logo

фарҳанг

ЗАБОНИ МОДАРИИ МОРО КИҲО ОЛУДА МЕСОЗАНД?

(Ба озмуни «Ҷумҳурият»)

Шаҳрвандон ҳангоми сайри хиёбону боғҳои шаҳри Душанбе, аз ҳавои беғубору фаввораҳои ҷӯшзан, қад афроштани силсилаи меъморӣ шукри истиқлол мегӯянд. Биноҳои хуштарҳу мунаққаши замонавӣ бо номҳои «Қасри миллат», «Боғи устод Рӯдакӣ», «Кохи Ҷомӣ», «Боғи Парчами миллӣ», «Кохи Борбад», Меҳмонсарои «Пойтахт», «Кохи Наврӯз»,  «Бонки миллии Тоҷикистон», «Фурӯғ», «Ошёни китоб» ва монанди ин ба ҳусни шаҳр ҳусн мефизоянд.
Аммо ҳанӯз ҳам дар пешгоҳи мағозаву дуконҳои хусусӣ назарнамоии номҳои нозебу носуфта ва гоҳе пурасрор касро сари андеша мебаранд. Барои намуна: «Ретек», «Гулистон Тур», «Тоҷ Палас», «Мардуми дорухона», «Алянс», «Сухроб – Арт – Галерея», «Сабая», «Терек», «Элит-строй-сервис», «Ирсол - ТҶ», «Шаурма», «Калян», «Фуҷифилм», «Кафсар», «Жасмин», «Маркази Душанбе-шаҳр савдои»,  «Техно-сити», «Болшая стирка», «Саломатии сибири» ва «Мағозаи хӯрока Сино».
Дар кӯчаҳои Душанбешаҳр ғалатнигорӣ зиёд ба чашм мерасад. Соҳибони дуконҳо як вожаро ба чанд шакл менависанд: «бистро» - «быстро». Ба кадомаш бовар кунем? Ин мафҳуми омадро «тез тайёр», «ҳаловат» ва «баракат» ҳам тарҷума кардаанд. Ё худ, ҳампаҳлуи «Цветочный мир» овардани «Нозанин», «Мир цветов - Олами гулҳо», «Аромат-Атриёт» ва «Хонаи тоза-Чистый дом» бе равонии маънову сактаи мантиқ ба ҳузури омма раво нест. Маъноҳо аз асли хеш дур афтодаанд. Ибораҳо ба назар сода намуда, таҳтуллафзи берабтанд. Чаро ба ҷои «нозанин»-у «олами гулҳо» аз вожаи зебои «гулфурӯшӣ» парҳезгорем? «Аромат» ҳамон гулобу мушки хушбӯест, ки ба димоғ атрогин мерасад. «Хонаи тоза», яъне чӣ? Магар хонаи инсони шаҳрнишин ифлос буда метавонад? Кошонаи озодаву барҳаворо бо анъаноти миллӣ зебу зинат ороста, «Хонаи тоҷик» номаш мебурдем, часпону гуворо меафтод. 
Ба кишвари офтобрӯяи Тоҷикистон аз мамолики Эрон, Афғонистон, Покистон ва соири давлатҳо ҳамзабонон ташриф меоранд. Фарзан,  нигоштаҳои (Айнан): «Сомонӣ-Плаза», «Рӯдакӣ-Плаза», «Сузи бар», «Шаурмаи туркӣ», «Бутик-Европа Эксклюзив», «Тарабхона Мерве», «Роксалана», «Мағозаи Айна», «Сухроб Арт Галерея», «Сабая», «Столплит», «Ресторан привал охотника», «Евродент», «Душанбе-Плаза», «Эспандос трэвел», «Клининговая компания», «Арабика», «Месут», «Дарҳои истеҳсоли», «Ошхонаи миллии Чарс», «Wissi missi» «Дисинвест», «Пирамида», «Тоҷик кристал», «Шифо-плюс», «Фабрикаи дӯзандаги «Симран», «Марк Поло», «маркази савдои «Марва», «Суди ҳаками», «Третьяковский Суд», «Шӯъбачаи милитсия оиди масъалаҳои экологӣ», «Реал ремонт», «Сурхан», «Маркази чопи рақамӣ», «Салам тарабхона», «Элита-бутик», «Шаурма хот-дог Сэндвич», «Технохол», «Тӯйхона-тарабхона «Миллениум»-ро хонда, андар шинохти миллии мо чӣ мегӯянд? Гузашта аз сари номҳо болои «миллениум» меандешем. Маънои тарабхона ё тӯйхона фаҳмост, вале дар миёна «мӯҳр»-и хориҷӣ чаро?
Набояд фаромӯш кард, ки ҷузъитарин таҳаввули забон ба таърих роҳ меёбад. Номҳои ғайритоҷикӣ дар кӯчаҳои Душанбешаҳр ҳавоӣ пайдо нашуда, мисли дуди ғализ ба дару деворҳо печидааст. Ба моҳияти мафҳумҳои  (Айнан): «Мегатрон», «Асус», «Мадейра», «Андромеда», «Руакассо», «Милано Мода», «Атлант», «Золя», «BITALL PICCI», «Ашан Душанбе хол», «Марис-Абель», «Шен Генацвале», «Ирам бистро», «Ночной клуб OPERA», «FERARI, «Бургер ва питзо», «Аҷабсан», «Мираж», «АЛ-Кабир», «Истанбул», «АЛ-фақир», «SWART», «Тахтӣ», «Камелия», «Караоке» шумори ками одамон сарфаҳм мераванд. Ибораи муғлақу пойдарҳавои «Хӯроки варзиши» аз таносуби сухан фарсахҳо дур аст. Бо назардошти ҳадаф метавон ин ҷойро «Мағозаи варзишгарон» ном бурд. Дар номгӯйи таом «Лонаи бедона» хандасор  менамояд. Одамон бедонабирёнро истеъмол менамоянд, на лонаи онро.
Ғалатнигориҳо паҳнотар доман густурда, забони тоҷикиро аз курсии  забарҷади баланд торафт ба поин мекашанд. Каме дуртар аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ мағозаҳо ҷойгиранд. Солҳо боз болои дари як фурӯшгоҳ ду навиштаи бо ҳам зидро мехонем. (Айнан): «Ба таври Британи Чӯҷаҳо», «по английски Цыплята». Аҷабо! Чи сафсатаи аз даҳон монда. Аз кай бритониҳо «чӯҷа»-и тоҷикӣ ва  «цыплята»-и русиро қабул кардаанд? Дар миёни забони хориҷӣ таҳқири тоҷикӣ ва русӣ нобахшиданист. Дукондорон дар овезон доштани матнҳо заррае ҷавобгарӣ ҳис намекунанд.
Дар шоҳроҳҳои пойтахт раддаи овезаҳои болояш матоъ баркашидаи «Ҷой барои реклама» насб шудаанд. Чунон ки навиштаҳои «Барои алоқа бо хона», «Ба сифр гузар О», «Дил гувоҳи ҳақ аст», «Бо суръат бош, бештар амал намо!» орӣ аз маънӣ, зеби кӯчаҳои пойтахт нестанд. Модоме ҳадафамон таблиғи варзишгарони номдор аст, чаро акси ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмини Раҳим, устодони варзиши тоҷик Мирзоавлиёи Олим, Зебунисои Рустам, Мавзунаи Чорӣ, Хайруллоҳи Назрӣ ва Расули Боқиро ҳамрадифи Дилшод Назаров намегузорем? Агар овезаҳо ифодагари ҳувияти миллӣ мебуданд, хушоянд метобиданду фараҳбахш.
Ду навиштаи зер тоҷикинамо, вале таҳрирталабанд. Таваҷҷуҳ кунед, ба нигоштаҳои «Сафари ҳавоӣ» ва «Маркази кудакон ва наврасони шаҳри Душанбе». Ба ҳуруфи нахуст эътибор медиҳем. Пеш аз парвоз ба мусофирон сафари бехатар (на ҳавоӣ!) орзу мекунем. Роҳи оҳан, роҳи обӣ ё роҳи ҳавоӣ мегӯем. Аз матни дувум равшан нест, ки дар ин ҷо кӯдакону наврасон ба чӣ корҳо машғуланд. Ба хондан, рақсидан, сурудхонӣ, гӯштингирӣ, мушткӯбӣ, оббозӣ ё амали дигар. Хубаш матни боло ин зайл таҳрир мешуд: «Боргоҳи сайқали истеъдоди кӯдакон ва наврасон дар шаҳри Душанбе».
Костагии имлову мантиқи забони тоҷикӣ дар пешгоҳи марказҳои хизматрасонӣ ё дуконҳои хусусӣ аз беэътибории соҳибонаш дарак медиҳанд. Дастандаркорон ҳампаҳлуи матнҳои «Чистка ковров-Шустушуи қолинҳо», «Стоматолог-Дандонпизишк», «Столичный деловой центр-Маркази равобити пойтахт», «Ломбард-Гаравхона» ва «Гостехосмотр-Санҷиши техникии автомобилӣ» навиштаанд. Болои дари як қаҳвахона бо номи «STEAK BAR» сурати буққаи зотӣ намудор аст. Магар каманд манзараҳои дилфиреби кӯҳистон ё аксҳои хотирмону ба чашмҳо роҳатрасон?
Имрӯз дар арафаи 25 - умин солгарди муқаддастарин ҷашни миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем. Оё вақти он нарасидааст, ки билохира мутарҷимон истилоҳоти забонро ба маънои асл кор фармоянд. Баргардон шудани «Супер маркет ТИМ» ба «Фурӯшгоҳи Бузург»-у «Маркази савдо» шаҳрвандонро ба саргумӣ бурдааст:  «кадомаш дуруст аст?» Номи як бонкро чор хел: «Кафолатбанк», «Кафолатбонк», «KAFOLATBANK» ва «Бонки кафолат» (бо форсӣ) нигоштаанд. Дар болои бино «Кохи иттифоқҳои касаба» мехонем, вале ба даромадгоҳаш ин матн (ба русӣ ҳам) дигаргуна овезон аст: «Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон».
Раҳравон дар кӯчаву бозор ба устохонаҳои «Бытовая техника» ва «Таъмири пойафзол» рӯ ба рӯ мешавем. Аввал ин ки «бытовая техника» ҳаргиз мазмуни «хизмати маишӣ» - ро намедиҳад. Бар ивази он «Таҷҳизоти рӯзгордорӣ» маъноро равшан мекард. Баъд, мо дар гузашта вожаи зебои «кӯҳнадӯз» доштему дорем. Дар ин радиф «Дукони кӯҳнадӯз»-ро эҳё намоем, чӣ  бадӣ дорад? 
Мутаассифона, дар кӯчаву маҳал-лаҳои шаҳри Душанбе ғалатнигорӣ ба авҷи аъло расида, дилҳоро беҳузур гардондааст. Махусан, дар ҷойҳои хизматрасонӣ бо (Айнан): «Приём макулатуры», «Делюкс», «Санта-Русь», «Лена», «TAJIKUNI COM», «Сервис связь комплект», «Фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ», «Тахфифи зимистона 20%», «Копицентр полимех», «Шаурма бо нон», «Самбусаи Тахтача», «Шоира Люкс», «Таваққуфгоҳи пулакӣ», «Олами сихкабобҳо», «Ваниль», «Салон мебели доро», «Самсон фарм», «Самбусаи сағали», «Идораи букмекирӣ», «Шаурмаи араби», «Файза», «Порт саид», «Мы открылись!», «Палави туркӣ», «ARMINAK», «Мы закрываемся!», «Шаурма бо панир», «ООО АММА-Групп», «Самбусаи қабурғаги», «Интерьер», «Коллексияи хона(гӣ)-(Star)», «Ориён-фарм», «Мағозаи фитта протурной Сони», «Ирсол намудани равонакҳо», «Лидер СУМ» ва ғайра дучор меоем, ки дар косаи ақл намеғунҷанд.
Беэҳтиромӣ ба забони тоҷикӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ошхонаҳои миллӣ шадидтар ба назар мерасад. Наздики маҳаллаи 33-юми пойтахт, пешорӯи қурутобхонаи «Ҳоҷӣ Шариф» номгӯйи таомро бари девор «ҳаккокӣ» кардаанд. Муштариён аз мутолиаи «Мурғи хонагӣ» ва «Мурғи дасткуш» тааҷҷуб мекунанд. Табиист, инсонҳо мурғро дар катакаи хона ё ферма парвариш намуда, василаи дастон, на бо пой сар мезананд. Бе ягон шаку тардид, ғалатнависиҳо бо дастони гурӯҳе сурат мегиранд. Агар не, ғарами номҳои бегонаро шабонгоҳон  тайёраҳои бесадо болои шаҳрамон фурӯ нарехтаанд.
Вақте ки одамон аз роҳи «Маркази савдои Эҳсон» мегузаранд, нигоҳашон ба ҳуруфи пурғалате бармехӯрад, ки аз тариқи чархаки зудгузари барқӣ шабу рӯз мечарханд. Кадом тоҷик «Дар ошёнаи чорум клуби занонаи Фитнес ва клуби кудакона молҳо фурухта мешавад» ё «Дар ошёнаи поён дорухона, молҳои рӯзгор ва машғулиятҳои рузмарраи бозиҳои кӯдакона бо нархи арзон ва дастрас мебошад» мегӯяду менависад? Дар рафҳои мағозаи қаннодӣ бошад, зери шириниҳо забони ғайридавлатӣ сабт шудааст. 
Ғалатнигориҳои зайл дар саросари кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба мушоҳида мерасанд. Ҳатто паҳлуи шишаҳои дохили аксар автобусҳои  хурду калон, троллейбусҳо, умуман, нақлиёти мусофирбар, болои картонҳои сахти бо ширеш часпонда бо хати хонои «Маҳ. Пахтакор», «Дон. Т. Ҷисмони», «Куч. Фучик», «Пол. техникум», «Кӯч. Ак. Раҷабов», аксҳои урён ё ҳуруфи номатбӯъ ва пурнуқс бо ишораи хатсайр, эълонҳои кӯрсаводонаи таҳқиромез мусофирони ҳушмандро ба хашм меоварад. Бо мутолиаи «Джилои дониш» пеши рӯ маҳу хуршед намеоянд, балки донишро чароғи ақл гӯянд. Охир «дониш» - и нопайдо аз куҷо ҷило дорад? Дониш маҷмӯи маълумотест, ки инсон дар марҳилаҳои гуногуни омӯзиш меандӯзад.   
Афзун бар ин, мо зидди номгузорӣ ба намояндагони барҷастаи илму адаби миллатҳо нестем. Фақат ин нуктаро зикр карданием, ки ахтарони илму фарҳанги тоҷик бешуморанду ба қадрашон расидан лозим.  Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар суханрониҳояшон забонро «ҳастии миллат» ном бурдаанд. Ёдам ҳаст, дар як ҳамоиши наврӯзӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузури зиёиёни кишварамон чунин ишора карданд: «Ман ба Русия сафари расмӣ доштам. Аз фурудгоҳ то меҳмонсарой навиштаҷоти кӯчаҳоро мушоҳида кардам. Бовар кунед, бидуни русӣ забони ғайрро надидам». Бубояд ин суханон дар замири ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ифтихормандӣ ба марзу бум, даъват ба рафоқат, муттаҳидӣ, шукргузорӣ ба Ватани азизу маҳбубро бедор созад.   
Доир ба ифшои ғалатнигорӣ метавон рӯйхатро ба дарозо кашид. Аммо бо овардани аз баҳр қатра иктифо менамоем. Аз тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чанд сол сипарӣ мешавад. Аммо татбиқи нуктаҳои Қонуни мазкур болои навиштаҷоту овезаҳо намондааст. Ҳамзамон, дар моддаи 2-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Ин дар ҳолест, ки забондарозон то пошхӯрии салтанати шӯравӣ ҳадс мезаданд, ки чаро маҷлисҳо ба тоҷикӣ сурат намегиранду зери доираи бегонаҳо мерақсем? Акнун дар Тоҷикистони навин шароитҳо фароҳаманд. Пас, баҳри ҳифозати забони модариямон пешорӯи омма чаро талош намекунем? 
Чаро дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати поймолгарони забон муҷозот муқаррар нагардидааст? Риоя накардан, таҳқири забони давлатӣ аз хиёнатпешагӣ кам нест. Бовар дорам, ки агар ғофилони забони модарӣ ҷаримаи молиявӣ месупориданд, он гаҳ огоҳона амал мекарданд. Пеши ин ҷараёни тези забонмаҳвсозиро бо ҳамдастии ҷомеаи бедор метавон баст.
Забони мо симои миллати куҳанбунёд аст. Аз гаҳвора бо шири модар ва лафзи ширини тоҷикӣ ба камол расидаем. Чаро ашхоси босалоҳияти шаҳрдорӣ пайи ислоҳи навоқиси забони тоҷикӣ иқдом намекунанд? Ин бегонапарастӣ аз куҷо, бо кадом васила ба забони мо роҳ ёфтааст?
Сипеҳр ҲАСАНЗОД, нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6-7.04.2016    №: 66, 67    Мутолиа карданд: 1022

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед