logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон Бойматов - узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд ва Фарҳод ТОИРОВ, роҳбари бахши муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассосиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238-54-16  ба мо муроҷиат намоянд.

- Падарам 22 ноябри соли 2015 барои содир кардани ҷинояти нашъамандӣ, яъне фурӯхтани маводи мухаддир дар ҳаҷми 0,009 грамм дастгир шуд. Маҳз бо ҳамин ҷиноят 2 марти соли 2011 ӯ ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум гардида буд. Бигӯед, ки муҳлати  мурофиаи судӣ чанд вақт муқаррар гардидааст ва ин дафъа падарамро чӣ ҷазо интизор аст?
 Муборизи Диловар,
 ноҳияи Восеъ

- Падари шумо ҷинояти пешбининамудаи қисми якуми моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар доданро дар ҳолати редсидивӣ содир намудааст. Гузашта аз ин, доғи судии ӯ барои ҷинояти 2 марти соли 2011 содиркардааш тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун то ҳол бардошта нашудааст. Бинобар ин, кирдори ҷиноятии падаратон бо банди «а» қисми 3-и моддаи 200 КҶ ҶТ (яъне такроран) банду баст шуда, ҷазо барои ин ҷиноят дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол бо мусодираи амвол ё бидуни он пешбинӣ гардидааст.
Вобаста ба муҳлати мурофиаи судӣ ҳаминро гуфтаниам, ки тибқи муқаррароти қисми 3 моддаи 261 КМҶ ҶТ баъди ба суд ворид гардидани парвандаи ҷиноятӣ судя дар муҳлати на дертар аз чордаҳ шабонарӯз дар бораи таъйин намудани маҷлиси судӣ қарори дахлдор қабул менамояд. Барои парвандаҳои мураккаб ва ҳаҷман калон ин муҳлат мумкин аст бо қарори раиси суд то як моҳ дароз карда шавад. Баррасии парванда бояд дар муҳлати на дертар аз чордаҳ шабонарӯз аз лаҳзаи баровардани қарори судя дар бораи таъйин намудани маҷлиси суд, дар ҳолати истисноӣ бошад, дар муҳлати сӣ шабонарӯз дар маҷлиси суд оғоз карда шавад.


- Падарам соли 2007 аз олам гузашанд.  Баъдтар фаҳмидем, ки он кас дар Қӯрғонтеппа хонаи истиқоматӣ доштаанду шахсе муваққатан дар он зиндагӣ мекардааст. Бо талаби ман ин шахс манзили аз падарам меросмондаро холӣ карданӣ нест. Оё роҳи ҳалли масъала вуҷуд дорад?
Олег, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа

- Тибқи талаботи қонуни гражданӣ муҳлати қабули мерос  шаш моҳ муқаррар шудааст. Шумо муҳлати муроҷиат ба идораи нотариалиро оид ба қабули мерос гузарондаед. Бинобар ин, барои дароз намудани муҳлати қабули мерос ба суд бо даъво муроҷиат кунед. Баъди ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд оид ба дароз кардани муҳлати қабули мерос, аз идораи нотариалӣ Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба меросро гирифта метавонед. Сипас, ҳамчун молик ба суд бо даъво дар бораи хонаи истиқоматии дигар надода, кӯчондани шахси муваққатан истиқоматкунанда муроҷиат намоед.

 Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.04.2016    №: 69    Мутолиа карданд: 597

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед