logo

иҷтимоиёт

АЗ БЕМАСЪУЛИЯТӢ ТО ҚОНУНШИКАНӢ

БОЗ ДАР БОРАИ ПОЙМОЛ ГАРДИДАНИ ҲУҚУҚИ ХАРИДОРОН ДАР БОЗОРҲО
Мутобиқи моддаи 11 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» фурӯшанда дар ҷойи савдо ва хидмат ба мардум бояд дорои чунин мавод бошад: овеза бо нишондоди номи ташкилот, иттилоот дар бораи макони ҷойгиршавии он, китоби сабти арзу шикоятҳо ва пешниҳодот, ҳуҷҷатҳое, ки манбаи воридшавии молҳоро нишон дода, сифат ва бехатарии онҳоро тасдиқ менамоянд, ҳамчунин дафтарчаи тиббӣ ва корти фурӯшанда.

Талаботи зарурӣ ва аввалиндараҷа дар нуқтаҳои хизматрасонӣ либоси ягонаи корӣ доштани фурӯшандаҳо мебошад, ки тибқи моддаи 17 – и қонуни мазкур муқаррар шудааст. Мутаассифона, аксаран савдогарон ин тартиботро риоя намекунанд, либоси ягона ва аз ҳама муҳим корти фурӯшандагӣ надоранд, дар ҳоле ки фурӯшанда бояд молро дар бозор танҳо дар сурати мавҷуд будани корт ба фурӯш барорад. Корти фурӯшанда ҳангоми бастани шартнома дар бораи ҷудо кардани ҷойи савдо ба расмият дароварда, ба ҳар як фурӯшанда дода мешавад ва дар болои либос - сари сина насб мегардад, нисбат ба ҳамаи ҷойҳои савдои дар он зикрёфта дар доираи як бозор эътибор дорад.
Камбудии дигар аз ҷониби савдогарон надодани чеки мол бо овардани суроғаи худ ва сабти маблағ, ки ба мол, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва хариду фурӯши он мансуб аст, мебошад. Чеки хазинадорӣ низ бо зикри маблағ санаи фурӯш ва номи ташкилоте, ки молро барои фурӯш истеҳсол кардааст, дода намешавад. Чек исботкунанда ва муҳофизатгар аз нофаҳмиҳо байни фурӯшанда ва харидор мебошад. Нофаҳмӣ одатан миёни ҳар ду ҷониб  барои баргардондани маҳсулоти харидшуда ба миён меояд. Аз байн як рӯз гузарад ҳам, фурӯшанда молашро бозпас намегирад. Ҳол он ки дар моддаи 25 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» омадааст, ки « … талаби харидор дар бобати иваз кардан ё баргардондани мол бояд қонеъ гардонда шавад, ба шарте ки мол мавриди истифода қарор нагирифта, хосиятҳои истеъмолиаш осеб надида, далеле дар даст бошад, ки он маҳз аз фурӯшанда харид шудааст». Ин ҷо далели дар дастбуда танҳо чеки додаи фурӯшанда мебошад, аммо ӯ дидаву дониста ба поймол шудани ҳуқуқи истеъмолгар роҳ медиҳад. Умуман, баҳсҳо дар хусуси поймол кардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон зиёданд. Бархе андеша доранд, ки сабаби қонунвайронкуниҳо ҳуқуқҳои худро надонистани истеъмолкунандагон мебошад, масалан, ҳангоми хариду фурӯш талаб накардани чеки хазинавӣ ва ё чеки мол аз ҷониби истеъмолгар.
Бояд гуфт, ки пеш аз ҳама, фурӯшанда уҳдадор аст, ҳангоми пешниҳод кардани мол доир ба маҳсулоташ маълумот диҳад, баъд аз фурӯш ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат ва бехатарии молашро пешниҳод созад.
Мушоҳидаҳо ва арзу шикояти зиёди харидорон аз тартибот дар бозорҳо ва нуқтаҳои савдо, бозгӯи онанд, ки ҳанӯз ҳам маданияти хизматрасонӣ ба талаботи қонунгузории кишвар ва стандартҳои ҷаҳонӣ  ҷавобгӯ нест. Пешниҳод накардани дафтарчаи арзу шикоятҳо ва дафтарчаи тиббӣ, риоя нашудани одоби хизматрасонӣ ва саду як камбудии дигар ҳалли худро мехоҳанд. Пас чӣ бояд кард? Саволест матраҳ.

О. ГУЛБЕРДИЕВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2016    №: 70    Мутолиа карданд: 380

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед