logo

иҷтимоиёт

ДИАБЕТ ПЕШГИРИШАВАНДА АСТ

Бахшида ба «Рӯзи байналмилалии солимӣ» дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он мушкилоти диабети қанд ва роҳҳои мубориза бар зидди ин беморӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷамъомад Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Игор Поканевич, роҳбари Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар кишвар ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.
Зикр гашт, ки тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳар сол дар Тоҷикистон  афзоиши шумораи умумии гирифторони бемории диабети қанд ба қайд гирифта мешавад. Ҳамчунин, ҳолатҳои аз ин беморӣ ба оризаи  вазнин -  маъюбӣ расидан ҳам рӯ ба афзоиш аст. Дар давраи солҳои  2010 – 2014 шумори гирифторони ин беморӣ нисбат ба солҳои пешин 1, 5 маротиба зиёд гардид. Агар нишондоди умумии гирифторони бемории  диабети қанд дар соли 2010  293 нафар ба 100 ҳазор аҳолӣ рост ояд,  пас соли 2014 шумораи умумии гирифторони диабети қанд то 400 нафар ба 100 ҳазор  аҳолӣ расид.
Диабет бемории музмин, вале пешгиришаванда аст. Чораи ягонаи боэътимоди боздоштани  паҳншавии диабети қанд, ин роҳ надодан ба гирифторшавии одамон ба ин беморӣ мебошад. Бисёр омилҳои хатарнок ба саломатӣ, ки ба зиёдшавии  вазни  ҷисм алоқамандӣ дорад, дар синни кӯдакӣ ё наврасӣ пайдо мешаванд. Диабет ду навъ мешавад, ки навъи дуюми онро метавон ба воситаи доруворӣ ва риояи вояи дуруст табобат кард. Барои пешгирии диабети навъи ду солимии вазни ҷисм, машғулият ба фаъолияти ҷисмонӣ, нигоҳ доштани вояи солими ғизо бо тановули пайвастаи меваву сабзавот, худдорӣ аз тамокукашӣ  зарур мебошад. Дар ин ҷода  муассисаҳои  давлатӣ ва хусусӣ нақши муҳимро иҷро мекунанд. 
Бинобар андешаи Игор Поканевич як дарсади беморони фавтида дар  Тоҷикистон аз ин беморист. Аз ин рӯ, зарурат пеш омадааст, то ки оид ба беҳтар намудани назорати эпидемиологии диабети қанд, роҳҳои пешгирии  он, инчунин бурдани маҷмӯи корҳо ҷиҳати мустаҳкаму устувор намудани соҳаи тандурустӣ масъулон тадбирҳои ҷиддӣ рӯйи даст гиранд.
 
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.04.2016    №: 69    Мутолиа карданд: 372

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед