logo

фарҳанг

Обид Назаров: «МУВАФФАҚИЯТ ДАР САРҶАМЪИСТ»

«Корвони Наврӯзӣ», ки пас аз солиёни зиёд дар шаҳри бостонии Хуҷанд доир гашт, дар худ беҳтарин расму анъана ва рамзу суннатҳои Наврӯзи бузурги ниёгонро таҷассум намуд. Дар ин чорабинӣ, дар баромади устодону ҳаваскорони санъат, cуннатҳои наврӯзии тамоми  минтақаҳои кишвар – Хатлону Бадахшон, Рашту Зарафшон ва Ҳисор,  дида мешуд.

Ободахон Шодиева, сармутахассиси раёсати фарҳанги вилояти Суғд дар суҳбати телефонӣ  гуфт, ки намоиши навозиши асбобҳои  мусиқии миллӣ, баромади дорбозон, рӯнамоии ҳунарҳои миллӣ, пухтани таомҳои баҳорӣ, атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, зардӯзӣ ва ғайра аз бахшҳои асосии барномаи идонаи “Корвони Наврӯзӣ” буданд, ки ба ҳозирон хеле писанд омаданд.
Саркоргардони барнома Обид Назаров, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, директори  Муассисаи  давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз ҳунармандони беҳтарини вилоят мебошад. Вай дар ҷодаи фарҳанг фаъолияти беш аз 30 – сола дошта, қариб тамоми чорабиниҳои фарҳангии вилоят таҳти роҳбарии ӯ сурат мегиранд. Бояд гуфт, ки барнома аз рӯйи матни шоирон Улмаси Хол ва Темурмалик Рустамов ба саҳна гузошта шуд. Саррассоми барнома Акбар Маҳмудов ороиши саҳна ва сарулибоси иштирокдоронро бо  тарҳи ҷолибу зебо омода сохт. Идеяи баргузории «Корвони Наврӯзӣ» ибтикори раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ буд, ки он дастгирии Иттифоқи нависандагон ва иштироки аҳли ҳунару санъат, басаҳнагузорандагон, ширкатдорон ва сокинони вилоят ба маросими муҳташами театрикунонидашуда мубаддал гашт. Эҳёи суннатҳои арзишманд аз ҷониби сокинони вилояти Суғд баёнгари ҷаҳонӣ шудани ин ҷашни миллии мо буда, иқдоми воқеан нек ба шумор меравад.
Ба андешаи Обид Назаров, муваффақияти барномаи наврӯзӣ, пеш аз ҳама, дар сарҷамъии санъаткорону ҳунармандон, тамоми алоқамандон ва ҷавонони меҳанпараст мебошад, ки дар омодасозии ин барномаи бошукӯҳи идона фаъолона ширкат варзида, саҳми назарраси худро гузоштанд.
- Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, ваҳдати миллӣ, пос доштани муқаддасоти миллӣ, анъанаҳои наврӯзӣ ва  муттаҳидии сокинони вилоят имкон фароҳам овард, ки мо ин чорабинии идонаро бо шукӯҳу шаҳомати хоса барпо созем. Ҳар лаҳза садоқату самимияти ширкатдорон эҳсос мешуд ва ин ҷиҳат моро бештар рӯҳбаланд менамуду барои беҳтар сохтани ҳар саҳна мусоидат менамуд. Мо бори дигар бовар ҳосил кардем, ки дар сарҷамъӣ қувваи бузург аст ва ба воситаи он метавон ба тамоми ҳадафҳои худ расид, - гуфт О. Назаров.
Бо шакли нав ва муҳтавои дигар баргузор кардани “Корвони наврӯзӣ” дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд бори дигар собит кард, ки мардуми Тоҷикистон ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ, расму оинҳои бостониро гиромӣ дошта, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.

Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (1)    Санаи нашр: 7.04.216    №: 67    Мутолиа карданд: 537

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед