logo

иҷтимоиёт

ҚУБОДИЁН. ҲАҚИҚАТИ ТАЪРИХӢ БАРҚАРОР ШУД

Ниҳоят ормони чандинсолаи дар назари аввал хурд, аммо дар асл бузурги мардуми ноҳияи Қубодиён маҳз ба туфайли дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид. Яъне, маркази маъмурии ноҳия расман мақоми шаҳраки Қубодиёнро гирифт. Ҳамзамон, ба хотири дар оянда ба яке аз марказҳои паҳновари дорои кулли шароитҳои зиндагии шоистаи Хатлонзамин табдил ёфтани ин шаҳраки навтаъсис, ҳудуди он аз ҳисоби ду деҳоти дигари ноҳия васеъ шуд. Аз ин рӯ, барои чунин дастгирӣ, ки дар арафаи Наврӯзи фархундапай - айёми таблиғи некроию озодасозии макони зист рост омад ва бар шодии мо шодӣ зам кард, ба Пешвои муаззами миллат самимона изҳори сипос менамоем.

Сухан сари ин нукта меравад, ки чун Қубодиён то замони Инқилоби Октябр дар масири Шоҳроҳи Абрешим қарор дошт, садсолаҳо инҷониб яке аз шаҳрҳои мутараққии Осиёи Марказӣ маҳсуб меёфт. Миригарии Қубодиён асосан ҳудуди навоҳии ҳозираи Қубодиён, Шаҳритуз ва Носири Хусравро дар бар мегирифт. Мардумонаш дар умури кишоварзию ҳунармандӣ, тиҷорат ва тадрису муаррифии илму фанни динию дунявӣ чирадаст буданду шуҳратёр. Гузарҳои Ёбуз, Чармгар, Хишткӯпрук, Гузари Боло, Саройқишлоқ, Қозихона, Қиёт, Кадухона дошт. Сафирону меҳмонон пас аз пазироӣ дар элчихонаи гузари Ёбуз дар зери сояи чанорҳои азим ва насими серуни ҳавзи мармарин кӯфти роҳ мебароварданд. Дар мадрасаи гузари Кадухона толибони илм дар қатори улуми илоҳиёт, сабақи ҳандасаву шеършиносӣ мегирифтанд. Қалъаи Мир, ки дар меҳвари ин ҳама тараққиёт қарор дошт, ҳамчун маркази маъмурии миригарӣ то аҳди шӯравӣ обод буду побарҷо. Дар дохили он қасру кӯшк, меҳмонхона, масҷид, зиндону саисхона ва ҳоказо ҷой шуда буд. Аммо ин ҳама ёдгориҳои нотакрори Қубодиёни бостонӣ, ки ҳоло метавонист мисли як шаҳр - осорхонаи ба қавле зинда муаррифигари тамаддуни аҷдоди соҳибноми мо бошад, ҳамчун “нишони давраи ақибмондагии феодалӣ” аз ҷониби чанд бемурувват зеру забар шуд.
Хушбахтона, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ин нобасомониҳои таърихро сомон бахшид. Бар замми навгоние, ки дар аввали матлаб зикр кардем, шакли дурусти номи ноҳия барқарор ва 1000 - солагии шоири шаҳир Носири Хусрави Қубодиёнӣ таҷлил гардид.
Мо - сокинони ноҳияи Қубодиён бовар дорем, ки маркази ноҳия ба ҳайси шаҳрак дар ояндаи наздик таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ободу зебо мегардад. Ин ҷиҳати масъала ғайрати мо - меҳнаткашонро беш аз пеш ба ҷӯш овардааст. Мо барои боз ҳам шукуфотар намудани Ватан ва баҳри татбиқи сиёсати дурандешонаи Пешвои муҳтарами худ ҳамеша омодаем.

Сокинони ноҳияи
Қубодиён


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.04.2016    №: 66    Мутолиа карданд: 366

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед