logo

ҳуқуқ

САТҲИ ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ВМКБ КОҲИШ ЁФТААСТ, ВАЛЕ...

 Тибқи тадқиқоти гузарондаи Ташкилоти ҷамъиятии “Сотсиолог” таҳти унвони “Сатҳи ҷинояткорӣ, афкори ҷомеа ва интизориҳои шаҳрвандон оид ба ислоҳоти милитсия”, ҳолати ҷинояткорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба ду соли пеш коҳиш ёфта, қариб 70 дарсади пурсидашудагон аз фаъолияти милитсия қаноатманданд. Дар ҳамин ҳол наздики 80 дарсади мардум бар онанд, ки дар сохтори милитсия ислоҳот гузаронда шавад. Дар ин бора Абдулваҳҳоб Искандарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят, дар машварати васеи назди раиси ВМКБ иттилоъ дод.

Ӯ пешравии кори мақомоти корҳои дохилии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоятро, пеш аз ҳама, дар амалишавии “Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014- 2020” мансуб медонад. Дар семоҳаи аввали соли равон дар ҳудуди вилоят аз тарафи ноболиғон ягон ҷиноят ба қайд гирифта нашудааст. Соли гузашта бошад, ноболиғони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят 13 ҷиноят содир намуданд. Агар дар давоми соли 2015 ба таври ихтиёрӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ 56 яроқи оташфишон супурда шуда бошад, пас дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ин адад ба 38 расидааст. Инчунин, шаклу усули ошкорсозии ҷиноятҳо низ беҳтар гардид. Дар ҳоле ки шумораи ҷиноятҳо дар вилоят рӯ ба камшавӣ ниҳодааст, ошкорсозии ҷиноятҳо бамаротиб меафзояд. Ҳамин аст, ки соли 2015 аз 7 ҷинояти одамкушӣ 6 - тои он сари вақт ошкор гардид.
 Абдулваҳҳоб Искандарзода аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бар хилофи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба тасдиқ намудани феҳрасти меъёрҳо ва тартиби ба категорияҳо ҷудо намудани объектҳое, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд” қисми зиёди идораву муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз нашудаанд. Аз 307 идораву муассисаи вилоят, ки мавриди санҷиш қарор гирифт, танҳо дар 89 иншоот камера насб гаштааст. Масъалаи бо утоқҳои корӣ таъмин намудани нозирони минтақавии милитсия низ беҳбудӣ мехоҳад. Аз 57 нозири минтақавӣ ҳамагӣ 18 нафар бо утоқи корӣ таъмин шудаанд.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.04.216    №: 67    Мутолиа карданд: 576

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед