logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН: МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ ҲАМКОРИҲО

6 апрел дар меҳмонхонаи «Серена» - и пойтахт бо ибтикори муштараки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Покистон дар Тоҷикистон, ширкати «Промотайм Глобал», Раёсати фарҳангии Хайбари Пахтунхоҳи Покистон ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ бахшида ба ифтитоҳи 2 – юмин Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва фарҳангии Покистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Мақсад аз баргузории ин намоишгоҳ васеъ намудани ҳамкориҳои гуногунсоҳа арзёбӣ гардид. Хусусияти асосии намоишгоҳ ин аст, ки он на танҳо ҳолати рушди соҳаҳои афзалиятноки ду кишвар, балки ояндаи тавсеаи ҳамкориҳои мутақобиларо дар доираи васеи ҷаҳонӣ рӯнамоӣ мекунад.
Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, доир ба ҳамкориҳои байни ду кишвар иттилоъ дода, аз ҷумла зикр намуд:
- Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2015 мубодилаи савдои хориҷии байни Тоҷикистону Покистон коҳиш ёфт. Дар маҷмӯъ он ба 64,5 миллион доллари ИМА расид, ки 23,25 миллиони онро содирот ва 41,3 миллиони онро воридот ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки имконоти рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба, хусусан дар соҳаҳои афзалиятноки гидроэнергетика, кӯҳканӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо, нимқиматбаҳо, металлҳои ранга, саноати сабук, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, сохтмони роҳ, пул, нақб, хонаҳои баландошёна, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, бахшҳои тандурустӣ, маориф, инфраструктураи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла бофтани қолинҳои дастӣ хеле зиёданд. Бинобар ин, вусъат бахшидани ҳамкориҳо ба нафъи ҳар ду давлат аст.
Соҳибкорони покистонӣ барои ҳамкорӣ ба 4 минтақаи озоди иқтисодии кишвар – «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» даъват шуданд. Онҳо иброз доштанд, ки ин пешниҳодро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
Рӯзҳои наздик 3 ширкати покистонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои худро дар соҳаҳои сохтмон ва саноати сабук ифтитоҳ мебахшанд. Ҳамчунин, 7 – уми апрели соли ҷорӣ парвоз бо хатсайри Лоҳур – Душанбе низ ба роҳ монда шуд, ки ин омил барои рушди тиҷоратии ду кишвар мусоидат хоҳад намуд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2016    №: 68    Мутолиа карданд: 374

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед