logo

сиёсат

АЗ ҶАНОБИ ОЛӢ БОЯД ОМӮХТ

Вохӯрии Президенти муаззами мо бо зиёиёни кишвар баҳори тозарӯи имсоларо боз ҳам тозарӯтар гардонд, бо таъбире “Тоҷикистони ҳамешабаҳор ба чаманистони афсонавии ҷовидона” мубаддал  гардид.

Ростӣ, касе, ки аҳли суханро арҷ мегузорад, ба дурии дуриҳо мерасад.
Беҳуда Сарвари давлат андешаи шоири тавоно Бозор Собирро дар ин вохӯрӣ махсус ҷонибдорӣ накард, ки гуфтааст: “Шоирро аввал бӯса кунед ва баъд ба хок супоред”.
Ҷонибдории ин андешаи устод Бозор Собир аз тарафи як тан сиёсатмадори тавоно, бешубҳа,  дар рӯзгори мо аз ба ҳам омадан  ва ҳамбаста гардидани афкори адабию сиёсист, ки чунин ваҳдати ақлу хирад мояи ифтихормандӣ ва шаҳодатест аз ғалабаи рӯшноӣ, аз музаффарияти рӯшноие, ки ҳамагон барои ба он расидан пайваста талош меварзем.
Ё худ “Ман шоиронро дӯст медорам”- гуфтани Сарвари давлат беҳтарин қадршиносӣ ва беҳтарин мукофотест барои шоире, ки хонандагон ӯро чун шоир эътироф кардаанд.
Ин лаҳза гуфтори шоири Рими қадим Публи Овидий Назон  ба хотир мерасад, ки ӯ ҳанӯз дар соли 43- юми то солшумории милодӣ таъкид карда гуфта буд, ки ”барои худоёну подшоҳони қадим азизтарин ва маҳбубтарин ашхос шоирон ба ҳисоб мерафтанд”.
Аз ҷониби Сарвари кишвар эътироф гардидани шоир, давлати беназир аст. Чунин эътиборро дар рӯзи вохӯрӣ иброз сохтани Роҳбари давлатамон дар ҳузури меҳмонони Ҳамоиши наврӯзӣ  аз як тараф хирадмандии  Ҷаноби Олиро нишон диҳад, аз тарафи дигар ба аҳли сухан эътибор додани ӯ соҳибхирадии миллати моро дар симои Сарвари одилу оқили худ мефаҳмонад.
Ин андешаҳои олӣ ҳамин хел осон ва арзон ҳосил намегарданд. Ин андешаҳои оқилона самараи талошҳои як нафар фарди бедори тоҷик дар симои Президенти мост, ки баъди омӯзиш ва аз бар кардани эҷодҳои гузаштагону имрӯзиёни илму адаб бардошт шудаанд, ки ниҳоят ибратомӯз аст.
“Ман ҳам вақтҳои фориғ аз кор китоб варақ мезанам. ”Китобҳоро бояд хонанда аз китобхона ҷустуҷӯ намояд, китоб набояд дар рафҳои мағозаҳои китоб зери чангу ғубор хобад, китобро ба якдигар бояд туҳфа кард  ва ба китобхон низ туҳфа бояд дод” - иброз доштан магар нишонаи гиромидошти китоб ва  аҳли ҳунар нест? Албатта, ҳаст.
Бисёр ба маврид фармудаанд, ки:
Ҳар шоҳ, ки ӯ нияти худ рост кунад,
Ёбад зи Худо ҳар он чи дархост кунад.

Раҷаби МУСУЛМОНИЁН,
сарвари бахши Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон
дар ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2016    №: 68    Мутолиа карданд: 408

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед