logo

иқтисод

АМНИЯТИ ҒИЗОӢ ВА РОҲҲОИ ТАЪМИНИ БОСАМАРИ ОН

Таъмини амнияти озуқаворӣ - яке аз се самти стратегии мамлакат имрӯз дар марҳалаи амалишавӣ қарор дорад. Солҳои охир ба василаи татбиқи он бахши истеҳсолии мамлакат пеш рафта, сатҳи некуаҳволии мардум низ баланд гардидааст.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, ҳарчанд стратегияи мазкур бо афзоиши маҳсулоти дохилӣ ба ҳадди даркорӣ татбиқ карда шудааст, имконоти амалӣ намудани он дар мамлакат кам истифода гардидаанд. Дар конфронси илмӣ – амалии олимону муҳаққиқони иқтисодшинос дар Донишкадаи молия ва иқтисод зикр шуд, ки роҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар кишвар фаровон мебошанд. Махсусан, дар асоси рушди ниҳолпарварӣ, тухмии зироатҳои кишоварзӣ, зотпарварӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин, таъмини техникии соҳа ва ғайра истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дар ҷумҳурӣ метавон афзоиш дод. Ба ғайр аз ин, ба кор бурдани роҳҳои дигари самаровар дар кишвар, аз ҷумла саноати хӯрокворӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ натиҷаовар хоҳад буд. Аз ин рӯ, захираҳои зиёди табиӣ, ки сарчашмаи асосии истеҳсолот ба шумор мераванд, бояд самаранок истифода шаванд.
Абдувосит Мамадаминов, доктори илмҳои иқтисодӣ, вобаста ба истифодаи роҳҳои самаранок ҷиҳати ноилшавӣ ба фаровонии ғизо дар кишвар чунин иброз дошт:
- Раванди афзоиши аҳолии курраи Замин мушкилоти зиёди иқтисодӣ, хусусан нокифоягии озуқаро дар мамлакатҳо ба миён овардааст ва ин омил ба кишвари мо низ бетаъсир нест. Аз ин рӯ, таъмини амнияти ғизоӣ бо истифодаи роҳҳои оқилона ва самаранок аз мо чораҳои заруриро тақозо менамояд. Дар ин ҷода истифодаи самаранок ва сарфакоронаи захираҳои табиӣ, меҳнатӣ, технологияи инноватсионӣ ва таҷрибаи кишварҳои пешрафта роҳҳои асосии расидан ба сатҳи баланди таъмини амнияти ғизоӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин, имрӯзҳо Ҳукумати кишвар барномаҳои гуногунро баҳри тақвияти рушди истеҳсолот, аз ҷумла дар бахши кишоварзӣ, роҳандозӣ намуда, пеш аз ҳама истифодаи усулҳои инноватсиониро дар мадди аввал гузоштааст. Ҳамчунин, барои воридоти технологияи навин ва ба ин васила коркарди ашёи хоми ватанӣ дастгирии давлатии соҳибкорон роҳандозӣ гардидааст, ки он ба афзоиши маҳсулоти ватанӣ мусоидат менамояд. Зеро фароҳам шудани технологияи замонавӣ натиҷаи фаъолияти корхонаҳои истеҳсолиро пурсамар менамояд.
Тавре мутахассисони иқтисодшинос иброз доштанд, амнияти ғизоӣ боиси арзонии нархи маҳсулот гардида, сокинон қариб ба ҳамаи анвои озуқа дастрасӣ пайдо мекунанд. Раванди татбиқи стратегияи таъмини амнияти озуқаворӣ бо ҷоннок гардидани тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ боиси коҳиш ёфтани арзиши бархе аз номгӯйи хӯрокворӣ шуд. Нархи маҳсулоти гӯштӣ, орду равған, меваҷоту сабзавот ва ғайра дар бозорҳои мамлакат назар ба ду соли пеш арзонтар мебошад. Фаровонии маҳсулот дар ҳолест, ки истифодаи имконоти гуногун дар кишвар ҳанӯз дар пеш аст. Ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида тавассути бунёду барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ, тақвияти зоту тухмипарварӣ, ташкили боғу токзорҳои нав ва рушди саноати хӯрокворӣ ҳоло бо маром ҷараён доранд. Агар рушди самтҳои номбаршуда дуруст роҳандозӣ шавад, дар ояндаи наздик Тоҷикистон на танҳо аз лиҳози амнияти ғизо муваффақ мегардад, балки ба ҷумҳурии содироткунандаи маҳсулоти баландсифат мубаддал хоҳад гашт.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.04.216    №: 67    Мутолиа карданд: 662

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед