатто дар ин бора орзу кардан имконнопазир буд, намунае  аз чунин пешравию фарқиятҳост. Умумият он аст, ки дар ҳар ду давра матбуоти миллии мо дар чаҳорчӯби хос фаъолият дошт. Фарз кардем, инъикоси мавзӯи ватандӯстии мо аз замони шӯравӣ фарқ дорад. Он вақт шиори ватандӯстӣ барои миллату халқҳои гуногун як ватан, яъне  СССР буд. Ҳоло ватандӯстии мо бо доштани  ифтихори миллӣ, боз инсондӯстиву рафоқат байни миллатҳо ва кишварҳоро низ тараннум мекунад.  Дар замоне, ки мо истиқлолият пайдо кардаву аз шӯравӣ ба сохти демократӣ гузаштем, садҳо қолабҳои шахшудаи матбуоти замони гузаштаро шикастем. Мусаллам аст, ки матбуот инъикоскунандаи замони худ аст.
Имрӯз дар васоити ахбори оммаи мо ҷиҳатҳои тавсиявӣ ва омӯзишӣ, яъне тарбиявӣ бештар дида мешавад. Хонандаи мо дар баробари он ки журналист ё матбуот иттилоъро мерасонад, роҳи ҳалли мушкилот ё масъалаи гузошташударо ҳам интизор аст. Ин шояд мерос ё таъсири матбуоти шӯравист, ки  бештар рисолати идеологиро нисбат ба иттилоърасонӣ дорад. Дар Ғарб журналист ин муаллим, тарбиятгар,  сухангӯ ба ҷойи сиёсатмадор ё  худ таҳлилгар нест. Ӯ иттилоъро ба ихтиёри ҷомеа вогузор мекунад, то афкорашро таҳрик бидиҳаду худ хулоса барорад. Дар мо журналистон  ҳатто гоҳо нақши коршинос ва ашхоси масъулро  ҳам бар дӯш бояд бигиранд. Зеро маъмулан мансабдорон барои гурез аз ҳалли масъалаи гузоштаи журналист талаб мекунад, ки «гунаҳгор» - ро ҳам онҳо ёфта бидиҳанд, ё ки мардум ҳам роҳи ҳалли масъаларо аз нигоҳи журналист  дидан мехоҳад.

- Мегӯянд, ки журналистон ҷасорати худро аз даст додаанд, ба ин ризоед? Ва умуман, журналисти боҷасорат чӣ гуна бояд бошад?
- Каме тамаллуқ ҷои касбиятро гирифтааст, маддоҳқаламон низ, ки ба хотири манофеи шахсӣ кор мекунанд, худро журналист мешуморанд.
Ҷасорати фитрӣ бошад, дар пояи  истеъдоду касбият аст. Ҷасорат бидуни савод имконнопазир мебошад, зеро бо ҷасорат гуфтан, яъне мушкилоти иҷтимоиро бе хотирбинӣ ошкору беғараз навиштан ҳам бояд дар пояи огаҳӣ аз қонун ва уҳдадории касбӣ бошад. Баъдан ҷасорат барои журналист  танҳо дар ҳоли воқеанигорӣ бехатар аст. Агар воқеан масъалаи мавриди назари интиқодии ту масъалаи бар манфиати миллат, миҳан ва давлат асту  бовар дорӣ, ки мушкилоти интиқодкардаат ислоҳшавандаву далелу арқомат собитшаванда аст, пас бигӯ, бинавис ва «боло» ва «поин» - ро бонги хатар дарбидеҳ, то ба ҳалли он зудтар мусоидат созанд.
Беҷасоратии бархе аз ҳамкасбони мо ҳам аз надоштани ин се омил ё яке аз онҳо аст. Зеро  агар аз ин се якеаш набошад, ҷасорат бодест, ки коҳеро арзиш надорад. Ё имрӯз қисмате аз матбуоти мо ба «тиҷорат» даст мезананд. Нафаре, ки воқеиятро бо пул мефурӯшад ва медонад, ки ба ивази дастмузде чизе навиштааст, хоса агар касеро танқид кардааст, оё ин ҷасорат аст? Ин ғараз аст. Ин гуна журналист на танҳо виҷдон ва касбияту ҳақиқатро фурӯхтааст, мутмаин бошед, ки дигар арзишҳо ҳам барои ӯ нарх доранд ва рисолаташ низ барояш арзише надораду нафс аз касбият болотар истодааст.

- Шумо низ  замоне сармуҳарририи маҷаллаи давлатиро ба уҳда доштед. Муносибат ҳангоми нашр ва таҳияи маводи интиқодӣ аз фаъолияти роҳбарон чӣ гуна буд?
- Бисёриҳо фикр мекунанд, ки нашри ин ё он мавод,  танқид кардан ё накардан дар матбуоти ҳукуматӣ супориш аз боло аст. Аммо ин тавр нест. Вақте ки соли 2006 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» - ро таъсис доданду маро ба вазифаи  сармуҳаррири он таъйин карданд, аввалин  супоришашон ин буд, ки матолиби он танҳо ва танҳо аз ҳаёти воқеии мардум бошад, то маҷалла дар хидмати бонувони кишвар буда, рӯзгорашонро бо ҳама талху шириниаш инъикос намояд. Ҳатто ин гуфтаҳо дар номаи табрикотияшон ба ифтихори нашри шумораи аввал низ омадааст. Оре, Сарвари давлат  нагуфтанд, ки он дар хидмати Ҳукумат ё Президент ё нафари дигаре бошад, балки аз воқеияти рӯзгори  занон бошад, гуфтанд. Рӯзгори инсонҳо бошад, танҳо аз хушбахтиву муваффақиятҳо иборат нест, мушкилот ҳам, мутаассифона, ҳанӯз кам нест.

- Имрӯз матбуот ба чӣ бештар ниёз дорад: фаврият, касбият ё иҷрои рисолат?
- Ҳар се. Имрӯз ва ҳама давру замон. Вазифаи матбуот дар ҳама ҳолат иҷрои рисолат аст. Ҳамон замоне, ки матбуот рисолати худро амалӣ карда натавонист, пас муҳимияти худро аз даст медиҳад.

- Ташаккур барои як суҳбати ошкоро.

Суҳбаторо Ҳ. САНГОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.04.2016    №: 66    Мутолиа карданд: 501

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед