logo

сиёсат

МАСЪУЛИЯТ БОЯД ДУЧАНД БОШАД

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба хизмати давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ин таваҷҷуҳ дар даъвати Сарвари давлат аз роҳбарону масъулон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони сохтору мақомоти давлатӣ дар мавриди масъулиятшинос будан, андешидани тадбирҳои иловагӣ дар самти пешгирии зуҳуроти коррупсия, вобаста ба ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби  ҷавонон ва духтарону бонувони лаёқатманд ва донишманду соҳибмаърифат эҳсос мегардад.

Тавре аз Паём бармеояд, айни замон Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад.  Вобаста ба ин, вазифаи мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ татбиқи стратегияи мазкур аст. Дар лоиҳаи стратегия дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ муайян карда шудаанд. Аз ҷумла, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди низоми хизмати давлатӣ силсилаи тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди низоми хизмати давлатӣ ба лоиҳаи стратегия пешниҳод намудааст. Вазорату идораҳои дигар низ дар доираи ваколат ва вазифаҳои  худ самтҳои афзалиятноки соҳаҳоро барои оянда муайян ва пешниҳод доштаанд. 
Хизматчиёни давлатӣ ҳамчун неруи таъминкунандаи салоҳияти мақомоти давлатӣ дар таъмини ҳадафҳои сифатан нави миллӣ - гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарбахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуқавориву  дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат бояд дар сафи иҷрокунандагони аввал қарор дошта бошанд. Вазифаи дигари хизматчиёни давлатӣ, бо дастури Ҳукумат, таъмин намудани фаъ-олияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар амалӣ гардондани тадбирҳои алоҳида дар масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии  истифодаи захираву имкониятҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти  иқтисодиву иҷтимоӣ ва роҳ надодан ба осебпазирии иқтисоди миллии кишвар дар давраи дарозмуҳлат мебошад.  Дар Паёми Пешвои миллат, ҳамчунин, ба зиммаи хизматчиёни давлатӣ таҳияи барномаҳои соҳавӣ ва татбиқи онҳо низ вогузор шудааст, ки ба  ҳалли ҳадафҳои стратегӣ ва татбиқи шаклу усулҳои пешрафтаи идоракунии иқтисодиёт равона карда мешаванд. Ин дастури мушаххас  ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва дигар мақомоти дахлдор дода шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба шуғли аҳолӣ масъалаи хеле муҳими рӯзро таҳлили амиқ намуда, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илмро вазифадор карданд, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба омодагии касбии шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ раванди таълими касбиро ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ гардонанд. Дар иҷрои ин тадбир  хизматчиёни давлатии вазоратҳои зикргардида бояд масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд.
Имсол ҳам масъалаи ҷавонон дар маркази муҳтавои Паём қарор дошт. Пешвои миллат ба кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, дигар сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки ба масъалаи истифодаи самараноки неруи созандаи ҷавонону бонувон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон ва духтарону бонувони лаёқатманд ва донишманду соҳибмаърифат, инчунин ташвиқи онҳо ба донишандӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Ва дар иҷрои ин вазифаи муҳим боз ҳам роҳбарони мақомоти давлатӣ ҳамчун хизматчии давлатӣ, пеш аз ҳама, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва татбиқкунандаи сиёсати ягонаи хизмати давлатӣ масъулияти дучанд эҳсос мекунанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон  вобаста ба авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он таҳлили  борикбинона ва мардумфаҳмро манзур намуда, изҳор доштанд, ки  «ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад». Дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа хизматчиёни давлатӣ, ки бештар аз 43 фоизашон ҷавонони то 35 - сола мебошанд, уҳдадоранд  ин масъалаи  аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳимро бо амри дил, ақлу фаросати солим дарк ва дар шуури хеш қабул намоянд. Моро зарур аст, ки омӯзиши масъалаи мазкур ва мавзӯҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризмро дар курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонишҳои идоравии бо ташаббуси Агентии хизмати давлатӣ ташкилнамудаи мақомоти давлатӣ тақвият бахшем. Фикр мекунем, ки мақолаи С. Ятимов «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (Шуури муқаррарӣ)» («Ҷумҳурият», 17 декабри соли 2015, № 251 (22 813) дар ин самт дастури хуби таълимӣ барои хизматчиёни давлатӣ буда метавонад.
Пешвои миллат ҳодисаҳои нангини аввали моҳи сентябри соли сипаришударо таҳлил карда, иброз доштанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои  ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем. Ба хотири таъмин ва таҳкими амнияти миллӣ мо - хизматчиёни давлатӣ, волидайн, омӯзгорон, фаъолони маҳалла вазифадорем фазои шуури кӯдакон, наврасон ва ҷавононро холӣ нагузорем ва барои таҳмили мақсадҳои шуури бегона фурсат надиҳем.

Гурез ҚОСИМЗОДА,
муовини якуми директори  Агентии хизмати давлатии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2016    №: 68    Мутолиа карданд: 509

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед