logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

8 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси якҷояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тадорукот баргузор шуд.

Дар маҷлис рафти иҷрои буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2015 “Дар бораи таҷлили 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 19 декабри соли 2015 “Дар бораи баргузории тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин рафти иҷрои чорабиниҳо баҳри омодагӣ ба гузоштани санги асоси Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи "CASA-1000" мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҳисоботи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки дар семоҳаи аввали соли 2016 қисми даромад 93,5 дарсад иҷро шуда, 3, 4 миллиард сомонӣ ба буҷет ворид шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои давлатиро вазифадор намуд, ки баҳри иҷрои пурраи қисми даромади буҷет ва дигар пардохтҳо чораҳои дахлдор андешанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба омодагӣ ба таҷлили идҳои бузурги давлатӣ ҳисоботи раиси Кумитаи тадорукот, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар масъулони ҷумҳуриявиро шунида, зимни ҳисоботи онҳо ва суханронии худ доир ба тезондани корҳои омодагӣ ба ҷашнҳои фархунда, бо суръату сифати баланд анҷом додани корҳои ободонӣ ва иҷрои дигар тадбирҳои сиёсию фарҳангӣ супоришҳои мушаххас дод.
Зикр гардид,  ки дар доираи ҷашни бузурги миллӣ – 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои мардуми кишвар дар моҳҳои наздик корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 1 миллиону 200 ҳазор тонна дар як сол, корхонаи гаҷкардон бо иқтидори истеҳсолии се миллион дона,  корхонаҳои истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, корхонаи истеҳсоли тилло дар шаҳри Ваҳдат, корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта дар ноҳияи Данғара, корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта дар ноҳияи Фархор, комбинати металлургӣ бо иқтидори 150 ҳазор тонна дар шаҳри Ҳисор, ба истифода супурдани қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат - Ёвон, сохта ба истифода супурдани марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар иншооти муҳим сохта ба истифода дода мешаванд, ки ин туҳфаи арзанда ва сазовор дар рӯзҳои истиқбол аз ин ҷашни давлатӣ маҳсуб мегардад.
Дар маҷмӯъ, бо мақсади рушди соҳаи саноат дар соли ҷашнӣ таъсиси 161 корхонаи саноатӣ бо зиёда аз даҳ ҳазор ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Дар арафаи ҷашни миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 155 муассисаи таълимӣ, 46 иншооти варзишӣ, 8 иншооти соҳаи тандурустӣ, 9 иншоот дар соҳаи энергетика ва 8 иншоот дар соҳаи нақлиёт сохта ба истифода дода мешаванд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Кумитаи тадорукот ва дигар масъулон супориш дод, ки барои татбиқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ: 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии он дар саросари кишвар тадбирҳои зарурӣ андешанд ва онро бояд бо ташкили раҳпаймоиҳои мардумӣ дар сатҳи баланд гузаронанд.
Вобаста ба рафти иҷрои чорабиниҳо баҳри омодагӣ ба гузоштани санги асоси бунёди Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000" ба масъулони Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.04.2016    №: 69    Мутолиа карданд: 13496

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед