logo

фарҳанг

ПАЙВАНДӢ БО РЕШАҲО

МАНСУБИЯТИ ҚАВМИВУ ЭТНИКИИ АБУНАСРИ ФОРОБӢ
Форобӣ, ё Абунаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Узлаб ибни Тархон Форобӣ, дар соли 870 дар шаҳристони Васич мансуб ба Фороби кишвари Суғд, сарзамине ки ҳоло мансуб ба ҳудуди Қазоқистони имрӯза воқеъ аст, чашм ба олами ҳастӣ кушуда баъдан дар марокизи бузурги илмии Мовароуннаҳр ва Хуросон, ба мисли Бухорои давраи Сомониён, Бағдод, маркази хилофат ва Димишқи Сурия ва Миср зиндагӣ ба сар бурда, фаъолияти босамари давлативу сиёсӣ, илмиву фалсафӣ намудааст. Ӯ аз рӯи маълумоти ибни Халлиқон дар соли 950 - 951 дар Димишқ дар синни 80 - солагӣ  дунёро падруд ва дар қабристони «Боб-ус-сағир» дар даврони салтанати Сайфуддавла бо шукӯҳу қадрдонӣ ба хок супорида шудааст.
Назари хулосавии мо ин ҷо чунин аст, ки бо вуҷуди он ки аз замони зиндагии мутафаккир бештар аз ҳазор сол гузаштааст ва  ҳақиқат бо пардаҳои ғафс пӯшида шудааст, вале бо такя ба далелҳои таърихӣ ва ҷуғрофиву фарҳангӣ метавон чунин даъвои муътамадро пешниҳод намуд, ки ҳақиқатан Форобӣ худ мансуб ба суғдиҳо, халқҳои эронасли бумии ин сарзамин аст.
Ҷойи таваллуди Форобӣ мансуб ба қарияҳои Суғд будааст на минтақаҳои бодиянишинон. Васич ва маҳаллоти атрофи он, аз ҷумла шаҳри Фороб, дар гузашта аз қарияҳои суғднишини шаҳрҳои Суғду Бохтари Осиёи Миёна буданд ва хати марзи этникии замони ҳозира наметавонад, ки ба ин масъала таъсиргузор бошад, зеро он эҷоди ниёзҳои геополитикии асри 20 мебошад. Бояд зикр намуд, ки боқимондаи деҳаҳои суғднишин, ҳоло тоҷикнишин имрӯз ҳам дар ин минтақаҳои кӯҳистонии ҷануби Қазоқистони ҳозира ва гирду атрофи шаҳри Чоч, ё Шош (ҳоло Тошканд, Шош, яке аз шаҳрҳои қадимаи Суғд, ки оғози таърихи ин шаҳр аз он замон аст), аз ҷумла, Боғистон, Нанай ва ғайра. вуҷуд доранд. Илова бар ин Васич ва монанд ба он калимаҳои суғдӣ ҳоло ҳам дар микротопонимикаи маҳалҳои Тоҷикистон (дар Суғду Бадахшон ва водии Раштон) хеле зиёд ва зинда мебошанд.
Номи ҷойҳои таваллуди Форобӣ ба куллӣ суғдиву форсӣ мебошад. Георг Моргенштейне (Шветсия) ва Василий Абаев (Русия, Vasiliy Abaev. Osetic Ethimological Dictionary, (1979); W. Bailey, Indo-Scythian Studies: being Khotanese Texts, VII, Cambridge, 1985, pp. 25-41), донишмандони таърихи забонҳои эронӣ ва олимони дигар, аз ҷумла Биге Умар, як муҳаққиқи забонҳо аз Туркия ба ин ақидаанд, ки Васич калимаи суғдӣ аст ва худи калимаи «тархон» ҳам, ки дар нисбаи Форобӣ зиёд омадааст, решаи туркию олтоӣ надорад, балки вожае аз забонҳои шарқии эронии қадим аст (Bige Umar, “The close affinity between the Iron Age Languages of Luvian Origin in Anatolia and the first Iranian languages – The possible connection between the name “Turk” and the Anatolian name “Tarkhun” in Cilingiroglu, David H. French, Anatolian Iron Ages: The Proceedings of the Second Anatolian Iron Ages Colloquium Held at İzmir, 4-8 May 1987, Oxbow Books, 1991). Ба назари Биге Умар ва Давид Френч вожаи «тархон» калимаи соф туркӣ набуда, калимаи иқтибосие аст аз луғати суғдӣ ва ин ақидаро китоби «Девони луғати турк»-и Маҳмуди Қошғарӣ ҳам тасдиқ мекунад. Масъала ин аст, ки дар давраҳои минбаъдаи таърих ба сабаби кам будани донишҳои амиқи таърихӣ  ҳар гуна калимае, ки аз нигоҳи забони форсӣ барои дарк нофаҳмо буданд, онро хонандагони аз таърихи забонҳои шарқии эронии Осиёи Марказӣ бехабар бегона мепиндоштанд, ё ба таври сода мансуби забонҳои туркӣ медонистанд, зеро забони суғдӣ ҳанӯз пеш аз ислом ва дар замони омадани ислом чун яке аз забонҳои иртибот дар тиҷорати Роҳи Абрешим дар байни Шарқу Ғарб буд ва баъдан бо забонҳои туркии Осиёи Марказӣ хеле омехта шуда буд ва тибқи назари донишмандони муосир ҳоло ҳам бисёр вожаҳои суғдиро аз забонҳои туркӣ, барои мисол аз қирғизӣ пайдо кардан мумкин аст.
Дар асарҳои ӯ калимаҳо, вожаҳо ва мисолҳо аз забонҳои хоразмӣ ва суғдӣ (забонҳои эрони шарқӣ), беш аз ҳама ин дар «Китоб ул-ҳуруф» ва «Китоби калони мусиқӣ» зиёд ба назар мерасад, ки дар он муқоисаи чор забон барои ифодаи мазмунҳои гуногун сурат мегирад: ӯ вожаи «аст»-и форсиро бо юнонӣ, арабӣ ва суғдӣ дар муқоиса меорад, дар ҳоле ки аз луғати забони туркӣ лаҳзае ёд намекунад ва оид ба ин мавзӯъ ягон мисол ё ишораеро ҳам намеорад. Дар «Китаб ас-сийаса ал-мадинийа» (Гражданская политика) калимаи зоҳиран суғдии «навобит» (насли нав, навомада) истифода шудааст, ки шахсиятҳое наверо дар назар дорад, ки ба шаҳрҳо ворид мешаванд (ба ибораи имрӯза-мигрант), вале аз истифодаи имкониятҳо ва  ҳуқуқҳо бархӯрдор нестанд. Ин масъаларо, яъне олтоӣ ё эронӣ будани решаҳои этникӣ ва забонии Форобиро дар мақолаи худ муҳаққиқ Гуштоспи Лоҳраспӣ ҳаматарафа таҳқиқ намудааст. Истифодаи фаровони луғати форсӣ ва суғдиро дар осори Форобӣ ва набудани луғати туркӣ дар онҳоро профессор Дмитри Гутас ҳам тасдиқ мекунад.
Мақоми фарҳангу тамаддуни суғдӣ, ҷойгоҳи воқеии он дар ҳаёту таърихи Осиёи Марказӣ ҳанӯз ҳам пурра ношинохта аст. Бисёре аз муҳаққиқони ватаниву хориҷие, ки дар бораи Осиёи Марказӣ менависанд, дар бораи ин забон ва тамаддуни суғдӣ аққалан маълумоти ибтидоӣ ҳам надоранд, дар ҳоле ки тибқи суханони боло он дар таърихи пешазисломии Осиёи Марказӣ ва Чин хеле бузург будааст (Барои мисол Ҷошиа Паренц, ки дар бораи Форобӣ китобе ба нашр расондааст, мегӯяд, ки «забони модарии Форобӣ суғдӣ будааст, ки шояд яке аз шеваҳои забони туркӣ буда бошад»!?… Joshua Parens (2006). An Islamic philosophy of virtuous religions : introducing Alfarabi. Albany, NY:pp. Имкониятҳои илмиву фарҳангии халқи Суғд ва забони суғдӣ пеш аз ислом вирди забон буд, дар ин забон осори бузурги фарҳангӣ вуҷуд дошт, ки Абурайҳони Берунӣ низ дар осори илмии худ ба он ишораҳо ва вобаста ба мавзӯъҳои мушаххас дар Осор ул-боқия, Ал-ҷавоҳир таҳлилҳои зиёд мекунад. Барои тасдиқи он ки мақоми фарҳанги ориёӣ ва махсусан суғдӣ дар Осиёи Марказӣ ва қисматҳои Бухорои Хурд, ки ҳоло вилояти «Шинҷон»-и Чин ном дорад, чӣ гуна будааст ба осори боқимондаи суғдӣ, ки дар натиҷаи ҳафриётҳои бостоншиносӣ (дар Турфан) муроҷиат намудан муҳим аст.
Илми муосир собит кардааст, ки фоҷиаи забон ва фарҳанги суғдӣ бо вуҷуд надоштани давлатдории фарогир ё адами давлати марказии қавмӣ-миллӣ вобаста будааст. Бо вуҷуди доштани имконот ё потенсиали бузурги фарҳангӣ забони суғдӣ аз тарафи шаҳр-давлатчаҳои суғдӣ (ба мисли «полис»-ҳои юнонӣ) ба ҳадди зарурӣ дастгирии иқтисодиву фарҳангӣ намеёфт ва ин вазъ натиҷаи вуҷуд надоштани давлати ягонаи суғдӣ буд, то ин шаҳр-полисҳои суғдиро бо ҳам муттаҳид бикунад ва фарҳанги худиро ҳифзу нигаҳдорӣ бикунад. Бояд эътироф намуд, ки тамаддуни суғдӣ падидаи нотакрори тамаддуни инсонӣ аст, ки дар баробари рушди иқтисод, кишоварзӣ, ҳунармандӣ, санъати мусиқиву театрӣ дорои фарҳанги беназири муросову мадоро будааст, ки ниёз ба пажӯҳиши бештаре дорад.  Ин ва дигар матлабҳои марбут ба ин фарҳангро аз филми мустанаде, ки ба таърихи суғдиҳо бахшида шудааст ва дар он мавҷудияти шаҳр-полисҳои суғдиро дар тамоми қисмати Осиёи Марказӣ ва ҳатто бахши ғарбии Чини ҳозира нишон додаанд, мушоҳида кардан мумкин аст. Бояд мутазаккир шуд, ки баъзе аз «ҷазираҳо»-и маданияти суғдиву бохтарӣ ҳоло ҳам дар Тоҷикистон вуҷуд доранд (аз ҷумла, мавҷудияти забонҳои яғнобиву помирӣ дар Суғду Бадахшон, ки далолат ба ин фарҳанг мекунанд), ки омӯзиши амиқи ин забонҳо ба таърихи фарҳанги Суғд (яъне Тоҷикистони таърихӣ) равшанӣ андохта метавонад.
Раванди туркикунонии осори фарҳангии Осиёи Марказӣ падидаи нав аст ва он бо пайдоиши миллатгароӣ ё натсионализми этникӣ дар охири асри XIX алоқаманд аст. Таъсири миллатчигии асрҳои охир ба таҳрифи таърихи воқеии ин минтақа овард ва дар натиҷа дар замони тохтутози аҷнабиён ва махсусан дар асри XX на фақат заминҳои халқҳои Эрони Шарқӣ ишғол шуданд, балки осори фарҳангии онҳо низ ба номи дигар халқҳо навишта шудааст. Клиффорд Босворт, профессори донишгоҳи Оксфорд, оид ба мансубияти этникии Форобӣ навишта чунин мешуморад, ки сабаби асосии таҳриф шудани ҳақиқати таърихӣ бурузи ақидаҳои қавммарказӣ (этносентризм ва этнонатсионализм) аст, ки он дар Шарқ (Осиёи Марказӣ) бо интишори миллатчигӣ дар охири қарни 19 ва ибтидои асри 20 ба вуҷуд омад, ки бевосита таъсири миллатчигии туркӣ, андешаҳои Отатурк мебошад, ки манбаи он «романтизми немису фаронса» буд ва он равшанфикрони ҷумҳуриҳои Шӯравии пештараро ба доми худ кашид ва инҳо ҳам дар навбати худ ба таҳрифи таърих шурӯъ намуданд. Устоди Донишгоҳи Оксфорд Босфорд ин ҳаракати «туркикунии» бузургони тамаддуни исломиро бо афкори пурэҳсоси миллатгароии олимони турк дар асрҳои навин (инқилоби ҷумҳурихоҳии камолистон, ҳаракати пантуркистон, ва ҳатто ҷадидҳо) алоқаманд мекунанд. (Clifford Edmund Bosworth, «Barbarian Incursions: The Coming of the Turks into the Islamic World.» In Islamic Civilization, ed. by D.S. Richards. Oxford, 1973). 
Ҳамин тариқ, Абунасри Форобӣ мансубияти суғдиву иронӣ дорад, зеро аксарияти мардуми бумии ин сарзамин ва аҳли китоб дар он замон тоҷикони Суғду Бохтар ва Хоразму Хутан буданд ва худи Форобӣ ҳам аз қаробати қавмии худ дар осори худ аз тариқи истифода ва таҳлили вожаҳои суғдӣ бардоштҳои хубе дорад (вожаномаи мусиқӣ). Вале бо вуҷуди ин мансубияти қавмӣ ва нажодӣ масъалае нест, ки ҳоло мавриди баҳси асосӣ қарор гирифта бошад, зеро муҳимтар аз ин он аст, ки Форобӣ бо осори худ чӣ хизмате ба тамаддуни инсонӣ кардааст, чӣ гуна сарҳадҳои қавмиву қабилавиро шикастааст, то ба воситаи навиштаҳои худ азм доштааст, ки тамаддуни бузургтар ва фарогиру фаромиллӣ ва универсалии инсониро бунёд бикунад ё барои озодӣ ва раҳоии мардуми худ аз ҷаҳолат аз тариқи илму амал мусоидат намудааст. Сабақи дигаре ки метавон аз Абунасри Форобӣ гирифт, ин омӯзиши бештари таърихи забонҳои шарқии эронӣ аст, ки ёдгории беназири таърихи тоҷикон мебошанд. Онҳо ба мисли Форобӣ моро бо решаҳои мо пайванд медиҳанд.

Сунатулло ҶОНБОБОЕВ,
корманди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи АИ ҶТ, номзади илмҳои фалсафа


Баёни ақида (2)    Санаи нашр: 12-13.04.2016    №: 70, 71    Мутолиа карданд: 1428

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед