logo

ҳуқуқ

«БОЗ КАДОМ ЗАМИН ТАРАКА МЕШАВАД?»

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ иттилоъ медиҳад, ки мақолаи хабарнигор Мирзои Фирӯз, ки 5 феврали соли 2016 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№ 25) бо унвони «Боз кадом замин тарака мешавад? Ё чаро дар прокуратураи ноҳия қонунвайронкуниҳои заминро намебинанд?» чоп шудааст, дар ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шуд.

Муаллиф Мирзои Фирӯз дар мақола аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки  аз ҳисоби заминҳои корами обии Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев ба эҳтиёҷмандон замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешавад, ҳол он ки дар ҳудуди он заминҳои нокорам зиёданд.
Воқеан, таъмини аҳолӣ, хусусан табақаи эҳтиёҷманд бо манзили зист аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд ва дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад. Ин аст, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015, № 371 «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон додани қитъаҳои замин барои маҳалҳои аҳолинишин» аз ҳисоби заминҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев 15 гектар замин барои таъмини оилаҳои эҳтиёҷманд ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст. Як миқдори ин замин, тавре муаллифи мақола қайд намудааст, аз  ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии Давлатшоҳ Мирзоев муайян гардидааст. Ва айни ҳол ба эҳтиёҷмандон тақсим шудааст.
То ин дам барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 2541 нафар сокини ҳудуди ҷамоат ариза навишта, номнавис шудааст. Қитъаи замини ҷудошуда бошад, барои қонеъ кардани эҳтиёҷи 190 нафар кофӣ асту халос.
Комиссияи ҷамъиятии назди ҷамоат баъди омӯзиши амиқи аризаҳои шаҳрвандони барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ муроҷиаткарда, аз 190 нафар ба 15 нафар  омӯзгор, 5 корманди  соҳаи тиб, 15  корманди ҳифзи ҳуқуқ, 6 оилаи иҷоранишин ва боқӣ оилаҳои  сернуфус замин тақсим намудааст. Тақсими қитъаи замин ба шаҳрвандон дар асоси қарори раиси ноҳия сурат гирифтааст. Қарорҳои раиси ноҳия бобати ба шаҳрвандон додани қитъаҳои замин баъди санҷишу омӯзиш амалӣ карда мешаванд. Он ибораҳои ишоратии «комиссияи ҷамъиятии назди ҷамоати деҳот ҳамеша пинҳонӣ ва ношаффоф амал менамояд» ё «пинҳонӣ (шабона) тарака мекунанд» қаблан ҷой доштанд, ки ҳоло ба он хотима дода шудааст. Зеро комиссияи ҷамъиятии назди ҷамоати деҳот танҳо ваколати пешниҳод намуданро дорад.
Санҷиши рӯйхати шаҳрвандон, аризаи шаҳрвандон, қайди муроҷиати шаҳрвандон ва даҳҳо масъалаҳои марбут ба муроҷиати шаҳрвандӣ зери назорати доимии мақомоти прокуратураи ноҳия қарор дошта, ҳамаи қарорҳои марбут ба замин баъди ба тасвиб расидан мавриди омӯзиши прокуратураи ноҳия қарор мегирад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ минбаъд низ барои таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳалли масъалаҳои ба беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ мусоидаткунанда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад намуд.

Мӯсо ҒАФУРЗОДА, раиси ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2016    №: 68    Мутолиа карданд: 387

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед