logo

иҷтимоиёт

НОМУСИ ЯК ҶАВОНМАРД

Абдураззоқ Саидов аз зумраи  соҳибкоронест, ки  бо корҳои  неки анҷомдодааш  ӯро  на танҳо дар ҳудуди шаҳри Ҳисор, балки дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ ҳамчун ҷавонмарде, ки дар беҳбуди зиндагии садҳо нафар саҳм дорад, ба хубӣ мешиносанд. Маҳз дилгармӣ ӯро ба амалҳои хайр водор месозад.

Ҳамасола ин соҳибкори миллатдӯст ба шахсони маъюб,  парваришгирандагони  хона - интернати бемориҳои рӯҳии шаҳри Ҳисор, мактаб - интернати маъюбон, кӯдакони фалаҷ дар деҳаи Алмосӣ, хона - интернати пиронсолони Батош, ки дар ҳақиқат ниёзманданд,  ёрӣ расонда, онҳоро бо сару либос ва маводи хӯрока таъмин мекунад. Инчунин, ҳар сол дар арафаи  соли нави хониш  барои таъмири бинову мактабҳои онҳо ва муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ  бо маблағ ва масолеҳи  сохтмонӣ кумак мерасонад. Дасти мадади кормандони ширкат ба беморхона ва бунгоҳҳои тиббии шаҳри Ҳисор  низ  мерасад.
Соли 2004 дар маркази шаҳри  Ҳисор  бо ташаббуси А. Саидов   Маркази савдои «Тоҷирон» дар масоҳати 5 гектар  сохта ба  истифода дода шуд, ки дар натиҷа зиёда аз 600 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштанд.
Моҳи ноябри соли 2011 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  бо соҳибкорон вохӯрӣ гузаронд. Ин мулоқот ва  ҳидоятҳои  пурарзиши Президенти кишвар дар ниҳоди соҳибкорон ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллиро бедор карда, ба онҳо нерую  илҳоми тоза бахшид.
Бо ибтикори А. Саидов моҳи марти соли 2012  дар як ҷойе, ки ба партовгоҳ табдил ёфта буд, маҷмааи боҳашамати варзишию  саломатӣ  сохта ба истифода дода шуд. Маҷмаа  аз  як толори калони дорои 1250  ҷойи нишаст ва 2 толори бо таҷҳизоти махсуси варзишӣ муҷаҳҳаз иборат мебошад.  Дар ин толорҳо ҳамарӯза зиёда аз 600 нафар наврас бо гӯштӣ, вазнбардорӣ, гимнастикаи бадеӣ ва навъҳои дигари варзиш  машғуланд. Соли 2015  бо иқдоми  ҷамъият 3,5 км роҳи  калони деҳаҳои Гулханӣ, Кончӣ ва Қалъаи Ҳисори шаҳр пурра, бо сифати баланд асфалтпӯш гардид. Бояд гуфт, ки ин роҳҳо аз солҳои 1978 инҷониб ягон маротиба таъмири ҷориро надида буданд. Амали хайри дигаре, ки А. Саидов ба он даст зад, ин таъмин намудани аҳолии як маҳаллаи калони маркази шаҳр бо оби тозаи нӯшиданӣ мебошад.
Ба ифтихори ҷашни 3000 - солагии Ҳисор ширкати А. Саидов  якчанд иншооти замонавӣ сохта ба истифода дод. Соли 2013 баъд аз муфлис эълон шудани хоҷагии ба номи Абдурауф  Юсуфов ширкат ба соҳаи кишоварзӣ маблағгузорӣ намуда,  хоҷагиро  аз нав барқарор кард. Ин хоҷагӣ имрӯз яке аз хоҷагиҳои пешсафи ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Бо ташаббуси ин марди заҳматпеша  дар кӯчаи 50 - солагии Ҳисор, дар масоҳати 15 ҳазор метри мураббаъ  як маркази бузурги  савдои тиҷоратӣ – истеҳсолӣ бунёд  меёбад. Ба гуфтаи директори ширкат,  баъди ба истифода додани он зиёда аз 1000 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин хоҳанд гашт. 
- Ман аз Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят сипосгузорам, ки ба фаъолияти соҳибкорон таваҷҷуҳу ғамхории  беандоза зоҳир менамоянд. Ҷавобан ба ин ҳар рӯз мо бояд дар пеши виҷдони худ ҳисобот диҳем, ки барои  халқу      Ватан чӣ кори хубе кардем. Ният дорем, дар пайи дастгирии аҳолии камбизоат бошем, зеро хидмат ба халқу Ватан, бавижа созандагӣ амали хайру мондагоранд,  - мегӯяд А. Саидов.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.04.216    №: 67    Мутолиа карданд: 316

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед