logo

фарҳанг

ҶАМШЕД ВА НАВРӮЗ

Ҷамшед ё Ҷам (Ям дар Авасто) як шоҳи асотирии ҳиндуэронист. Вай дар асл аввалин башар ва аввалин шахси фанопазир ва шоҳи сарзамини мурдагон (ҷаҳони фонӣ ва заминӣ) буд. Дар достони Ҷам дар густураи садаҳои пеш аз таърих дигаргуниҳое падид омадааст, ки мунҷар ба пайдо шудани достони подшоҳӣ ҳамроҳ бо иқтидори вай бар замин шудааст, чунонки дар замони подшоҳии вай мардум аз газанди пириву марг барканор ва ҳамвора ҷавон буданд.

Артур Кристенсен, донишманди донморкӣ
Бифармуд (Ҷамшед) то чархе аз обгина барои ӯ бисозанд ва шаётинро (ҷинҳоро, ки мутеи вай буданд) дар он ҷой дод ва бар он нишаст ва дар ҳаво аз шаҳри хеш Дамованд то Бобул ба як рӯз рафт ва он рӯз ҳурмузрӯзи фарвардинмоҳ  буд ва мардум аз ин шигифтӣ, ки диданд, Наврӯз гирифтанд ва бигуфт, то ин рӯз ва панҷ рӯзи дунболи онро ид гиранд ва шодию хушӣ кунанд ва рӯзи шашум, ки мурдодрӯз буд, зимни мактубе ба мардум хабар дод, ки чун Худованд равиши вайро дар подшоҳӣ писандида, подоши вай ин шуда, ки мардум аз  сармову гармо ва пирию ҳасад барканор шуданд. Ба мардум пас аз сесаду шонздаҳ сол, ки аз подшоҳии вай гузашта буд, сесад сол ба сар карданд, ки аз балиёт (балоҳо) ба дур буданд.

Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ,
таърихнигор, муаллифи «Таърихи Табарӣ»
Чун Ҷамшед барои худ гардуна бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин ӯро дар ҳаво ҳамл карданд (бардоштанд) ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд.

* * *
Оғози офариниши гетӣ нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат Ҷамшед ном карданд, зеро аз нишонии соли нав аст. Он чи аз паси ӯст, аз ин панҷ рӯз ҳама ҷашнҳост ва шашуми фарвардинмоҳ Наврӯз бузург доранд, зеро ки хусравон (подшоҳон) бад-ин панҷ рӯз ҳақҳои ҳашам ва гурӯҳон (хидматгорону чокарон) бигузоридандӣ ва ҳоҷатҳо раво кардандӣ. Он гоҳ бад-ин рӯзи шашум хилват кардандӣ хосагонро ва эътиқоди порсоён андар Наврӯзи нахустин он аст, ки аввал рӯзест аз замона ва бад-ӯ фалак оғозид гаштанд.

* * *
Чун Ҷам даргузашт, подшоҳон ҳама рӯзҳои ин моҳро ид гирифтанд. Идҳоро шаш бахш карданд. Панҷ рӯзи нахустро ба подшоҳон ихтисос доданд, панҷ рӯзи дувумро ба ашроф, панҷ рӯзи савумро ба ходимону коркунони подшоҳ, панҷ рӯзи чаҳорумро ба надимону дарбориён, панҷ рӯзи панҷумро ба тӯдаи мардум, панҷ рӯзи шашумро ба барзгарон.

Абурайҳони БЕРУНӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.04.2016    №: 69    Мутолиа карданд: 631

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед