logo

сиёсат

Абдураҳмон Қодирӣ: «МО БО ШУМО ИФТИХОР ДОРЕМ»

Бо тантана ва дар рӯҳияи баланду ифтихори ватандорӣ гуселондани наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҳукми анъана даромадааст. Соли дувум аст, ки ба ин муносибат дар саҳни Амфитеатр, воқеъ дар мавзеи Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо иштироки масъулони комиссариатҳои ҳарбӣ, волидон, донишҷӯёну хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилоят ҳамоиш баргузор мегардад.
Бо садои сурудҳои ватанхоҳона ва кафкӯбиҳои пурмавҷи мардум 1500 нафар даъватшавандаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят дар саҳни Амфитеатр қадам заданд. Шиорҳои «Ватан бо ҳомиёни худ ифтихор дорад!», «Ватан ганҷинае дар синаи мост!», «Даъват ба хизмати ҳарбӣ ифтихор аст!», «Пос дорам қатраи оби Ватан, Гарди хоку резаи нони Ватан!», «Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шуҷоату мардонагӣ меомӯзем!», «Артиши миллӣ - мактаби мардонагист!», ки аз забони наваскарон садо медод, ба дили ҳар як иштироккунанда ҳисси ифтихор ва меҳанпарастиро меангехт.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ даъватшударо  самимона табрик намуда, аз ҷумла чунин гуфт:
- Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон воқеан ҳам мояи ифтихору шараф аст, зеро неъмати бузургтарин - осудагиву сулҳу субот, бақои давлату давлатдорӣ, рушди иқтисоди он, аз нерумандии Артиши миллӣ вобастагии зич дорад. Мо аз он ифтихор дорем, ки ҷавонписарони вилоят бо дарки масъулияти баланди имрӯз ба таври ихтиёрӣ ба қисмҳои ҳарбии минтақаҳои гуногуни кишвар раҳсипор мешаванд ва посбони марзу буми Ватан мешаванд. Ҳамдиёрон, мо ба шумо бовар дорем, падару модаронатон низ бовар доранд, ки хизмати ҳарбиро бо сари баланд ва иродаи қавӣ паси сар мекунед.
Бино ба андешаи комиссари ҳарбии вилоят, полковник Назар Назарзода  баргузории чунин ҳамоишҳои фарҳангӣ барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани тарбияи ватандӯстии  ҷавонон такони ҷиддие мебахшад.
Ҳоҷимуҳаммади Зиёмуҳаммад, даъватшаванда аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, андешаҳояшро чунин иброз дошт: «Мисли падару бародаронам хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда, назди ин обу хок ва ҳамдиёрони шарифам сари баланд доштан, азму нияти чандинсолаи ман буд. Зеро падарам ҳамеша таъкид мекунанд, ки майдони артиш арсаи ҳақиқии обутобёбӣ ва мардонагист».
Сокини ноҳияи Ашт Фирдавс Ғайбуллоев бо вуҷуди хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буданаш, тасмим гирифтааст, ки қабл аз оғози фаъолияти корӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хизмати ҳарбиро ба ҷо орад.
- Ҳангоми иштирок дар ин ҳамоиши ватандӯстона, бо чандин ҷавонмарди шуҷоъ, ки аз минтақаҳои гуногуни вилоят буданд, ошноӣ пайдо намудам. Нигоҳҳои пурумеди падару модарони диёрамро дида, бори дигар ба дурусту саривақтӣ будани азму иродаам итминони комил ҳосил кардам, - иброз дошт Фирдавс Ғайбуллоев.

Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.04.2016    №: 69    Мутолиа карданд: 608

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед