иқтисод
ИПОТЕКА
ҚАРЗЕ, КИ МУШКИЛОТРО ОСОН МЕКУНАД
Имрӯз буҳрони иқтисодӣ дар баробари дигар соҳаҳо ба бахши иҷтимоиёти мамлакат низ таъсири манфии худро расондааст. Хоҳишмандони шароити зисти худро беҳтар мекарда зиёданд, аммо маблағи кофӣ, ки надоранд, орзуҳояшон ҷомаи амал намепӯшад.
Нархи хонаҳо гарон асту дастнорас. Аз ин рӯ, бо мақсади қонеъ кардани талаботи худ онҳо барои гирифтани қарзи ипотекӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ муроҷиат менамоянд.
Барои огоҳии бештар пайдо кардан аз ҷараёни доду гирифти қарзи ипотекӣ бо Фурқат Ҳасанов, сарвари бахши Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» дар шаҳри Душанбе, муроҷиат намудем.
- Муҳтарам Фурқат Ҳасанов, бигӯед, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» чӣ муқаррарот дорад ва қарзи дарозмуддат дар кадом асос ба шаҳрвандон дода мешавад?
- Бонки мо яке аз иштирокчиёни фаъоли бозори молиявии ҷумҳурӣ буда, ҳамаи намуди амалиётҳои бонкиро амалӣ мегардонад. Бонк дорои 23 бахш, 260 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 428 нуқтаи интиқоли пул мебошад.
Ипотека ин гарави молу мулки ғайриманқулест, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун аз қайди давлатӣ гузаштааст. Гарав бошад, уҳдадориест, ки вобаста ба он кредитор оид ба уҳдадории бо гарав таъмингардида (гаравгир) ҳуқуқ дорад дар ҳолати иҷро накардани ин уҳдадорӣ аз ҷониби қарздор аз арзиши молу мулки ба гарав гузошташуда нисбат ба дигар кредиторони шахсе, ки ин молу мулк аз они ӯст (гаравдеҳ), талаботашро афзалиятнок қонеъ гардонад.
- Киҳо аз шумо қарз гирифта метавонанд ва муҳлати баргардондани он чанд сол аст?
- «Бонки Эсхата» пас аз таҳлили талаботи бозор қарзи ипотекиро пешкаши мизоҷон кардааст. Нахуст қарзҳо танҳо барои шаҳрвандони Душанбе ва Хуҷанд пешкаш мешудаанд. Айни ҳол сокинони дигар минтақаҳои кишвар, ки бонк дар он ҷо фаъолият мебарад, қарзи ипотекиро гирифта метавонанд. Қарзи мазкурро ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ метавонанд бигиранд. Мизоҷ бояд шаҳрванди Тоҷикистон буда, даромади устувор дошта бошад. қарзи ипотекӣ дарозмуҳлат аст ва то 10 сол пешниҳод мегардад.
- Додани қарз чӣ гуна сурат мегирад? Барои қарзгирӣ пешниҳод кардани кадом намуди ҳуҷҷатҳо зарур аст?
- Ҳуҷҷатҳо ва натиҷаҳои таҳлили пардохтпазирии мизоҷ ба кумитаи қарздиҳии бонк пешниҳод мегардад. Ҳангоми гирифтани ҷавоби мусбат ба мизоҷ қарз то 5 рӯзи корӣ, вобаста ба ҳаҷми маблағ пешниҳод мегардад. Маблағи қарз ба тариқи ғайринақдӣ ба суратҳисоби фурӯшандаи хонаи истиқоматӣ гузаронда мешавад.
- Маблағи қарз аз 25 000 то 250 000 сомонӣ ва бештар ба доллар дода мешавад. Фоизи қарзи солона бо доллар 18 дарсад ва бо сомонӣ 28 дарсадро ташкил медиҳад. Барои гирифтани қарзи ипотекӣ бояд аризадиҳанда воситаҳои пулии шахсиро дар ҳаҷми на кам аз 30 дарсад аз арзиши хона дошта бошад, боқимонда 70 дарсад ба тариқи қарз пешниҳод мегардад. Ҳангоми гирифтани қарзи ипотекӣ аз мизоҷ ба ғайр аз фоизи қарзи тасдиқшуда ягон хел фоизи иловагӣ ситонда намешавад. Маблағи асосии пардохт ва фоизи қарз дар ҷадвали пардохти қарз оварда мешавад. Гарави қарзгиранда хонаи харида ва ё дигар хонаи истиқоматӣ шуда метавонад. То охири соли 2015 ба мизоҷон 8,6 миллион сомонӣ қарз додаем.
- Дар сурати рух додани ягон ҳодиса ба шахси қарздор маблағи бонкро бояд кӣ баргардонад?
- Мутобиқи талаботи қонунгузории граждании ҷумҳурӣ ҳангоми вафоти шаҳрванд дар баробари молу амвол инчунин уҳдадориҳои шахси вафоткарда ба ворисони ҳуқуқии ҳамон шахс мегузарад. Зеро моддаи 1187 Кодекси граждании ҷумҳурӣ пешбинӣ намудааст, ки «Кредиторони меросгузор ҳуқуқ доранд талаботи худро, ки аз уҳдадориҳои меросгузор бармеояд ба иҷрочии васиятнома, идоракунандаи мерос ё ворисон пешниҳод намоянд. Ворисон ҳамчун қарздорони муштарак дар доираи арзиши амволи ба ҳар яки онҳо гузошта ҷавоб медиҳанд».
Бонк дар ин ҳолат омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ворисон, аз ҷумла пардохтпазирии онҳоро ба инобат гирифта, пардохти маблағи кредитро талаб менамояд.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.04.2016 №: 69 Мутолиа карданд: 576