logo

порлумон

ҶАРИМА БАРОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОИ МАЪМУРӢ БАЛАНД МЕШАВАД

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Абдуфаттоҳи Ғойиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ташреҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз ҷумла иброз дошт: шахсоне, ки ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ машғуланд, дар бисёр ҳолатҳо талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ риоя намекунанд.

Аз ин ҷост, ки тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷазои маъмурӣ кашида мешаванд. Назар ба гуфтаи сардори хадамот, яке аз сабабҳои асосии вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шаҳрвандон ин паст будани ҳаҷми ҷаримаҳое мебошад, ки дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ шудаанд. Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба боби 32 амалӣ намудани талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ки ба истеҳсоли молу маҳсулот дар қаламрави Тоҷикистон машғуланд, мебошад. Ин тағйиру иловаҳо меъёрҳои ҷазоро барои шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ мушаххас мегардонад. Баланд бардоштани андозаи ҷарима ба коҳиш ёфтани содиршавии амалҳои коррупсионӣ, қочоқ ва интиқоли ғайриқонунии мол тавассути нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ мусоидат менамояд.
Давлатзода Нусратулло, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр намуд, ки лоиҳаи мазкур бо назардошти ба миён омадани шаклҳои нави содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ба мақсади пешгирии зиёдшавии шумораи онҳо таҳия гардидааст. Андозсупорандагон ё агентиҳои андоз аз баъзе номукаммалиҳои қонунгузорӣ истифода намуда, бо ҳар роҳу восита аз иҷрои уҳдадориҳои андоз саркашӣ мекунанд.
Бинобар ин, тибқи лоиҳаи мазкур ба моддаҳои 602, 615, 616 ва 618 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки баррасии онҳо дар салоҳияти мақомоти андоз мебошад, тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
Шоҳмурод Рустам, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» гуфт, ки барои бақайдгирӣ, аз нав бақайдгирӣ, барҳамдиҳии ташкилотҳои адвокатӣ, ҳамчунин ворид намудан ба феҳрист ва гирифтани иқтибос аз феҳристҳои махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ, ягонаи адвокатӣ ва ташкилотҳои адвокатӣ рӯёндани маблағи боҷи давлатӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин лоиҳаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» аз ҷониби вакилон ба тасвиб расиданд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2016    №: 68    Мутолиа карданд: 10661

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед