logo

иҷтимоиёт

ОРОМӢ ХУД НЕЪМАТ АСТ

Дар як ҳадиси Паёмбар (с) омадааст: «Хушбахт (саодатманд) он касест, ки аз саргузашти дигарон панд гирад». Ба ин маънӣ асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ навиштааст:
Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Воқеаҳои Афғонистон, Ироқ ва Сурия нишон доданд, ки зери шиори ҷиҳоди дурӯғин мардумро гумроҳ сохтану худро ҳақ нишон додани  пешвоёни ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба чӣ оқибатҳои даҳшатбор оварда расонданд. То шиорпардозиҳову эълони ҷиҳод кардани Гулбиддини Ҳикматёр, Мулло Умар, Абубакри Бағдодӣ ва дигар роҳбарони ба ном ҷиҳодӣ сокинони ин кишварҳо зиндагии орому осоишта доштанд. Масҷидҳо обод буданду мардум намозу рӯза ва адои маросими ҳаҷро  бо хотири ҷамъ ба ҷо меоварданд.
Мутаассифона, имрӯз вазъ дар ин мамлакатҳо ноором аст. Қариб ҳар рӯз дар ягон маҳаллаву бозор амали террористӣ рух дода, боиси марги мардуми бегуноҳ мешавад. Кор ба ҷое расида, ки ифротгароён ҳатто аз таркондани ҷойҳои муқаддасу таърихӣ, мисли масҷиду осорхонаҳо худдорӣ намекунанд.
Ин ҳодисаҳо бояд барои пешвоёни собиқи ҲНИТ дарс мешуд, вале афсӯс, ки онҳо манфиатҳои шахсиашонро аз манфиати давлату миллат боло гузошта, кӯшиши барҳам задани суботи ҷомеаро намуданд. Хушбахтона, дасисабозиҳои онҳо сари вақт фош гардида, аз эҳтимоли ҳар гуна муноқиша ҷилавгирӣ шуд.
Сарвари собиқ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар мусоҳибае бо хабарнигори шабакаи телевизионии байналмилалии «Ал - ҷазира» гуфта буд: ҲНИТ идомаи ҳамон ҳизбест, ки соли 1973 дар айёми шӯравӣ таъсис ёфта, дар афкору андешаҳои худ ба ҷамоати «Ихвон-ул-муслимин» қаробат дорад. Пӯшида нест, ки созмони террористӣ дар Мисру Ироқ, Яману Сурия, Алҷазоиру Либия зери шиори «ҷиҳод дар роҳи ҳақ» ба сари мардуми одӣ чӣ мушкиливу бадбахтиҳо овард. Мусулмонкушӣ, барҳам задани ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳеҷ ваҷҳ ҷиҳод шуда наметавонад.
Солҳои навадуми асри гузашта иддае аз сокинони мамлакат, ки дар натиҷаи муқовиматҳои сиёсӣ ба Афғонистон фирор карданд, бо чашми сар диданд, ки дар ин кишвари ҳамсоя силоҳбадастон зери ниқоби Ислом ба чӣ корҳои нангине даст мезананд. Толибон, ки дар Афғонистон талоши ҳокимияти сиёсиро ба даст гирифтан доранд, ба мардуми ҷабрдидаи ин кишвари ҷангзада танҳо бадбахтӣ, бехонумонӣ, тарс, ваҳшат ва куштор оварданд.
Яке аз рӯҳониёни маъруфи кишвар домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ ҳамеша дар мавъизаҳои худ «итоат ба подшоҳ»-ро воҷиб дониста, таъкид мекунад, ки ин нукта дар мазҳаби Имоми Аъзам ҷойгоҳи хос дорад. Ӯ барои тақвияти суханонаш аз Имом Абуҳанифа чунин мисол меорад: Пешвои мазҳаби мо Имоми Аъзам шогирди худ Абуюсуфро насиҳаткунон мегӯяд, ки «подшоҳро эҳтиром намо ва манзалаташро гиромӣ дор!». Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ аз сокинони мамлакат хостааст, ки дар ҳаққи Сарвари давлат дуои хайр намуда, аз Худованд бихоҳанд, ки сулҳу ваҳдат ва суботу амниятро дар кишварамон пойдор гардонад.
Агар Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш низ аз ин олими маъруф дарси ибрат мегирифтанд, ба роҳи хато намерафтанд. Зеро оромии мардум як неъмати бузург буда, онро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд қурбони мансабталошиву шуҳратхоҳӣ кард.

Н. ЮСУФӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2016    №: 70    Мутолиа карданд: 411

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед