logo

ҳуқуқ

ҶОНИБДОРИИ СУДЯҲО АЗ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО

Мақомоти қонунгузори кишвар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба баррасии шаҳрвандон пешкаш намуд. Зарурати пеш гирифтани чунин иқдом  мусоидат намудан ба рушди равандҳои демократикунонии ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо, таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, низоми мақомоти давлатӣ, ҷорӣ намудани қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ва мутобиқ гардондани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.       
Лоиҳаи пешниҳодгардидаро ба ду қисмат метавон ҷудо кард. Қисмати аввал ба тағйироти имлоии забон, услуб, тарзи   маъноии калимаҳо бахшида шудааст. Масалан, калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ», «шахсоне» ба «шаҳрвандоне», «додан» ба «супоридан», «вазифаи ҳар кас мебошад» ба «ҳатмист», «ҳаққи зиндагӣ» ба «ҳуқуқ ба ҳайёт», «ташкил» ба «таъсис» иваз шуда, барои мукаммал, фаҳмову равон шудани забону муҳтавои Конститутсия мусоидат мекунад. Қисмати дигари тағйиру иловаҳо хусусияти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дошта, баҳри амнияту суботи мамлакат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ нигаронда шудаанд. Аз ҷумла, дар моддаи 8 иловаи нав ба тариқи зайл омадааст, ки барои амнияту суботи мамлакат хеле муҳим аст. «Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст». Ин илова бо мақсади пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳоест, ки ҷанбаи динӣ ва миллӣ доранд ва метавонанд ба низоъҳо  ва муноқишаҳои миллӣ оварда расонанд.
Дар моддаи 85 сухан дар хусуси талабот нисбат ба шахсе меравад, ки ба вазифаи судягӣ интихоб ё таъйин мешавад. Дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинӣ гардидааст: «Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судягӣ таъйин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад». Ё дар моддаи 89 қисми сеюм омадааст: «Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб шудааст, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад».
Дар моддаи 73, қисми сеюм дар таҳрири нав пешниҳод шудааст. Тибқи он «Аъзои Ҳукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд». Дар қисми чоруми модда пешниҳод шудааст, ки аъзои Ҳукумат бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад. Ҳамаи ин тағйиру иловаҳо бозгӯи онанд, ки масъулияти аъзои Ҳукумат ва судяҳо баланд бардошта шуда, дар фаъолияти онҳо ба саҳлангориву хатоӣ роҳ дода нашавад ва пеш аз ҳама, манфиатҳои миллӣ ҳимоя гарданд.
Ёд кардани савганд ин зиёд намудани дарки масъулият, эҳсоси худшиносӣ ва касбияти баланд дар иҷрои вазифаи хидматӣ мебошад. Вақте инсон савганд ёд мекунад, бояд ба он содиқ монад. Шикастани қасам хиёнат ба вазифа, мардум ва  дар маҷмӯъ Ватан аст.

Нусратулло САДИРЗОДА,
 раиси Суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.04.2016    №: 66    Мутолиа карданд: 402

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед