logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН ВА ИНТЕГРАТСИЯИ ГЛОБАЛИИ ИҚТИСОДӢ

Ба озмуни "Ҷумҳурият"

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ояндаи моро муайян кард.  Худшиносии мил-лӣ, дарки ватандорӣ, ҳаллу фасли мустақилонаи масъалаҳои иҷтимоию  иқтисодӣ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд аз муҳимтарин рукнҳову суннатҳои   истиқлолиятанд.  Дохилшавии ҷумҳурӣ ба низоми хоҷагии ҷаҳонӣ барои инкишофи минбаъдаи қувваҳои истеҳсолкунанда, ташаккул ёфтани сохтори хоҷагии халқ ва иқтидори содиротии кишвар замина гузошт. Ҷиҳати ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар ҷумҳурӣ Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ қабул гардиданд. Мақсад аз амалигардонии онҳо то дуюним баробар афзоиш додани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ ва ду баробар паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад, ки ин ҳадафҳо то ба имрӯз давра ба давра иҷро гардида истодаанд. Далели равшани он аз 80 дарсад то 30 дарсад коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатист. Дар ин раванд суръатбахшии ислоҳоти иқтисодӣ, ки ба рушди тамоми соҳаҳои истеҳсоливу иҷтимоии кишвар нигаронида шудааст, яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ба ҳисоб меравад.
Барои  ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар доираи татбиқи  Стратегияи миллии рушд  чунин афзалиятҳо муайян шудаанд:
1. Ислоҳоти идоракунии давлатӣ, ки ба ташаккул додани низоми рушди миллӣ дар кишвар нигаронида шудааст ва хусусиятҳои хоси он шаффофият, тобеияти ҳисоботдиҳӣ ва мубориза алайҳи фасод (коррупсия) мебошанд.
2. Рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя, ки ба тавсеаи озодиҳои иқтисодӣ, таҳкими ҳуқуқи моликият, қонуният, рушди ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ асос ёфтааст.
3. Рушди неруи инсонӣ. Он ба афзоиши ҳаҷм ва сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолии камбизоат, ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, фаъолнокии иштироки аҳолӣ дар раванди инкишоф ва таҳкими шарикии иҷтимоӣ нигаронида шудааст.
Ҳамгироии (интегратсияи) иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон бо зарурати ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва баровардани иқтисод аз ҳолати тӯлонии буҳронӣ асоснок карда мешавад. Дар тӯли солҳои сипаришудаи соҳибистиқлолӣ  иқтисодиёти Тоҷикистон давраи барқарорнамоиро аз  сар гузаронда,  алҳол дар марҳилаи сифатӣ рушд карда истодааст. Ҳамгироии он ба хоҷагии ҷаҳонӣ метавонад  барои суръати баланди рушди устувори иқтисодиёт ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ шароит  муҳайё намояд.   
Боиси сарафрозист, ки Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳама гуна иқдомҳои имконпазирро барои ҳалли масъалаҳои  иҷтимоию иқтисодӣ ва рушду нумуи иқтисодиёти кишвар дастгирӣ менамоянд. Барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва устувор гардондани мавқеи мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои иқтисодии худро дар доираи гурӯҳҳои ҳамгиро (интегратсионӣ) ва созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) устувор мегардонад, барои ҳимояи манфиатҳои мамлакат, ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва глобалӣ, ҷорӣ намудани низом ва механизмҳои устувори ҳамкориҳо талош меварзад. Истифодаи механизмҳои мавҷудаи ҳамкорӣ, инчунин низоми созмонҳои умумиҷаҳонӣ барои манфиатҳои Тоҷикистон мувофиқи мақсад аст.
Манфиатҳои иқтисодии Тоҷикистон дар иттиҳоди интегратсионӣ бо кишварҳои ИДМ ва СҲШ дар он таҷассум меёбанд, ки ҷумҳурӣ стратегияи иқтисодии худро ба ҳалли чунин масъалаҳо равона мекунад:
- эҳё ва таъмини инкишофи устувори иқтисодӣ;
- тезондани суръати тараққиёти саноатӣ, амалинамоии бозсозии сохторӣ;
- таъмини ҳаракати озоди мол, хизматрасонӣ ва сармоя дар ҳудуди ИДМ;
- таъмини гардиши озоди қувваи коргарӣ дар ҳудуди байнидавлатӣ;
- тавонбахшии иқтидори содиротӣ;
- табдилдиҳии Тоҷикистон аз минтақаи сарбаста ба минтақаи транзитӣ.

Асомуддин АЗИЗОВ,
Наҷибулло Маҳмудов,
устодони  Донишгоҳи
давлатии Данғара    


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2016    №: 68    Мутолиа карданд: 685

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед