logo

иҷтимоиёт

ЧАРО ТРОЛЛЕЙБУСҲО КАМ ШУДААНД?

Ҳаракати онҳо дар хатсайрҳои алоҳида ҳатто қатъ гардидааст

Дар пойтахти мамлакат троллейбус дар баробари автобус ба сокинони шаҳр хизмати шоиста мерасонд. 14 хатсайр дар хизмати мардум буду шаҳрдорӣ мақсад дошт, ки  хатҳои нав кушояд. Ҳатто нақша буд, ки аз пойтахт ба ҷониби шаҳрҳои Турсунзодаю Кофарниҳон хатҳои  троллейбус кашанд. Дар ноҳияи Ёвон аз корхонаи кимиёвӣ то марказ дар масофаи 12 километр сутунҳои бетонӣ шинонда, ҳаракати  троллейбусҳоро ба роҳ монданӣ буданд. Аз шаҳри Кӯлоб то ноҳияи Восеъ низ дар масофаи 18 километр сутунҳои бетонӣ шинонда чунин корро анҷом додан мехостанд. Вале…
Имрӯз шоҳиди онем, ки хатсайрҳои троллейбусӣ дар шаҳри Душанбе хеле кам шуда, баъзе аз онҳо умуман вуҷуд надоранд. Сабаб дар чист? Чӣ мушкилот ё монеаест, ки троллейбус дар ҷодаҳо камшумор шудааст?
Барои ба ин саволҳо ҷавоб гирифтан ба Хайрулло Камолов, сарвари Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус», муроҷиат кардем. Ӯ чунин гуфт:
- Айни замон корхона дар тавозуни худ 151 воситаи нақлиёти барқӣ дошта, ҳамарӯза 60 – 65 троллейбус дар хатсайрҳо мусофир мекашонанд. 97 троллейбус дар таъмир аст.
Сабаби фаъолият накардани баъзе хатсайрҳо ҳам дар таъмир будани троллейбусҳо мебошад. Масалан, хатсайрҳои № 3,  5,  14. Хатсайри № 7 чандин сол аст, ки фаъолият надорад. Дар хатсайри № 8 моҳҳои июл – август ҳаракати троллейбусҳо ба роҳ монда мешавад. Имрӯз дар назди маркази савдои «Садбарг»,  бозорҳои «Саховат» - у «Султони Кабир» ва маркази ташхиси техникӣ аз сабаби дар бари роҳҳою истгоҳҳо мошини зиёд таваққуф кардан ҳаракати троллейбусҳо хеле душвор  шудааст. Барои ин монеаҳоро бартараф кардан ба мо мусоидати раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ ва раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт зарур мебошад. Ҳоло дар маркази шаҳр таксиҳои  роҳкироашон 3 сомонӣ имкон намедиҳанд, ки троллейбусҳо дуруст фаъолият кунанд. Моҳҳои апрел – май бояд 15 троллейбуси нав бигирем. Мақсад дорем, ки 8 – тоашро  ба хатсайри № 4 ва 7 – тои дигарашро ба парки № 1 – и  корхона диҳем.
Ҳоло дар як кунҷи майдони корхонаи мо қариб як моҳ шуд, ки кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ мошинҳои дар назди истгоҳҳою бозору марказҳои савдо ғайриқонунӣ истодаро муваққатан оварда мондаанд. То 5 апрел онҳо бояд ҷой пайдо карда, мошинҳоро ба он  интиқол диҳанд.
Вобаста ба ҷойи таъмир кардани троллейбусҳо ва ободонии корхона бояд гуфт, ки анҷоми ин корҳо дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умуми шаҳри Душанбе» сурат мегирад. Мо бо  Бонки аврупоии таҷдид ва рушд қарордод ба имзо расондаем. Яке аз шохаҳои ин лоиҳа таъмиру барқарорсозии биною иншооти корхона, аз  ҷумла боксҳо, болопӯшҳои  зеристгоҳҳои тақвиятии дар тавозуни корхона буда, хатҳои ҳаракати  троллейбусҳоро дар бар мегирад. Илова бар ин, дар доираи лоиҳа тамоми таҷҳизоти куҳнаю фарсудаи  зеристгоҳҳои тақвиятӣ пурра бо таҷҳизоти замонавӣ иваз карда мешаванд. Мақсад аз роҳандозии ин лоиҳа ҳам рушди соҳаи нақлиёти барқӣ мебошад. То охири сол бояд таҷҳизоти зеристгоҳҳои барқӣ ва ноқилҳои барқии зеризаминӣ ба пуррагӣ нав шаванд. Иваз кардани симҳои хати ноқилҳои барқӣ дар хиёбони Рӯдакӣ ва дигар чизҳои ба он пайвастшаванда низ дар назар мебошад. Барои анҷоми  ин корҳо 8,2 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Аз ин 3,6 миллион доллараш қарзи бебозгашт ва қариб 1 миллион доллари  боқиаш ёрии техникист. Корҳои таъмирию  ободонӣ моҳи август оғоз шуда, то охири сол анҷом меёбанд.

У. МУРОД, «Ҷумҳурият» 

АЗ ИДОРА.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, 28 март дар ҷаласаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти муовини соҳавии раиси шаҳр, муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанберо ғайриқаноатбахш шуморида, барои ислоҳи мушкилот 1 моҳ муҳлат додааст. Бартараф сохтани ин мушкилот низ ба ҳаракати муназзами троллейбусҳо мусоидат менамояд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2016    №: 68    Мутолиа карданд: 442

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед