logo

ҳуқуқ

ДАР ҲИФЗИ ОРОМИИ КИШВАР УСТУВОРЕМ

Хисрав  БОБОЗОДА,
фармондеҳи Қӯшунҳои
дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник

Аз таъсиси Қӯшунҳои дохилии ВКД  Ҷумҳурии Тоҷикистон  23 сол сипарӣ шуд. Дар муддати ин солҳо ҳайати шахсӣ, дар ҳақиқат, оромиву осудагӣ ва амнияти кишварро пуштибон буд. Аз ҷумла, воқеаҳои мудҳиши дар водии Рашт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дараи Ромит бавуқӯъомада, бори дигар сатҳи малакаву дониш, обутоби ҷисмонӣ ва тактикаи ҳарбии қӯшунҳои дохилиро аз санҷиш гузаронда, нақши калидии онҳоро дар лаҳзаҳои ҳассос собит сохт.

Бо вуҷуди мушкилоти мавҷудаи солҳои аввали таъсисёбӣ  ҳайати шахсӣ ба кадрҳои  ҳарбии  маҳаллӣ такя карда, дар таъмини оромию осудагии мардум пайваста талош менамуд. Вақте дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  - Сарвари давлат интихоб гардид, мавқеи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ  муҳимтар арзёбӣ гардид.  Сарбозону афсарон дар атрофи ин фарзанди фарзонаи миллат муттаҳид гардида, барои таъмини  амният, ризоияти миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар содиқонаю софдилона ба хизмат оғоз карданд.
Моҳи апрели соли 1993 ҷузъу томҳои таъйиноти махсус - полки фаврӣ, баталиёни таъйиноти махсуси алоҳида, бригадаи таъйиноти махсус, баталиёни алоҳидаи милитсия дар шаҳри Кӯлоб ба тобеияти Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардиданд.
Дар натиҷа, шумораи хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои тобеи раёсати қӯшунҳо ба беш аз  даҳ ҳазор нафар расид. Ҳамин тавр, Қӯшунҳои дохилӣ чун қисми таркибии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи авҷи мухолифатҳои дохилӣ неруи воҳиде буданд, ки дар муқобили ҳама гуна қонуншиканӣ, бенизомӣ, ҷинояткориҳои мусаллаҳона ва дигар зуҳуроти номатлуби ба ҷомеа хатаровар истодагарӣ мекарданд. Силоҳи асосӣ ва неруи шикастнопазири онҳо, пеш аз ҳама, эҳсоси ватандӯстиву ватандорӣ, саъю талоши доимӣ баҳри  истиқрори  сулҳ, хотима додан ба ҷанги  таҳмилии дохилӣ буд.
Ин ғояҳо сарбозону афсаронро якҷону яктан намуданд ва таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  ба мақсади асосӣ - ваҳдату сулҳи сартосарӣ  дар кишвар ноил  гардиданд. Бояд гуфт, ки баъди имзои  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон,  мардум нафаси озод кашид. Вале, ҳанӯз ҳам дар мамлакат қувваҳое буданд, ки осудагиву оромии миллатро намехостанд. Аз ин рӯ, масъулияти хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, риояи назму  тартиботи ҷамъиятӣ бамаротиб афзуд.
Диловарию қаҳрамонии онҳо дар шикасти дастаи полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев, ки ба Ватану миллат хиёнат кард, аз ёдҳо нарафтааст. Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ бо ҳамдастии дигар ниҳодҳои қудратӣ ин дастаи ҷинояткорро аз хоки Тоҷикистон  берун ронданд. Бори  дигар, моҳи  ноябри соли 1998, М. Худойбердиев бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ ба  вилояти  Суғд  ҳуҷуми мусаллаҳона кард. Боз  ҳам ҳайати шахсии  Қӯшунҳои дохилӣ  ба сифати  қувваҳои  пешгарди десантӣ  амал  намуда, бо ҳамдастии  ниҳодҳои қудратии мамлакат ба мубориза бархост. Дар муҳорибаҳои шадид ҳафт  сарбози  қисми ҳарбии 3502   ва шонздаҳ нафар аз қисми ҳарбии 3501 ба ҳалокат расид. Дар рафти ин набардҳо, ки дар шароити сахти кӯҳистон ба вуқӯъ  меомаданд, аскарони қисми ҳарбии 3502 ҷоннисориву худфидоӣ нишон доданд. Чунин муҳорибаҳо, ки дар оғоз ёдовар шудем, дар солҳои баъдӣ низ ҷой доштанд ва, хушбахтона, бо дастгирии мардум ва ниҳодҳои дахлдор тавонистем гурӯҳҳои террористӣ ва созмондиҳандагони онҳоро дар минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон пурра саркӯб намоем.
Ман имрӯз номи генерал - майорҳо  Ҳабибулло Юсуфов, Шовалӣ Саидамиров, Абдуманон Ғозиев, Исмонқул Ғоибов, Неъматулло Қурбонов, Каладор Бақоев, Давлат Каримов,  полковникҳо  Анатолий Попов, Дмитрий Буриев (рӯҳаш шод бод!), Бомурод Раҳмонов, Маълумшо Фамбаков, Назаралӣ Сафаралиев, Муъмин Зиёев ва даҳҳои дигарро бо ифтихор  ба забон мегирам. Зеро онҳо дар рӯзҳои ниҳоят вазнин  ҳайати шахсиро таълиму тарбияи ҳарбӣ дода, ба корнамоиҳои ҷангӣ ҳидоят намуданд.
Қӯшунҳои дохилӣ имрӯз ба сохтори пуриқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта,  дар ҳолати омодабоши баланди ҷангӣ қарор доранд. Гузашта аз ин, ҳар рӯз аз сад то сесад хизматчии ҳарбӣ дар паҳлуи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пайраҳадорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ  сафарбар мешаванд. Дар маҷмӯъ, ягон чорабинии давлативу ҷамъиятӣ, мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бе иштироки хизматчиёни ҳарбии  Қӯшунҳои дохилӣ доир намегарданд.
Даҳшату ваҳшонияти гурӯҳҳои  экстремистиву террористӣ дар як қатор кишварҳо, махсусан Сурияву Ироқ, вазъи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, одамрабоӣ, қочоқи аслиҳа ва маводи  мухаддир моро водор месозанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, пеши роҳи  ҳар гуна хавфу  хатари эҳтимолиро бигирем. Бо ин мақсад, солҳои 2014 - 2015  машқҳои даставии ситодиро якҷо бо ҷузъу  томҳои ташкилшавандаи ҳудудӣ,  бо  иштироки  намояндагони  аҳли ҷамоатчигӣ ва ташкилоту муассисаҳо доир кардем. Дар ин машқҳо ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ маҳорати баланди касбӣ нишон дод.
Тарбияи хизматчиёни ҳарбӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, қаҳрамонӣ, омода будан ба ҳифзи марзу буми кишвар  кори доимии ҳайати роҳбарикунандаи ҳамаи шуъбаю  хадамот мебошад. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки сарбозону афсарони Қӯшунҳои дохилӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳифзи оромии кишвар устуворанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2016    №: 68    Мутолиа карданд: 426

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед