logo

фарҳанг

«НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН»

Бо ин ном китоби Рашиди Қодириён, Аълочии маорифи ҷумҳурӣ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз тариқи нашриёти «ЭР-граф» зери таҳрири Абдуҷаббор Раҳмонзода, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ,  ба табъ расид.

Муаллиф бо зикри дастовардҳои бузурги замони истиқлол саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар мешавад. Ҳамзамон таъкид месозад, ки сулҳи деринтизор ба осонӣ ба даст наомадааст. Балки барои он аз оғози фаъ-олияти сарварияш ин абармарди миллат бо хиради азалӣ, ҷасорат саъю талоши хастанопазир намудааст. Воқеан, хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар оғози истиқлолияти кишвар ба осонӣ ба даст наомад ва ҳам на ҳар кас бо эҳсоси ватандорӣ ва нангу номуси миллӣ он замон ин бори масъулиятро ба дӯш мегирифт.
Хатари маҳви номи сарзамину давлати тоҷикон аз харитаи ҷаҳон вуҷуд дошт ва он ҳар лаҳза таҳдид мекард. Ба ин бархе аз душманони миллат, ки тарҳи ҷангро кашида ва мепиндоштанд, ҳатман ба мақсад мерасанд, манфиатдор буданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари навинтихобшудаи давлати тоҷикон, дар баробари баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, пойдор намудани сулҳ бояд бо тадбирандешиҳои дурусту саривақтӣ нақшаҳои ғаразҷӯёну душманони миллатро барбод медод. Ва ба ин муваффақ ҳам гардид.
Халқ дар симои ӯ пешвову пуштибони асилро дид ва бо дилпурӣ умед баст, ки  ояндаи ин кишвари ба истиқлолрасида, новобаста аз ҷангҳои мудҳиш, неку дурахшон мебошад. Муаллиф, ки бевосита шоҳиди ин ҳодисоти мураккаби кишвар аст, тавониста ҳақиқатро равшану возеҳ, дурусту дақиқ бозгӯ бикунад ва ҳамзамон нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини истиқлолияти кишвар нишон бидиҳад. Ин аст, ки навиштаҳо боварибахш, самимӣ ва бо меҳри беандоза мебошанд.
Зафари Мирзоён барҳақ дар сарсухани китоб ёдовар шудааст, ки «муаллиф ҳамчун як шахси худогоҳ, некбин, ҳаммарому ҳамандешаи бозсозони давлати тоҷикон, аз созандагиҳои ҳамдиёрон дар даҳсолаҳои навин ба ваҷд омада, мехоҳад биниши худро бо беҳтарин гуфтори тоҷикӣ изҳор намояд. Ҳамин аст, ки ҳангоми бозгӯ намудани дарёфту пирӯзиҳои тоҷикон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон наметавонад аз эҳсосоти фараҳбор худдорӣ намояд».
Китоб дар навбати худ як навъ муҳаббатномаи муаллиф ва тамоми дӯстдорони миллату кишвар маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ӯ Эмомалӣ Раҳмонро эҳёгари ҷасорати азалии тоҷикӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ медонад. Дар оғози ин муҳаббатнома саъй ба харҷ додааст, то ин сифатҳои некро барои хонанда бори дигар бо самимияту меҳри бепоён баён бидорад. Чаро ба ин масъала бештар аз пештар таваҷҷуҳ менамояд? Ба ин пурсиш аз китоб посухи қонеъкунанда пайдо кардан мумкин аст. Ӯ менависад: «Сарвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ба майдони таърих вақте омад, ки тоҷик дар гирдоб гирифтор шуда буд. Дар ин бора гуфтанд, мегӯем ва боз хоҳанд гуфт. Даҳҳо бор, садҳо бор, такрор ба такрор бояд гуфт, то ба ҳамаи мо, ба ҳамаи наслҳои ҳазор сол бояд аз мо меомада дарс шавад, сабақ шавад, сабақи таърихӣ шавад. Наслҳои пасин бояд бидонанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ ин бало ва офати пурдаҳшатест, ки дар як они воҳид хуррамиҳоро ба хазон мубаддал месозад ва дар пушти худ коргардонҳое дорад бераҳму шафқат».
Тавре аз ин навишта бармеояд, Рашиди Қодириён худро дар баёни ин ҳақиқати талхи таърихӣ ва ҳамзамон изҳори дастовардҳои кишвар масъул медонад. Инчунин таъкид месозад, ки саҳми назаррасу нотакрори Пешвои миллатро набояд аз ёд бибаранд. Ба андешаи ӯ, ба ин хотир зимни омӯзиш ва баррасии фаъолияти Президенти кишвар бояд дастоварду созандагиҳои ватанамон ҳарчи бештар дар адабиёт низ инъикос шаванд. Ӯ ибрози андеша менамояд, ки «бунёди нақбҳо, роҳҳо, сохтмонҳои азим инъикоси воқеиро дар адабиёт мехоҳанд. Адибон масъул ҳастанд, ки комёбиҳои диёрро васф намоянд, аз қаҳрамонии фарзандони халқ, аз ҷумла Пешвои миллат сухан гӯянд ва симои барҷастаи ӯро равшан гардонанд».
Ҳамин тавр, таълифи «Нақши Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини Истиқлолияти Тоҷикистон» агар аз як ҷониб пайгирӣ аз чунин иқдоми нек бошад, аз ҷониби дигар он туҳфаи арзишмандест дар арафаи 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.

А. РАҲИМ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.04.2016    №: 66    Мутолиа карданд: 718
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед